Ҳушдори мухолифон аз паёмади саркӯби эътирозоти эҳтимолӣ дар Тоҷикистон

  • 8 Октябр, 2014
Умаралӣ ҚувватовImage copyright
Image caption Умаралӣ Қувватов ду сол пеш аз таъсиси "Гурӯҳи 24" хабар дод

Эътилофе аз нерӯҳои мухолифи давлати Тоҷикистон дар хориҷ эълом карда, ки барои "таъсиси як ҳукумати фарогири воқеъан миллӣ" дар ин кишвар муборизаро оғоз кардааст.

Ин эътилоф, ки "Тоҷикистони нав" ном гирифта ва ду моҳ қабл аз сӯйи ҷунбиши “Ватандор”, “Гурӯҳи 24” ва созмони ҷавонони тоҷики муқими Русия таъсис шудааст, бо судури баёнияҳое мардумро ба баргузории тазоҳуроти эътирозӣ алайҳи давлати Эмомалӣ Раҳмон ба торихи 10-уми октябр фаро хондааст.

Дар баёнияи ин эътилоф, ки рӯзи чаҳоршанбеи 8-уми октябр дар шабакаҳои иҷтимоъӣ мунташир шуд, омадааст, ки "ҳукумати кунунии Тоҷикистон таҳти раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон кишварро дар тӯли 23 соли идораи феодаливу патриархалӣ ва маҳдуди хонаводагии хеш ба вартаи нобудӣ, ҳараҷу мараҷ ва тарсу ҳарос миёни мардуми мазлуми тоҷик ва тоҷикистониён овардааст."

Пештар ҷунбиши "Ватандор" ба раҳбарии Додоҷони Атовуллоҳ, рӯзноманигорӣ табъидӣ ва мунтақиди давлат, ва "Гурӯҳи 24" ба раҳбарии Умаралӣ Қувватов, тоҷири норозӣ, бо судури баёнияҳое мардумро ба эътирозоти густарда алайҳи давлат фаро хонда буданд.

Дар вокуниш ба эъломи баргузории тазоҳурот дар Душанбе давлати Тоҷикистон ба иқдомоте алайҳи ин гурӯҳҳо даст зада ва аз ҷумла шаби шанбеи 4 октябр нерӯҳои пулиси зиддишӯриши ин кишвар тамриноти густардае "барои муқобала бо тазоҳуроти эҳтимолӣ" анҷом доданд.

Ҳамон рӯз дастрасии мардум ба бархе аз шабакаҳои иҷтимоъӣ, аз ҷумла Фейсбук, ҷое ки фарохони гурӯҳҳои мухолиф ба тазоҳуроти зиддидавлатӣ эълом шуд, дар саросари Тоҷикистон масдуд шуд. Рӯзи гузашта додситонии кулли Тоҷикистон аз Додгоҳи олии ин кишвар хост, ки "Гурӯҳи 24"-ро як гурӯҳи ифротгаро ва фаъъолияти онро дар кишвар мамнӯъ эълом кунад.

Ҳамчунин, Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилӣ, дар суҳбат бо бархе аз расонаҳои русӣ, тарафдорони ин гурӯҳро "ҷинояткор" хонд ва онҳоро ба дарёфти кумакҳои молии хориҷӣ муттаҳам кард, ҳарчанд аз ҳеч кишваре ба унвони пуштибони ин гурӯҳҳо ёд накард.

Дар баёнияи имрӯзи эътилофи мавсум ба "Тоҷикистон нав" омадааст: "Дар 23 соли ҳукумати диктотурии (Эмомалӣ) Раҳмон фақат аъзои оилаи эшон ва атрофиёни ӯ ҳамаи вазифаҳои давлатӣ ва тиҷоратиро ба дасти худ гирифта, мардумро ба ғуломон табдил додаанд."

Ин эътилоф ҳамчунин ёдовар шуда, ки қаблан ба президент Раҳмон "барои ба истеъфо рафтан то 30-уми сентябри соли 2014" муҳлат дода буд. Аммо ҳукумати оқои Раҳмон ба ин пешниҳод "вокунише нишон надод." Ва ба ҳамин далел, ин эътилоф мардумро ба ҳамоиши эътирозӣ фаро хондааст.

Ҳамзамон масъулони эътилофи "Тоҷикистони нав" ҷомеъаи ҷаҳониро ҳушдор додаанд, ки масъулияти паёмади талошҳои давлати Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз баргузории ин тазоҳуроти эътирозӣ "бар дӯши режими диктотурии" Эмомалӣ Раҳмон аст.

Зимнан, ҷунбиши мардумии “Ватандор” ба раҳбарии Додоҷони Атовуллоҳ, бо пахши баёнияе ҷудогона давлати Тоҷикистонро ҳушдор дода, ки аз таъқибу муҷозоти муътаризони эҳтимолӣ худдорӣ кунад.

Дар баёнияи ин гурӯҳ омадааст: "Агар шумо дари муколамаро мебандед, ба дастҳои дарозшуда барои салом занҷир мебандед, ба сӯйи қалбҳои пурмеҳр тир мекушоед, шумо дасти худро мешиканед, бар пойи худ завлона мезанед. Ҳанӯз дер нашудааст. Имрӯз биандешед, то фардо дер нашавад!"

Ин ташаккули сиёсии мухолифи давлат нивишта, ки хабари баргузории қарибулвуқӯъи тазоҳуроти эътирозӣ дар Душанбе "пояҳои ҳукумати Эмомали Раҳмоновро ба ларза андохтааст."

Дар ин баёния, ки дар шабакаи Фейсбук мунташир шуда, ҳамчунин омада: "Агар бо як вожа ин ҳолатро ифода кунем, ин вожа ТАРС аст. Тарс аз мардуми хеш, бими аз даст додани қудрат, бими хашми ҳазорон мардуми бегуноҳ, бими аз даст додани сарвате, ки аз роҳи дуздию зӯрӣ ва қаллобӣ ба даст овардаанд!"

Додоҷони Атовуллоҳ, рӯзноманигори табъидӣ, ки худро раҳбари ин гурӯҳ муъаррифӣ мекунад, мегӯяд таҷрибаи ҷаҳонӣ ва таърих гувоҳ аст, ки манъ намудани озодиҳои инсонӣ, аз ҷумла тазоҳурот, ки ҳаққи қонунии ҳамаи инсонҳост, мардумро водор менамояд, ки роҳҳои дигари муборизаро пеш гиранд.

Вай мегӯяд: "Бастани сойтҳо, таҳдиди фаъъолон, ифротӣ хондани “Гурӯҳи 24”, рабудани аъзои хонаводаи Шарофиддин Гадоев, (як мухолифи давлат), ва эълони ҷанг бар зидди тазоҳургарон, намоиши иғвогаронаи нерӯҳои низомӣ, огоҳии даҳшатборе мисли “мекушем”, “мепаронем” гувоҳи он аст, ки ин ҳукумат ҳанӯз аз гузашта сабақе нагирифтааст."

Дар ҳамин ҳол, аҳзоби расмии мухолиф дар дохили Тоҷикистон ҳанӯз вокуниши сареҳе ба фарохони гурӯҳҳои мухолифи давлат дар хориҷ аз ин кишвар накардаанд. Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ки умдатарин ҳизби мухолиф дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад, рӯзи чаҳоршанбеи 8-уми октябр дар ҷаласае фарохони гурӯҳҳои мухолиф ба тазоҳуротро баррасӣ кардааст.

Вале Маҳмудҷони Файзраҳмон, сухангӯйи ин ҳизб, аз ифшои мавзеъи ҲНИТ дар қиболи даъвати эътилофи "Тоҷикистони нав" ба тазоҳурот худдорӣ кард ва хабар дод, ки то шоми имрӯз баёнияе дар ин замина мунташир хоҳад шуд.

Раҳматилло Зойиров, ҳуқуқдон ва раҳбари Ҳизби сусиёл-демукрот, гуфт, ки тибқи қавонини Тоҷикистон гурӯҳҳои мухолифи давлат дар хориҷ аз ин кишвар, аз ҷумла "Гурӯҳи 24", наметавонанд сокинонро ба баргузории гирдиҳамоии эътирозӣ фаро хонанд.

Вай ба Би-би-сӣ гуфт: "Ин гурӯҳ расман дар Тоҷикистон сабти ном нашудааст ва масъулони он дар хориҷ аз кишвар қарор доранд. Муқаррароти баргузории тазоҳурот тақозо мекунад, ки маҳалли баргузории он, теъдоди ширкаткунандагон ва масъулони ин тазоҳурот аз қабл эълом карда шаванд. Вале "Гурӯҳи 24” ин иттилоъро (ба мақомоти шаҳрдорӣ) ироа накардааст. Ин амал муғойири қонун аст, зеро ҳамаи талаботи қонун дар бораи баргузории тазоҳурот бояд риъоят шаванд."

Матолиби муртабит