Раҳимзода 'Гурӯҳи 24'-ро ба дарёфти кумаки молии хориҷӣ муттаҳам кард

  • 7 Октябр, 2014
Умаралӣ Қувватов
Image caption Умаралӣ Қувватов дар гузашта яке аз тоҷирони муваффақ дар Тоҷикистон хонда мешуд

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон, раҳбарони "Гурӯҳи 24"-ро ба "ҷинояткорӣ" ва дарёфти "кумаки молии ҳомиёни хориҷӣ" муттаҳам кардааст.

Вай дар суҳбат бо хабаргузории ИТАР-ТАСС-и Русия гуфта, ки сокинони Тоҷикистон "аз ҳаводиси оғози даҳаи 1990 сабақ гирифтаанд ва ба иғвоҳои ҷадид дода намешаванд."

Раҳбари пулиси Тоҷикистон афзуда, ки нерӯҳои интизомӣ тавони ҷилавгирӣ аз гирдиҳамоиҳои эътирозиро доранд ва дар сурати зарурат метавонанд сареъан "дар ҳолати омодабош" қарор дода шаванд.

Зимнан, ин нахустин вокуниши як мақоми олирутбаи Тоҷикистон ба даъвати созмони мавсум ба "Гурӯҳи 24" аз мардум барои баргузории гирдиҳамоии эътирозӣ дар рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон аст.

Аз сӯйи дигар, Додситонии кулли Тоҷикистон аз Додгоҳи олии ин кишвар хостааст, ки фаъъолияти созмони мавсум ба “Гурӯҳи 24”-ро ба унвони як гурӯҳи ифротгаро дар кишвар мамнӯъ эълом кунад.

Тибқи баёнияи Додситонии кулли Тоҷикистон, ин ниҳод "ҳамаи маводдро дар бораи фаъъолияти ин гурӯҳ ҷамъоварӣ карда" ва ба чунин натиҷа расидааст.

Дар ин баёния омада: "Бо мақсади таъмини амнияти миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол, сулҳу сабот ва бехатарии ҷомеъа Прокуратураи генералӣ (Додситонии кул) ба Суди (Додгоҳи) олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани “Гурӯҳи 24” ҳамчун ташкилоти ифротгаро ва манъ кардани фаъъолияти он аризаи даъвогӣ пешниҳод намуд.”

Як рӯз пас аз нашри фарохони "Гурӯҳи 24" дар шабакаҳои иҷтимоъӣ, яъне рӯзи шанбеи 5-уми октябр, дастрасии мардуми Тоҷикистон ба бархе аз сойтҳо, аз ҷумла Фейсбук, РуТюб ва ВКонтакте, шабакаҳои иҷтимоъие, ки аксари сокинони Тоҷикистон аз онҳо кор мегиранд, масдуд шуд.

Аммо мақомоти Идораи иртибототи Тоҷикистон рабт доштани ин мавзӯъро ба фаъъолияти ин ниҳод рад карда ва дар бораи сабабҳои масдуд шудани шабакаҳои иҷтимоъӣ изҳори беиттилоъӣ мекунанд. Бо ин вуҷуд, таҳлилгарон мегӯянд маҳдуд шудани шудани дастрасӣ ба интернет ба нашри фарохони интернетии “Гурӯҳи 24” марбут аст.

Шаби шанбеи гузашта пулиси зиддишӯриши Тоҷикистон дар атрофи сохтмонҳои давлатӣ дар маркази шаҳри Душанбе шеваҳои муқобала бо эътирозоти умумиро тамрин карданд.

Аз ҷумла нерӯҳои пулиси зиддишӯриш муҷаҳҳаз бо сипару кулаҳхуд ва ботум перомуни кохи риёсати ҷумҳурӣ дар наздикии чойхонаи Роҳатро дастикам барои чаҳор соъат муҳосира карданд ва рафтуомад дар хиёбони марказӣ тавассути мошинҳои зиреҳпӯш масдуд шуд.

Ҳарчанд баргузории ин тамринот аз қабл эълом нашуда буд, аммо ба гуфтаи манобеъи огоҳ, ин тамринот як навъ озмоиши омодагии пулиси зиддишӯриши Тоҷикистон ба муқобала бо баргузории тазоҳуроти эҳтимолиест, ки “Гурӯҳи 24” баргузории онро дар рӯзҳои наздик эълом кардааст.

Гузашта аз ин, дар вақти намози Иди Қурбон дар ҳамаи масоҷиди шаҳри Душанбе, ки аксаран таҳти кунтрули мақомоти давлатӣ фаъъолият мекунанд, имом-хатибон фаъъолияти “Гурӯҳи 24”-ро мавриди интиқод қарор дода ва изҳор доштанд, ки онҳо дар сададанд Тоҷикистонро ба ҳаводиси даҳаи 1990-и мелодӣ, яъне замони оғози ҷанги шаҳрвандӣ, бикашанд.

Дар баёнияи Додситони кулли Тоҷикистон омадааст: "Гурӯҳи мазкур (“Гурӯҳи 24”) аз ҷониби шаҳрванди Тоҷикистон Қувватов Умаралӣ Иззатович, ки бо гумонбарӣ дар иртикоби ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қаллобӣ ва азонихудкунии амволи ғайр, дар кофтуков қарор дорад, таъсис дода шудааст.”

Дар идомаи ин баёния мехонем: “Мақсади асосии он (гурӯҳ) бо роҳи зиддиконститутсионӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон мебошад. Қувватов У.И. ва дигар намояндагони ин гурӯҳ дар баромадҳои хусусияти ифротгароёнаи худ мардуми шарифи Тоҷикистонро бобати ба амал овардани бетартибиҳои оммавӣ ҳидоят намуда, онҳоро рӯйирост ба ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ бо роҳи зӯр дар Тоҷикистон, яъне ба содиркунии ҷиноятҳои махсусан вазнин ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ даъват мекунанд.”

“Гурӯҳи 24” соли 2012 аз сӯйи бархе аз афроди мухолифи давлати Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар таъсис шуд. Умаралӣ Қувватов дар гузашта аз муассисон ва раҳбарони ширкати “Тоҷирон” дар Тоҷикистон буд, ширкате, ки "ба хонаводаи раиси ҷумҳур наздик” хонда мешавад.

Вале ӯ иддиъо мекунад, ки афроди наздик ба раиси ҷумҳур дороиҳои ӯро ба тасарруфи худ даровардаанд ва ӯ ночор ба фирор аз Тоҷикистон шудааст. Нахуст вай ба Русия кӯч баст ва дар он ҷо фаъъолиятҳои сиёсии худро оғоз кард.

Дар поёни соли 2012 оқои Қувватов дар фурӯдгоҳи Дубай дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ боздошт шуд. Давлати Тоҷикистон аз мақомоти ин кишвар хост, ки оқои Қувватовро боздошт ва ба ватан истирдод кунанд. Вале додгоҳи Дубай ин дархостро рад кард.

Тайи як соли ахир дар шабакаҳои иҷтимоъӣ суханрониҳои Умаралӣ Қувватов унвонии мардуми Тоҷикистон нашр шуд, ки дар онҳо оқои Қувватов аз вазъи сиёсӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон интиқод ва мардумро ба мухолифат бо давлати феълӣ даъват мекунад. Вале то ҳол дар Тоҷикистон ҳеҷ рӯйдоде ба раҳбарии ин гурӯҳи сиёсӣ баргузор нашудааст.

Матолиби муртабит