Оғози барномаи ҷадид барои беҳбудии саломати модару кӯдак дар Тоҷикистон
Вазири тандурустӣ ва ҳафзи иҷтимоъии Тоҷикистон ва раҳбари намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар ин кишвар роҳандозии барномаи ҷадиди ин ду ниҳодро барои беҳбудии саломати модару кӯдак эълом карданд.
Ҳазинаи ин барнома беш аз 19 милюн дулор буда ва Нусратулло Файзулло ва Моршо Улив (Marsha Olive) ба муҳим будани ин барнома барои сокинони минтақаҳои рустоӣ таъкид кардаанд.
Дар иттилоъияи ин бонк, ки рӯзи сешанбеи 6 май пахш шуд, омадааст, ки саҳми Анҷумани Тавсеъаи Байналимлалӣ (International Development Association) дар ин пруже 15 милюн дулор буда ва Тоҷикистон барои иҷрои он 3 милюну 200 ҳазор дулор маблағи изофӣ ихтисос додааст.
Ҳамчунин як созмони мавсум ба Сандуқи Ибдоъоти Беҳдоштӣ (Health Results Innovation Trust Fund) беш аз чаҳор милюн дулор барои роҳандозии ин барнома фароҳам кардааст.
Иҷрои ин барнома дар муассисоти тандурустии минтақаҳои рустоӣ дар Тоҷикистон дар назар гирифта шудааст. Ҳадаф аз роҳандозии ин пруже коҳиши мизони маргу мири модар ва кӯдак дар Тоҷикистон ва боло бурдани сатҳи ироаи хадамоти пизишкӣ барои сокинони рустоии ин кишвар унвон шудааст.
