Муъовини собиқи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ба зиндон маҳкум шуд

  • 20 Август, 2014
ДодгоҳImage copyrightBBC World Service
Image caption Барои нахустин бор аст, ки додгоҳе дар Тоҷикистон муъовини раиси Фарҳангистони улуми ин кишварро равонаи зиндон мекунад

Додгоҳи шаҳри Душанбе муъовини собиқи раиси Фарҳангистони улуми Тоҷикистонро барои чаҳор сол ба зиндон маҳкум кардааст.

Музаффар Маҳмадназаров авоили соли милодии ҷорӣ аз сӯйи Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон ба занни сирқати ҳудуди се милюн сомонӣ аз будҷеи ин ниҳод боздошт шуда буд.

Тибқи ҳукми додгоҳ, оқои Маҳмадназаров баъд аз адои муҳлати ҷазо боз барои панҷ сол аз ҳаққи иштиғол ба симатҳои мухталиф дар Фарҳангистони улум маҳрум шудааст.

Тибқи иттилоъи манобеъи ғайрирасмӣ, Музаффар Маҳмадназаров писари Маҳмадназар Маҳмадназаров аст, ки дар замони шӯравии собиқ муддате шаҳрдори Душанбе буд.

Додгоҳ ҳамчунин Ҳабиб Аҳмадов, раиси ширкати “Академстрой”-и Фарҳангистони улуми Тоҷикистонро ба маблағи 85 ҳазор сомонӣ ҷарима кардааст. Оқои Аҳмадов дар ҳамдастӣ бо оқои Маҳмадназаров муҷрим дониста шудааст.

Ин ду масъули Фарҳангистони улуми Тоҷикистон баъд аз боздошт аз симатҳои худ барканор шуда буданд. Вале мавзӯъи боздошти онҳо аз ҳамон замон расонаӣ шуда ва вокунишҳоеро ба дунбол дошт.

Ожонси зиддифасод иддиъо дошт, ки маблағи ба сирқат рафта умдатан барои эҳдоси манозил барои донишмандон ихтисос ёфта буд, вале масъулон аз он ба таври “ғайримуассир” истифода кардаанд.

Дар чанд соли ахир барои бори нахуст аст, ки як мақоми аршади Фарҳангистони улуми Тоҷикистон дар додгоҳ муҷозот мешавад. Ҳарчанд дар гузашта низ сару садоҳое дар бораи истифодаи “ғайримуассир” аз маболиғи давлат паҳн мешуданд.

Дар ҳамин ҳол, масъулони догоҳи шаҳри Душанбе аз тасмими вукалои мудофеъи ин парванда дар бораи эҳтимоли шикоят аз ин ҳукм ба додгоҳи истинофӣ изҳори беиттилоъӣ карданд.

Матолиби муртабит