Гурӯҳи вижа фаъъолияти бонки муртабит бо Занҷониро таҳқиқ мекунад

  • 7 Январ, 2014
Конт
Image caption Бонки миллии Тоҷикистон гурӯҳеро барои омӯзиши вазъи Бонки сармоягузории "Конт" таъсис додааст

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки гурӯҳи вижае аз коршиносони ин бонк ба таҳқиқи фаъъолияти бонки сармоягузории "Конт" (Kont Investment Bank), ки ба Бобаки Занҷонӣ, сармоядори эронии боздоштшуда, муртабит аст, машғул аст.

Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯйи Бонки миллии Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 7 январ ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин тасмим дар пайи бурузи сару садоҳо дар бораи риъоят нашудани муқаррароти таҳримҳои байналмилалӣ аз ҷониби Бонки сармоягузории “Конт” иттихоз шудааст.

Зимнан, дар бархе аз расонаҳои Эрон сару садоҳое дар бораи интиқоли ғайриқонунии пул аз сӯйи Бобаки Занҷонӣ, тоҷир ва милёрдери эронӣ, аз Тоҷикистон ба Эрон пас аз боздошти ӯ матраҳ шудааст.

Аз ҷумла, сойти Садо ва Симои Эрон дар матлабе бо номи “Фош шудани тақаллубкории Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон” дар бораи ворид шудани 2,5 милёрд юруи оқои Занҷонӣ ба ҳисоби Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст.

Дар ин матлаб омадааст: "Ҳудуди як моҳ қабл муъовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар дидор бо ҳайъате эронӣ ба сурати ғайрирасмӣ вуҷуди ин пулро таъйид карда ва изҳор дошт, ки мавзӯъро ба бонки “Конт-Груп”-и Тоҷикистон, ки мутаъаллиқ ба Бобаки Занҷонӣ ва муддаъии ворид шудани ин пул аст, иттилоъ медиҳад."

Бино ба иттилоъи ин манбаъ, мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон дар дидори ахири худ бо ҳайати Бонки марказии Эрон дар шаҳри Душанбе расман эълом доштаанд, ки чунин маблағе дар Бонки миллии Тоҷикистон вуҷуд надорад.

Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 7 январ дар сойти интернетии худ дар вокуниш ба матлаби торнамои Садо ва Симои Эрон навиштааст, ки ба далели таҳти таҳримҳои байналмилалӣ қарор доштани Бонки сармоягузории "Конт" бо дастури Бонки миллии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2013 хидматрасонии интиқолҳо аз ҷониби созмонҳои қарзӣ дар Тоҷикистон мутаваққиф шудааст.

Дар ин матлаб омадааст: "Бинобар ин, Бонки миллии Тоҷикистон бори дигар таъйид менамояд, ки тавассути суратҳисобҳои мавҷудаи бонки мазкур дар Бонки миллии Тоҷикистон дар ин давра ягон амалиёти интиқолӣ, ки аз ҷониби таҳрими зикршуда манъ гардидааст, гузаронида нашудааст."

Ҳамчунин, мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон гуфтаанд, ки дидори масъулони ин бонк бо ҳайъати баландпояи Эрон ба раҳбарии муъовини раиси Бонки марказии ин кишвар "тибқи муқаррароти прутукулӣ барпо шуда, дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва шаффоф сурат гирифтааст."

Ҳафтаи гузашта низ Бонки миллии Тоҷикистон хабари интиқоли беш аз 2 милёрд дулорро, ки аз фурӯши ғайриқонунии нафт ба даст омадааст, аз Тоҷикистон ба Эрон такзиб кард ва санади Бобаки Занҷониро дар ин замина ҷаълӣ хонда буд.

Бобаки Занҷонӣ рӯзи 30 декабри соли гузашта дар Теҳрон боздошт шуд ва феълан дар зиндони Эвин нигаҳдорӣ мешавад. Омрико оқои Занҷонӣ ва муассисаҳои муртабит бо ӯро ба пулшӯӣ ва фасод барои давр задани таҳримҳои эъмолшуда алайҳи Эрон муттаҳам кардааст.

Гуфта мешавад, бонки сармоягузории "Конт", ширкати "Кон Ҳолдинг-Тоҷикистон" ва "Эйшиян Экспресс" аз ҷониби Бобаки Занҷонӣ таъсис шудаанд, вале баъдан ӯ саҳоми худро ба афроди дигар фурӯхтааст.

Зимнан, дар сойти "kontholding.tj" омадааст, ки гурӯҳи ширкатҳои "Конт Ҳолдинг" дар моҳи феврали соли 2012 таъсис шуда ва ширкатҳои "Asian Express Airline", "Asian Express Terminal", "Kont Bank", "Kont Building", "Kont Electronic", "Kont Tourism" ва "Kont Trading"-ро дар бар мегирад.

Аз сӯйи дигар, оқои Занҷонӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба миқдори 1 милёрду 200 милюн сомонӣ сармояи мустақим ворид кардааст.

Матолиби муртабит