Маҳкумияти аъзои як гурӯҳи мазнун дар табаҳкорӣ дар Хатлон

  • 29 Август, 2014

Додгоҳи вилояти Хатлон Тоир Тешаев, мулаққаб ба “Тоири Сиёҳ”-ро, барои 18 сол ба зиндон маҳкум кардааст.

Додгоҳ ӯро, ки дар гузашта ҷузъе аз нерӯҳои мухолифин буд ва ба доштани иртибот бо гурӯҳҳои ҷиноӣ муттаҳам буд, дар иртикоби қатл, нигаҳдории аслиҳа ва таҷовуз ба духтаре ноболиғ муҷрим шинохтааст.

Дар баҳори соли ҷорӣ нерӯҳои интизомии вилояти Хатлон хабар дода буданд, ки миёни гурӯҳи муртабит ба оқои Тешаев ва як гурӯҳи ҷиноии дигар даргирие сурат гирифта ва дар он як хонум ҷароҳат бардоштааст.

Дар пайи ин ҳодиса оқои Тешаев ва се тан аз ҳамроҳонаш боздошт ва акнун муҷозот шудаанд. Тибқи иттилоъи манобеъи додгоҳи вилояти Хатлон, аз ҷумла Маҳмадсафӣ Низомов барои 5 сол, Фаридун Зокиров ва Баҳодур Боев барои 4 сол ба зиндон маҳкум шудаанд.

Ҳамчунин, ҳар яке аз ин се нафар 12 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.

Соҳибназарон мегӯянд, ки тайи чанд соли ахир гурӯҳи таҳти нуфузи "Тоири Сиёҳ" дар вилояти Хатлон аз нуфузи зиёде бархурдор буда ва бархе аз сокинон аз фаъъолияти аъзои он шиква мекарданд.