Додгоҳ дар Русия як табаъаи Тоҷикистонро дар қатли сокини Қирғизистон муқассир донист

  • 18 Август, 2014

Додгоҳи вилояти Ярослави Русия як табаъаи Тоҷикистонро дар қатли шаҳрванди Қирғизистон муқассир донист ва ӯро барои 9 солу се моҳ равонаи зиндон кардаст.

Тибқи хабари торнамои Идораи бозҷӯйии Русия, шаҳрванди тоҷикистонӣ бо истифода аз чӯбдаста ба минтақаи сари сокини 47-солаи қирғиз 14 бор зарба зада ва ӯро аз по меуфтонад. Ин ҳодиса аз даъвои миёни ин ду фард оғоз ёфтааст.

Кормандони интизомии рус ҳуввияти ин шаҳрванди Тоҷикистонро ифшо накардаанд, вале гуфтаанд, ӯ 24-сола буда ва воқеъаи қатл дар манзили кирояи шаҳрванди Қирғизистон рух додааст.

Ҳамчунин додгоҳ ин табаъаи Тоҷикистониро дар сирқати амволи марди кушташуда низ муқассир донистааст.

Ҳафтаи гузашта торнамои Додситонии Русия аз зиндонӣ шудани як шаҳрванди Тоҷикистон ба 8 сол зиндон хабар дода буд ва ӯ низ барои даст задан ба ҷурми қатл муҷрим шинохта шудааст.