Муруре бар парвандаи Умаралӣ Қувватов бо вакили ӯ

  • 26 Июн, 2013
Қувватов
Image caption Никулой Никулоев, вакили оқои Қувватов, мегӯяд, ки шароити муваккилаш чандон тағйир накардааст; ҳамчунон дар як силлули инфиродист ва саломаташ таърифе надорад.

Аз судури ҳукми истирдоди Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони сиёсии “Гурӯҳи 24”, дар додгоҳе дар Дубай беш аз ду моҳ мегузарад, аммо ҳанӯз равшан нест, ки саранҷом ин рақиби Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе баргардонда хоҳад шуд ё на.

Никулой Никулоев, вакили оқои Қувватов, мегӯяд, ки шароити муваккилаш чандон тағйир накардааст; ҳамчунон дар як силлул (камера)-и инфиродист ва саломаташ таърифе надорад. Оқои Никулоев мегӯяд, худи ӯ ҳам мутмаин нест, ки парвандаи муваккилаш ба чи фарҷоме хоҳад расид. Чун, ба гуфтаи ӯ, сарнавишти оқои Қувватов манут (вобаста) ба шароитест:

“Умаралӣ Қувватов танҳо сиёсатмадори тоҷик аст, ки гуфта, мехоҳад дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ номзад шавад ва амалан ба рақиби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳурии кунунии Тоҷикистон табдил шуд. Дигар ин ки ӯ на танҳо қасди худро эълом кард, балки ҳамроҳ бо ҳомиёнаш сароҳатан ва дар малаи ом аз давлат интиқод кард ва ҳақоиқи мушаххасе дар бораи фасоди шоеъ дар ниҳодҳои қуваи иҷроияи Тоҷикистонро, ки дар тиҷорат ҳам даст доранд, эълом кард. Бад-ин ҷиҳат дар остонаи интихобот давлат талош хоҳад кард ин номзади билқувваро ба Тоҷикистон баргардонад. Танҳо шароите, ки метавонад монеъ аз истирдод ва маҳкумияти ӯ дар Тоҷикистон шавад, орои раъйдиҳандагон аст, ки бигӯянд, мо дигар аз раисиҷумҳурии феълӣ хаста шудаем; ё ин ки дигар аъзои Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд , пеш аз ҳама Русия ва Қазоқистон, аз ҳимоят аз давлати Раҳмон дастбикашанд. Дар он сурат сарнавишти оқои Қувватов ба гунае дигар рақам хоҳад хурд”.

Гузориши Дориюши Раҷабиёнро дар ин замина аз ин ҷо бишнавед.

Бо ин ки то баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ моҳи дигар боқист, оқои Никулоев муътақид аст, мақомҳои Имороти Муттаҳида ҳам сарнавишти Умаралӣ Қувватовро ба он торих дӯхтаанд. Мегӯяд, агар то чанд ҳафта ё чанд моҳи дигар маълум шуд, ки оқои Раҳмон монданист, истирдоди оқои Қувватов маҳтум (ҳатмӣ) аст. Дар ғайри ин сурат, зарурати истирдоди ӯ ба Тоҷикистон аз миён хоҳад рафт.

Муддате баъд аз таъсиси “Гурӯҳи 24” ба раҳбарии Умаралӣ Қувватов ва эъломи мавозеъи мухолифи давлат тавассути ӯ мақомҳои Тоҷикистон оқои Қувватовро ба қочоқи теъдоди зиёде комюн (мошини борӣ) ба Тоҷикистон дар изои суди якмилюндулорӣ, кулоҳбардорӣ (қаллобӣ), ихтилос ва аххозӣ (фасоди молӣ) ва ҳатто гаравгонгирӣ муттаҳам карданд.

Чанде пеш Зайд Саидов, вазири пешини саноеъи Тоҷикистон ҳам бо сарнавишти мушобеҳе мувоҷеҳ шуд. Чанд ҳафта баъд аз ин ки эълом кард мехоҳад ҳизби ҷадиде бо номи “Тоҷикистони Нав” созмон диҳад, парвандае ҷиноӣ алайҳи ӯ боз шуд ва ба маҳзи бозгашташ ба Тоҷикистон дар фурӯдгоҳ боздошт ва равонаи зиндон шуд.

Никулой Никулоев миёни ин ду мавриди боздошт хатти мувозӣ мекашад ва иттиҳомҳоро мардуд медонад: “На, ин иттиҳомот бепоя аст ва ба назари мо, кулли достон ангезаи сиёсӣ дорад. Далелашро тавзеҳ медиҳам. Тамоми таҳаввулоти ахир дар Тоҷикистон, ки тозатаринашон боздошти Зайд Саидов, раиси гурӯҳи муассисони ҳизби “Тоҷикистони Нав” аст, нишон медиҳад, ки мақомҳои Тоҷикистон пайрави як шеваи рафтори воҳид ҳастанд. Чаро вақте ки оқои Саидов дар хоки Тоҷикистон буд, мақомҳо бар мабнои ҳамон иттиҳомоте, ки баъдан эълом шуд, ӯро муҳокима накарданд? Ҳамин ки ин оқо аҳдофи сиёсиашро эълом кард ё дар баробари давлат истод, билофосила ҷинояткор унвон шуд. Ин аслан рӯйкарди солиме нест."

"Ман бо тамоми иттиҳомҳое, ки мақомҳои Тоҷикистон алайҳи Умаралӣ Қувватов тарҳ кардаанд ва бо Интерпул дар миён гузоштаанд, ошно ҳастам. Аз диди ман, ҳеч як аз онҳо бар пояе дурусту мантиқӣ устувор нест ва бо таваҷҷуҳ ба таноқуз (парадокс)-ҳое, ки дар парванда ҳаст, метавон гуфт оқои Қувватов дар он ҷароим даст надошта. Баъд аз суҳбат бо худи ӯ ва атрофиёнаш ман аз моҳияти иттиҳомҳо шинохти беҳтаре пайдо кардам. Аммо феълан намехоҳам дар ин маврид суҳбат кунам, чун ин мавзӯъ ба вазъияти ҳуқуқии оқои Қувватов бармегардад”.

Парвандаи оқои Қувватов бо номи Шамсуллоҳ Соҳибов, яке аз домодҳои Эмомалӣ Раҳмон, гиреҳ хурдааст. Матбӯъоти Тоҷикистон ба нақл аз Никулой Никулоев навишта, ки вакили оқои Қувватов забти суҳбатҳои муваккилаш бо домоди раисиҷумҳуриро дорад, ки марбут ба саҳми ҳар ду дар тиҷорат мешавад.

Аз оқои Никулоев мепурсам, оё ин суҳбатҳо ҳокӣ аз шарокати муваккилаш дар он чи нест, ки “задубандҳои тиҷории аъзои хонадони раисиҷумҳурии Тоҷикистон” унвон мешавад?

“На, бибинед. Умаралӣ Қувватов аз ҳамон оғоз дар тиҷорат даст дошт, мудири ду ширкат буд. Ҳарчанд тарафи даъво ҳоло мегӯяд, ки ӯ ҳаргиз мудири ширкат набуда, аммо мо мадорике дорем, ки собит мекунад, мудирияти ширкатҳои “Тоҷирон” ва “Фароз” ба дӯши оқои Қувватов буда. Шамсуллоҳ Соҳибов ба ӯ гуфта буд: “Дӯсти ман, ту бозаргони бисёр муваффақе ҳастӣ. Вале чун ману ту шарики тиҷорӣ ҳастем, беҳтар аст ту ширкатро ба номи ман сабт бикунӣ ва баъд роҳамон аз ҳам ҷудо бошад”. Оқои Қувватов аз ин пешниҳод хушаш наомад ва гуфт: “Ин ширкати ман аст. Ман зиндагиамро рӯи он гузоштам, фурсатҳои шуғлӣ эҷод кардам ва бо истифода аз тамоми тавоноиҳо ва пайвандҳое, ки доштам, саъй кардам ширкатро ба ҳолати феълиаш дарбиёварам. Аз ин рӯ намехоҳам онро ба касе бифурӯшам”. Баъд аз он буд, ки ба оқои Қувватов фишор оварданд Мо асноде ҳам дар даст дорем, ки намехоҳам феълан рӯ кунам. Чизе, ки ҳоло метавонам бигӯям, ин аст, ки ба оқои Қувватов ба нуовни ғаромат дар изои ширкатҳояш маблағи ҳангуфти ҳафтрақамӣ ваъда шуда буд. Вале ҳамон тавр ки мебинед, муваккили ман бо он пешниҳод мувофиқат накарда ва ба ин рӯз уфтодааст”.

Никулой Никулоев мегӯяд, аз муҳокимаи муваккилаш истиқбол хоҳад кард, агар додгоҳ дар ҷое баргузор шавад, ки ба адолату додгустарӣ арҷе қоил бошанд. Ба эътиқоди ӯ, дастгоҳи қазоӣ дар Тоҷикистон вобаста қувваи муҷрия (иҷроия) аст ва наметавон аз он судури ҳукме мунсифонаро интизор дошт.

Матолиби муртабит