Қувватов ба Тоҷикистон истирдод мешавад

  • 15 Апрел, 2013
Қувватов
Image caption Додгоҳи шаҳри Дубай ҳукми истирдоди Умаралӣ Қувватовро содир кардааст

Умаралӣ Қувватов, як тан аз раҳбарони мухолифони давлати Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе истирдод хоҳад шуд.

Николай Николаев, вакили мудофеъи Умаралӣ Қувватов, ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки рӯи якшанбеи 14 апрел, додгоҳи шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳукм содир кардааст.

Ҳамзамон, оқои Николаев гуфтааст, тасмими додгоҳ маънии истирдоди фаврии оқои Қувватовро надошта ва имконоти қазоӣ барои ҷилавгирӣ аз ин амал вуҷуд доштааст.

Дар ҳамин ҳол, Абдусамеъ Додобоев, сухангӯйи Додситонии кулли Тоҷикистон, рӯзи душанбеи 15 апрел, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ дар мавриди имкони истирдоди Умаралӣ Қувватов ба Тоҷикитсон ибрози беиттилоъӣ кард.

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе дар моҳи январи соли ҷорӣ гуфта буд, давлати ин кишвар расман аз Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дархости истирдоди Умаралӣ Қувватовро кардааст.

Порае аз мусоҳибаи хонуми Умаралӣ Қувватов бо родиюи форсии Би-би-сӣ

Оқои Қувватов ба иртикоби ҷароими иқтисодӣ, аз ҷумла, ба сирқат бурдани 6 милюн сомонӣ муттаҳам шудааст.

Ҳамчунин, Фаттоҳ Саидов, раиси Ожонси назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон, се моҳе қабл дар ҷамъи хабарнигорон Умаралӣ Қувватовро дар одамрабоӣ муттаҳам карда буд.

Дар ҳамин ҳол, созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар аз Амороти Муттаҳидаи Арабӣ даъват кардаанд, ки аз истирдоди Умаралӣ Қувватов ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд.

Аз ҷумла, ба гуфтаи Созмони Афви Байналмилал, мумкин аст оқои Қувватов дар Тоҷикистон ба хотири “эътирофи гуноҳҳояш” мавриди азияту озор ва шиканҷа қарор гирад.

Зимнан, Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони мухолифи давлати Тоҷикистон мавсум ба “Гурӯҳи 24” рӯзи 23 декабри соли гузашта бо дархости давлати Тоҷикистон дар фурудгоҳи шаҳри Дубай боздошт шуд.

Дар тобистони соли гузашта оқои Қувватов раҳбари созмони “Гурӯҳи 24” интихоб шуд, ки мақарраш шаҳри Маскав мебошад.

Он замон оқои Қувватов ба Би-би-сӣ гуфта буд, ки ин эътилофи мухолифони давлати Тоҷикистон маҳсуб шуда, теъдоди аъзои он болиғ бар 10 ҳазор нафар буда ва аз ҳуқуқдонҳо, сиёсатшиносҳо ва ҷавонони соҳибистеъдоду таҳсилдида иборат аст.

Умаралӣ Қувватов ҳадафи ин эътилофро “сарнагун кардани режими Раҳмон ва додани озодӣ ба мардуми Тоҷикистон бо роҳи мусолиматомез” унвон карда буд.

Матолиби муртабит