Даъват барои ҷилавгирӣ аз истирдоди Умаралӣ Қувватов ба Тоҷикистон

  • 26 Август, 2013
Умаралӣ Қувватов
Image caption Оқои Қувватов пас аз интиқоди мақомоти баландпояи Тоҷикистон дар робита ба вуҷуди фасод ва нуфузи наздикони онҳо дар иқтисоди кишвар боздошт шуд, аммо масъулон гуфтаанд боздошти ӯ ангезаи сиёсӣ надорад

Фаъъолони сиёсӣ, иҷтимоъӣ ва рӯзноманигорони тоҷик бо нашри як номаи саргушода аз Созмони Милал ва созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар даъват кардаанд, то дар озодии Умаралӣ Қувватов, раҳбари "Гурӯҳи 24" аз зиндони Амороти Муттаҳидаи Арабӣ (АМА) мусоъидат кунанд.

Ба ин нома, ки шаби якшанбеи 25 август, дар сафҳаи шабакаи иҷтимоъии "Facebook" мунташир шуд, беш аз 150 тан аз фаъъолони ҷомеъаи маданӣ, назири Додоҷон Атовуллоев, раҳбари ҷунбиши "Ватандор", Воҳидхон Қосиддинов, як тан аз масъулони ҲНИТ ва Равшани Темуриён, рӯзноманигори тоҷики муқими Конодо имзо кардаанд.

Муаллифони нома таъкид кардаанд, оқои Қувватов ба далоили сиёсӣ ва бо иттиҳомоти сохта дар моҳи декабри соли гузашта дар фурудгоҳи шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб боздошт шуда ва ахиран додгоҳи Дубай ҳукми истирдоди ӯ ба Тоҷикистонро содир кардааст.

Дар нома ҳушдор дода шудааст, ки дар сурати истирдод Умаралӣ Қувватов дар зиндонҳои Тоҷикистон мавриди азияту шиканҷа қарор гирифта ва мумкин аст ба марги ин сиёсатмадори мухолифи давлати Тоҷикистон мунҷар шавад.

Аз лиҳоз, фаъъолони ҷомеъаи мадании тоҷик аз СММ, Дидабони ҳуқуқи башар, Афви байналмилал ва ниҳодҳои марбут ба ҳуқуқи башари Иттиҳодияи Урупо хостаанд, то аз истирдоди Умаралӣ Қувватов ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ кунанд.

Зимнан, дар паёми фарде дар навори аудиёӣ дар шабакаи "Facebook", ки худро Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони мухолифи "Гурӯҳи 24"муъаррифӣ карда ва ба забони русӣ сӯҳбат кардааст, аз вазъи ногувораш дар боздоштгоҳи шаҳри Дубай шикоят кардааст.

Оқои Қувватов мегӯяд, ба ҷаласаи додгоҳи истинофӣ, ки шикояти ӯ аз ҳукми додгоҳи шаҳри Дубай дар бораи истирдодаш ба Тоҷикистонро баррасӣ кардааст, даъват нашудааст.

Ҳамчунин, дар ин навор аз созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар интиқод шудааст, ки то ҳол аз ӯ дидан накарда ва бо вазъи нигаҳдориаш дар боздоштгоҳ ошно нашудаанд.

Ӯ дар эътироз ба нақзи ҳуқуқ ва бадрафторӣ дар боздоштгоҳ ду бор гуруснанишинӣ эълом карда ва ба дунболи он маъмурони боздоштгоҳ ба ӯ иҷоза додаанд, то бо хонаводааш тавассути телефон тамос бигирад.

Дар ҳамин ҳол, Николй Николайев, ки худро вакили мудофеъи Умаралӣ Қувватов муъаррифӣ карда ва навори аудиёиро низ дар сафҳаи "Facebook" пахш кардааст, гуфтааст, то ҳол дар мавриди истирдоди оқои Қувватов ба Тоҷикистон санади расмие мунташир нашудааст.

Зимнан, дар тобистони соли гузашта дар шаҳри Маскав шуморе аз афроди мухолифи давлати Тоҷикистон зери унвони "Гурӯҳи 24" эътилоферо ташкил доданд ва Умаралӣ Қувватов, раиси пешини ширкати "Фароз-Тоҷирон" раҳбари ин эътилоф муъаррифӣ гардид.

Он замон оқои Қувватов ба Би-би-сӣ гуфта буд, ки ин эътилофи мухолифони давлати Тоҷикистон маҳсуб шуда, теъдоди аъзои он болиғ бар 10 ҳазор нафар буда ва аз ҳуқуқдонҳо, сиёсатшиносҳо ва ҷавонони соҳибистеъдоду таҳсилдида иборат аст.

Умаралӣ Қувватов ҳадафи ин эътилофро "сарнагун кардани режими Раҳмон ва додани озодӣ ба мардуми Тоҷикистон бо роҳи мусолиматомез" унвон карда буд.

Оқои Қувватов мукарраран аз тариқи нашрияҳои Русия ва шабакаи телевизиюни "К+"-и марбут ба мухолифони Қазоқистон дар мавриди таҳаввулоти сиёсии Тоҷикистон, аз ҷумла, даргириҳо дар шаҳри Хоруғи Бадахшон ибрози назар карда ва аз фаъолияти мақомоти Тоҷикистон шадидан интиқод карда буд.

Дар авохири моҳи декабри соли гузашта Умаралӣ Қувватов дар фурудгоҳи шаҳри Дубай ба иттиҳоми ҷароими иқтисодӣ дар Тоҷикистон боздошт шуд.

Ҷониби Тоҷикистон гуфтааст, оқои Қувватов ба ҳангоми раҳбарӣ ба ширкатҳои "Тоҷирон" ва "Фароз", ки ба интиқол ва фурӯши маводди сӯхт машғул будаанд, 6 милюн сомониро ба сирқат бурдааст.

Аммо Умаралӣ Қувватов ин иттиҳомро рад карда ва гуфтааст, ки ба далели фаъъолиятҳои сиёсиаш аз сӯйи мақомоти Тоҷикистон таъқиб мешавад.

Дар моҳи апрели соли ҷорӣ додгоҳи шаҳри Дубай ҳукми истирдоди оқои Қувватов ба Тоҷикистонро содир карда, аммо ӯ аз аз ин ҳукм ба додгоҳи истинофӣ шикоят бурда буд. То ҳол сарнавишти Умаралӣ Қувватов норӯшан боқӣ мондааст.

Матолиби муртабит