Афзоиши чашмгири пасандоз дар бонкҳои Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон аз афзоиши мизони пасандозҳои ашхоси ҳуқуқию ҳақиқӣ дар муассисоти молии ин кишвар хабар дод. Ба ин тартиб, ба назар мерасад афроди бештаре имрӯзҳо дар бонкҳо пул мегузоранд.
Дар хабаре, ки дар торнамои расмии ин бонк рӯзи чаҳоршанбеи 28 май мунташир шуд, омада, ки мизони пасандозҳо дар охири моҳи апрел ҳудуди шаш милюн сомониро ташкил додааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли милодии гузашта 15,8 дарсад бештар аст.
Бонки Миллӣ менависад: "Агар барои таҳлил ба таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо назар андозем, маълум мегардад, ки дар ин давра маблағҳои шахсони воқеӣ нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ бештар гардидааст. Аз ҷумла, 33,5 дарсад ё 1’942,3 млн. сомониро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 66,5 дарсад ё 3’854,1 млн. сомониро пасандозҳои шахсони воқеӣ (ҳақиқӣ) ташкил медиҳанд."
Миёнгини баҳраи пасандозҳо дар муассисоти молии Тоҷикистон дар моҳҳои январ то апрели соли ҷорӣ бо пули миллӣ беш аз 15 дарсадро ва бо арзи хориҷӣ беш аз 12 дарсад аз баҳраи солонаро ташкил додааст.
