Додгоҳе дар Русия шаҳрванди Тоҷикистонро ба 8 сол зиндон маҳкум кард

  • 15 Август, 2014

Додгоҳи вилояти Тулаи Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро дар қатл муқассир дониста ва барои 8 сол равонаи зиндони низомаш сангин кард.

Тибқи иттилоъи торнамои Додситонии Русия, таҳқиқот мушаххас кардааст, ки ин ҷурм дар пайи даъво миёни Бахтиёр Куганови 40-сола ва як сокини ноҳияи Заокскийи ин вилоят рух додааст. Дар хабар ин ниҳод омадааст, ки ҳар ду аз ин афрод дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд.

Дар ҷараёни ин даъво, ки дар авоили соли ҷорӣ рух додааст, оқои Куганов ин сокинро шадидан лату кӯб карда ва дар натиҷа ин марди 43-сола ҷони худро аз даст додааст.

Ин дар ҳолест, ки чанде қабл додгоҳи вилояти Калужскийи Русия як табаъаи Тоҷикистонро ба иттиҳоми қатли як зан барои 11 сол ба зиндон маҳкум карда буд.

Гуфта мешавад, ки ин сокинони Тоҷикистон аз ҷумлаи муҳоҷирони корие ҳастанд, ки дар Русия машғули фаъъолиятҳои мухталиф будаанд.

Тибқи иттилоъи Идораи Муҳоҷирати Русия то авоили моҳи августи соли ҷорӣ дар қаламрави ин кишвар беш аз 1 милюну 170 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон кор ва зиндагӣ мекунанд.