Қувватов ба озод шуданаш эътимод дорад

  • 16 Сентябр, 2013
Image caption Умаралӣ Қувватов дар поёни соли гузашта дар фурӯдгоҳи шаҳри Дубей бо дархости мақомоти интизомии Тоҷикистон боздошт шуд

Умаралӣ Қувватов, раҳбари боздоштшудаи Ҷунбиши “Гурӯҳи 24”, муътақид аст, ки аз боздоштгоҳи шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ озод хоҳад шуд.

Дар ин бора Николай Николаев, вакили мудофеъи оқои Қувватов, дар як тамоси интернетӣ хабар дод.

Ба гуфтаи вай, ахиран дар парвандаи муваккилаш ҷузъиёте пайдо шуданд, ки дар бораи ангезаи сиёсӣ доштани боздошташ шаҳодат медиҳанд.

Вай афзуд: “Мо қасд дорем ин ҷузъиётро эълом карда аз додгоҳ дархости озодии Қувватовро кунем. Ин нукта, ки ӯро то ҳол ба Тоҷикистон истирдод накарданд, гувоҳи он аст, ки дар дархости ҷониби Тоҷикистон мушкиле вуҷуд дорад”.

Умаралӣ Қувватов дар поёни соли гузашта дар фурӯдгоҳи шаҳри Дубай бо дархости мақомоти интизомии Тоҷикистон боздошт шуд. Давлати Тоҷикистон оқои Қувватовро дар сирқати маболиғ муттаҳам кардааст.

Оқои Қувватов тӯли чанд соли ахир ҳамроҳ бо яке аз пайвандони Президент Раҳмон дар ҳамлу нақли маводди сӯхтӣ барои нерӯҳои эътилофи байналмиллалӣ дар Афғонистон мушорикат дошт.

Соли гузашта оқои Қувватов аз Тоҷикистон ба Русия рафта ва фаъъолияти сиёсӣ оғоз карда ва аз давлати феълии Тоҷикистон шадидан интиқод мекард.

Ӯ ҳамзамон Ҷунбиши мухолифи “Гурӯҳи 24”-ро таъсис дода ва қасд дошт, ки дар интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон ширкат кунад. Вале ҳангоми сафар ба Урупо дар моҳи декабри соли гузашта дар фурудгоҳи Дубай боздошт шуд.

Соҳибназарон масири сафари ӯ аз Русия ба Урупо тариқи Дубайро рамзомез дониста дар бораи эҳтимоли вуҷуди тавофуқе миёни Русия ва Амороти Мутаҳидаи Арабӣ дар ин замина изҳори назар мекунанд.

Матолиби муртабит