'Гурӯҳи 24' дар Тоҷикистон 'ифротгаро ва мамнӯъ' эълом шуд

  • 9 Октябр, 2014
ДодгоҳImage copyrightBBC World Service
Image caption Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъъолияти "Гурӯҳи 24"-ро дар қаламрави кишвар мамнӯъ эълом кард

Додгоҳи олии Тоҷикистон созмони мавсум ба “Гурӯҳи 24” ба раҳбарии Умаралӣ Қувватовро, ки аз мухолифони давлати Эмомалӣ Раҳмон аст, ифротгаро хонда ва фаъъолияташро дар қаламрави ин кишвар мамнӯъ эълом кард.

Рӯзи панҷшанбеи 9 октябр Саломат Ҳакимова, қозии парванда, раъйи додгоҳро ба хабарнигорон хонд ва гуфт, ки ин тасмим дар пайи дархости Додситонии кулли Тоҷикистон гирифта шудааст.

Ба гуфтаи вай, маводди ҷамъоваришуда собит месозад, ки Умаралӣ Қувватов, раҳбари "Гурӯҳи 24", ки дар хориҷ аз кишвар ба сар мебарад, дар мусоҳибаҳои худ сокинони Тоҷикистонро ба барканории давлати феълӣ даъват карда ва аз сиёсати иқтисодии он пайваста интиқод мекунад.

Мавзӯъи фаъъолияти “Гурӯҳи 24” дар ин авохир дар ҷомеъа зиёд матраҳ аст. Бавижа, баъд аз он ки дар шабакаи иҷтимоъии Фейсбук оқои Қувватов ва раҳбарони бархе дигар аз гурӯҳҳои мухролиф сокинонро рӯзи 10-уми октябр ба гирдиҳамоии эътирозӣ алайҳи давлат дар пойтахт фаро хонданд.

Дар пайи ин фарохон Додситонии кулли Тоҷикистон аз Додгоҳи олӣ хост, ки ин гурӯҳро ифротгаро хонда ва фаъъолияташро дар кишвар мамнӯъ эълом карда шавад. Дуруст баъд аз се рӯзи ироаи ин дархост Додгоҳи олӣ раъйи худро эълом кард.

“Гурӯҳи 24” дар соли 2012 аз сӯйи Умаралӣ Қувватов, тоҷири норозӣ, ки тарки Тоҷикистон карда буд ва гурӯҳе аз ҳамандешонаш дар хориҷ аз кишвар таъсис шуд. Оқои Қувватов дар поёни соли 2012 дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ боздошт шуд. Ҳарчанд давлати Тоҷикистон он замон хоста буд, ки оқои Қувватов ба ватан мустарад шавад, вале додгоҳи Дубай ин дархостро рад кард.

Тайи ин солҳо Умаралӣ Қувватов ва ҷонибдоронаш дар хориҷ аз кишвар пайваста аз давлати Тоҷикистон интиқод карда ва моҳи гузашта хостори он шуда буданд, ки Президент Раҳмон довталабона истеъфо кунад. Ба иллати адами вокуниш ба ин пешниҳод “Гурӯҳи 24” сокинонро ба гирдиҳамоии эътирозӣ фаро хондааст.

Ин амр мӯҷиб шуд, ки вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта дар хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе тамриноти воҳидҳои зиддишӯришии пулисро баргузор кунад.

Ҳамзамон дастрасии сокинон ба интернет ва шабакаҳои иҷтимоъӣ, назири Фейсбук, масдуд шуд. Ба гуфтаи манобеъи маҳаллӣ, сокинони бархе аз манотиқи Тоҷикистон, аз ҷумла устони Суғд, аз имкони дастрасӣ ба шабакаи ҷаҳонии интернет комилан маҳрум шудаанд.

Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилаи Тоҷикистон, ахиран дар суҳбат бо хабаргузории ИТАР-ТАСС-и Русия фаъъолони “Гурӯҳи 24”-ро "ҷинояткор" хонд ва гуфт сокинони кишвар аз онҳо пуштибонӣ намекунанд, зеро, ба угфтаи ӯ, авоқиби ҷанги дохилӣ аз зеҳни мардум шуста нашудааст.

Тасмими баргузории тазоҳуроти эътирозии “Гурӯҳи 24” ва чанд гурӯҳи дигар мунҷар шуд, ки бархе аз раҳбарони аҳзоби мухолиф, назири Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби сусиёл-демукрот, низ мавзеъи худро дар қиболи ин иқдом рӯшан кунанд.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ бо ин фарохон мухолифати худро эълом карда ва аз мардум хост, ки дар гирдиҳамоӣ ҳозир нашаванд. Раҳматилло Зойиров, раҳбари сусиёл-демукротҳо, дар суҳбат бо Би-би-сӣ изҳор дошт, ки баргузории ин гирдиҳамоӣ муғойир бо муқаррароти баргузории ҳамоишҳо дар Тоҷикистон аст.

Дар ҳамин ҳол, мушоҳидаҳо ҳокист, ки дар рӯзҳои ахир дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳузури маъмурони интизомӣ ва васоили нақлияи зиддишӯришии пулис афзоиш ёфтааст.

Ҳамзамон дар ҷоддаҳои вурудӣ ба шаҳри Душанбе зиреҳпӯшҳо қарор гирифта ва маъмурони пулис ҳамаи худравҳоеро, ки ба пойтахти Тоҷикистон ворид мешаванд, бозрасӣ мекунанд.

Дар ҳафтаи гузашта ба ҳангоми намози Иди Қурбон дар масоҷиди Душанбе имом-хатибон аз мусалмонон даъват мекарданд, ки аз ширкат дар гирдиҳамоии эътирозӣ худдорӣ кунанд.

Матолиби муртабит