Ширинов: 'Мизони тавлидоти саронаи Тоҷикистон аз 1000 дулор бештар шуд'
Image copyrightBBC World ServiceДар соли гузаштаи мелодӣ мизони тавлидоти саронаи нохолиси дохилии Тоҷикистон ба 1041 дулор баробар шудааст.
Ин матлабро рӯзи чаҳоршанбеи 29 январ Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар як нишасти матбӯъотӣ эълом кард.
Ба гуфтаи вай, ин нишондон дар муқоиса бо солҳои қаблӣ бештар буда ва имкон медиҳад, ки вазъи пули миллӣ дар дар муқоиса бо арзи хориҷӣ устувор бошад.
Оқои Ширинов афзуд, ки дар соли 2013 баҳои арз, бавижа дулор, муътадил буда ва “ҷаҳишҳои” он мушоҳида нашудааст. Дар робита бо боло рафтани баҳои дулор тайи чанд рӯзи ахир оқои Ширинов гуфт, ки ин амр “ҷанбаи мавсимӣ дорад ва набояд аз он нигарон буд."
Вай афзуд: "Авохир ва авоили ҳар сол дар бештари кишварҳо болоравӣ ё пойин омадни баҳои арз дар баробари пули миллӣ мушоҳида мешавад."
Ба гуфтаи раиси БМТ, ин ниҳод дар соли ҷорӣ низ талошҳои худро барои таъмини вазъи устувори сомонӣ, пули миллии ин кишвар, идома хоҳад дод.
Вай хабар дод, ки созмонҳои молии байналмиллалӣ пешбинӣ кардаанд, ки дар соли ҷорӣ мизони таваррум дар Тоҷикистон ҳудуди 7,5 дарсад хоҳад буд ва БМТ бо чунин арзёбӣ мувофиқ аст.
Абдуҷаббор Ширинов муътақид аст, ки коршиносон нисбат ба вазъи иқтисодӣ дар Омрико ва кишварҳои урупоӣ ва Осиёи Миёна хушбин ҳастанд ва ҳеч далеле барои нигаронӣ вуҷуд надорад.
Вай ҳамчунин хабар дод, ки захоири тило ва арзи давлати Тоҷикистон низ дар ҳоли афзоиш аст. Ба унвони мисол, оқои Ширинов гуфт, ки дар соли гузашта БМТ захираи тилои худро 1,4 тун афзоиш дода ва он то ба 13 тун расидааст.
Дар ҳамин ҳол, раиси БМТ эълом кард, ки дар соли 2013 ҳудуди ду милёрд сомонии нақд вориди муъомилот шудааст. Ба гуфтаи вай, искиносҳои сомонии ҷадид ба гунаи солҳои пеш дар Олмон мунташир мешаванд.
Вай афзуд: "Соли гузашта мо ба бархе аз искиносҳои пули сомонӣ ҷузъиёти тоза изофа кардем, вале дар маҷмӯъ, тағйири ҷиддии шакли пули миллӣ дар назар нест."
Оқои Ширинов мегӯяд, ки дар муқоиса бо замони роҳандозии пули сомонӣ дар соли 2002 ҳаҷми пули нақд дар муъомилот 41 маротиба афзоиш ёфтааст.
Вале ба гуфтаи оқои Ширинов, БМТ талош дорад, ки мизони муъомилоти ғайринақдӣ дар Тоҷикистонро низ афзоиш бидиҳад. Ба унвони мисол, вай гуфт: "Агар дар соли 2012 маблағи амалиёти бонкӣ дар Тоҷикистон муъодили 3 милёрду 818 милюн сомонӣ бошад, ин рақам дар соли гузашта ба 4 милёрду 485 милюн расидааст."
Ҳамзамон Абдуҷаббор Ширинов иттилоъ дод, ки дар соли 2013 мизони пасандозҳо дар бонкҳо ба 5,5 милёрд сомонӣ расидааст, ки ин рақам дар муқоиса бо соле қабл 11,9 дарсад бештар аст. Миқдори пасандозҳои мардум 3,7 милёрд сомонӣ арзёбӣ шудааст.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки дар соли гузашта дар Тоҷикистон 1329 маркази интиқоли пул аз хориҷи кишвар фаъъолият доштанд, ки ин рақам дар муқоиса бо аввали соли 2013 427 адад бештар аст.
Зимнан, иқтисоддонҳо мегӯянд, ки баҳои “устувори” сомонӣ дар баробари дулор ва юру беш аз ҳама ба ҷараёни пулҳои интиқолии муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия вобаста аст, на ба талошҳои давлат ва Бонки Миллӣ барои ҳифзи баҳои пули миллӣ.
