Ҳамсари Қувватов: 'Шавҳарам озод шуд'

  • 26 Сентябр, 2013
Умаралӣ Қувватов
Image caption Умаралӣ Қувватов тобистони соли гузашта дар Маскав созмони сиёсиеро ба номи “Гурӯҳи 24” таъсис дод ва аз Эмомалӣ Раҳмон дархост кард, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар 6-уми ноябр худро номзад накунад

Умаралӣ Қувватов, яке аз мухолифони давлати Тоҷикистон, аз зиндоне дар Дубай раҳо шудааст.

Дар ин бора соъате қабл дӯстон ва вакили мудофеъи ӯ дар шабакаи иҷтимоъии Фейсбук хабар доданд. Қумрӣ Ҳафизова, ҳамсари оқои Қувватов, низ ин хабарро таъйид кард.

Ӯ дар суҳбате телефунӣ бо Би-би-сӣ гуфт: "Ӯ ним соъат қабл бо ман тамос гирифт, гуфт ки дар озодӣ аст. Ӯ гуфт, ки ӯро ба ҷое мебаранд, ки ӯ битавонад барои буду боши худ кишваре амнро интихоб кунад. Вай гуфт пас аз расидан ба ҷое амн ӯ дар дастраси расонаҳо барои мусоҳиба хоҳад буд."

Николай Николаев, вакили мудофеъи оқои Қувватов, низ дар суҳбати телефунӣ ин амрро таъйид кард, аммо афзуд, ки то ҳоло асноди расмӣ дар бораи озодии Қувватовро надидааст ва мунтазири анҷоми ин раванд барои раҳоии муваккилаш аст.

Умаралӣ Қувватов тобистони соли гузашта дар Маскав созмони сиёсиеро ба номи “Гурӯҳи 24” таъсис дод ва аз Эмомалӣ Раҳмон дархост кард, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар 6-уми ноябр худро номзад накунад.

Он замон оқои Қувватов ба Би-би-сӣ гуфта буд, ки Гурӯҳи 24, эътилофи мухолифони давлати Тоҷикистон маҳсуб шуда, теъдоди аъзои он болиғ бар 10 ҳазор нафар буда ва аз ҳуқуқдонҳо, сиёсатшиносҳо ва ҷавонони соҳибистеъдоду таҳсилдида иборат аст.

Умаралӣ Қувватов ҳадафи ин эътилофро "сарнагун кардани режими Раҳмон ва додани озодӣ ба мардуми Тоҷикистон бо роҳи мусолиматомез" унвон карда буд.

Оқои Қувватов мукарраран аз тариқи нашрияҳои Русия ва шабакаи телевизиюни "К+"-и марбут ба мухолифони Қазоқистон дар мавриди таҳаввулоти сиёсии Тоҷикистон, аз ҷумла, даргириҳо дар шаҳри Хоруғи Бадахшон ибрози назар карда ва аз фаъолияти мақомоти Тоҷикистон шадидан интиқод карда буд.

Ӯ қаблан аз шарикони тиҷоратии яке аз домодҳои раиси ҷумҳури Тоҷикистон буд ва дар гузашта раёсати ду ширкати воридкунандаи маводди сухтиро ба ин кишвар ба уҳда доштааст.

Дар поёни соли гузашта, оқои Қувватовро бо тақозои мақомоти Тоҷикистон дар шаҳри Дубай боздошт карданд.

Давлати Тоҷикистон ӯро ба сирқати беш аз як милюн дулор муттаҳам карда буд. Панҷ моҳ пеш додгоҳе дар Дубай ҳукм кард Умаралӣ Қувватов ба Тоҷикистон таҳвил дода шавад, аммо ахиран додгоҳи таҷдиди назар пас аз баррасии шикояти оқои Қувватов ҳукми озодии ӯро содир кардааст.

Хабари озодии оқои Умаров дар ҳоле пахш мешавад, ки ду ҳафта қабл вакили мудофеъи ӯ ба расонаҳо хабар дода буд, ки муътақид аст муваккилаш аз боздоштгоҳи шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ озод хоҳад шуд.

Ӯ гуфта буд, ки ахиран дар парвандаи Умаралӣ Қувватов ҷузъиёте пайдо шуданд, ки дар бораи ангезаи сиёсӣ доштани боздошташ шаҳодат медиҳанд.

Матолиби муртабит