Умаралӣ Қувватов: Роҳҳои демукротикро барои мардум бастаанд
Image copyrightДодситонии кулли Тоҷикистон аз Додгоҳи олии ин кишвар хостааст, ки фаъъолияти созмони мавсум ба "Гурӯҳи 24"-ро ба унвони як гурӯҳи ифротгаро дар кишвар мамнӯъ эълом кунад.
Дар баёнияи Додситонии кулли Тоҷикистон омадааст: "Мақсади асосии он ("Гурӯҳи 24") бо роҳи зиддиконститутсионӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад."
Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, раҳбарони ин созмон муртакиби ҷароими сангин шудаанд ва мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд.
Дар робита ба ин баёнияи Додситонии кулли Тоҷикистон бо Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони "Гурӯҳи 24" мусоҳибае анҷом додем ва нахуст аз ӯ пурсидем:
Додситонии кулли Тоҷикистон имрӯз гуфтааст, ки созмони "Гурӯҳи 24" як созмони ифротӣ аст ва мегӯяд раҳбарони ин созмон муртакиби ҷароими сангин шудаанд ва аз Додгоҳи олии Тоҷикистон хоста, ки созмони таҳти раҳбарии шуморо ба унвони як созмони ифротгаро сабти ном бикунад, шумо дар ин робита чӣ посух доред?
Шумо медонед, ки режими Тоҷикистон аз ҳама режими вазнинтарин дар Осиёи Миёна аст, мову шумо хуб медонем, ки дар ин режим Раҳмонов ба тариқи яроқ омад ва дар Тоҷикистон ягон бор интихобот набуд, ҳамаи интихоботҳои қалбакӣ буд. Системае, ки бо он дар давлатҳои муштаракулманофеъ хуб шинохта ҳастем. Системаи диктотурии Раҳмон дар ин вобаста аст, ки дар муддати 23 сари сол мухолифин дар бораи Раҳмон рӯйи рӯшод гап назада буд. Чеҳрае набуд ки воқеъияти мардумро дар рӯяш гап занад.
Оқои Қувватов саволи ман ин буд, ки созмони шуморо созмони ифротгаро меноманд, оё созмони шумо ифротгаро ҳаст ё не?
Не албатта ин гапҳо дуруст нест. Ифротгароӣ чизе дигар аст ба фаъъолияти мо рабте надорад.
Додситонӣ мегӯяд, ки шумо мехоҳед аз тариқи роҳҳои ғайриқонунӣ, ғайриконститутсионӣ ҳукуматро бигиред, оё шумо ҳамин қасдро доред ё не?
Калимаи қонун дар Тоҷикистон умуман вуҷуд надорад. Агар мо бигӯем, ки давлати Тоҷикистон давлати демукротик аст, пас чаро Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои демукротикро барои мардум бастааст. Яъне чаро Эмомалӣ Раҳмон намегузорад, ки мардуми Тоҷикистон митинг кунад, рӯзномаҳо ошкор гапҳоро бинависанд, масалан чӣ тавр заминҳои Тоҷикистон савдо шуд ва масоили дигар, яъне ки калимаи демукротик дар Тоҷикистон вуҷуд надорад.
Оқои Қувватов, давлати Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ин кишвар аҳзобе ки сабти ном шудаанд, фаъъолият мекунанд, мисли ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби сусиёл демукрот, ҳизби демукрот ва соири аҳзобе ки дар Тоҷикистон сабти ном шудаанд, фаъъолият мекунанд ва ин ҳам нишонаи демукросӣ аст, ки пойбандии давлати Тоҷикистонро ба демукросӣ нишон медиҳад. Оё шумо ба ин нуқтаи назари давлати Тоҷикистон чӣ гуфта метавонед?
Ба ин савол ман оддӣ ҷавоб медиҳам, мову шумо як баданро мегирем ба он пӯст мекашем, вале дар вуҷуди он чизе нест. Инҳо пӯсти демукросиро ба рӯ кашидаанд, мегӯянд ки дар Тоҷикистон ҳашт ҳизб аст. Ҳамаи мардуми Тоҷикистон медонад, ки панҷ ҳизб ҳизбҳои кисагӣ ҳастанд, ки онҳо ҳар чизе, ки Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ҳаракат мекунанд ва пеш мебаранд.
Се ҳизби дигар ҳатто қудрати гап задан надоранд. Масалан мову шумо худ дидаем, ки чӣ рафтор бо Зоиров кардаанд. Дар мавриди ҳизби наҳзати исломӣ чӣ бархурд кардаанд. Онҳо наметавонанд он гапҳоеро, ки мо имрӯз ошкор мезанем, бизананд. Режим ба онҳо фишор овардааст, то ҳадде ки мо дидем чандин фарди марбут ба ҳизби наҳзатро зиндонӣ карданд, лату кӯб карданд, шаҳид доданд, мо мебинем, ки имрӯз дар Тоҷикистон ҳатто масҷидҳоро мебанданд, намегзоранд, ки онҳо ба ҷое бираванд ва даъво кунанд. Шумо аз ёдатон набароварда бошед, дар бораи бо помидор ва тухм задани Кабирӣ (раҳбари ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон) инҳо нишон медиҳад, ки режими диктотурӣ болои ҳама қарор гирифтааст ва ин аҳзоб сухани худашонро ҳам гуфта наметавонанд.
Дигар ин ки бисёре аз гапҳоеро, ки мо аз тариқи интернет баён мекунем, расонаҳои Тоҷикистон онҳоро нашр намекунанд, зеро ки ҳамаи расонаҳои Тоҷикистон зери дасти режим ҳастанд. Бубинед, чаҳор моҳ бештар аст мо суханрониҳо мекунем дар интернет, ҳиҷ рӯзномаи Тоҷикистон дар бораи онҳо чизе чоп накардааст. Ба ман дар як рӯз то 200 савол шунавандаҳо медиҳанд ва ҷавоб мегиранд. Чаро Эмомалӣ (Эмомалӣ Раҳмон) ба ҳамаи ин саволҳо ҷавоб дода наметавонад?
Оё шумо даст задан ба хушунат, даст задан ба зӯровариро дар муборизаатон қабул доред ё на?
Мо аввал аз роҳҳои демукротӣ истифода мекунем, яъне мо мегӯем, ки мо тазоҳурот мекунем, валекин медонем, ки Эмомалӣ Раҳмонов қонунҳои зиёдеро тасвиб кардааст, ки тавассути онҳо мардумро тарсондааст, ки агар шумо ҳаққи озодии худатонро талаб кунед, мо шуморо метавонем аз тазоҳурот боздошт кунем ва шумо аз 10, 12 то 20 сол метавонед зиндонӣ шавед. Яъне барои ин режим ҳамаи мардум терруристу ҷудоиталаб маҳсуб мешаванд, ҳаққи озодӣ касе надорад ба ҷуз хонаводаи Раҳмонов (Раҳмон).
Мехоҳам саволамро такрор кунам оё шумо ва тарафдоронатон истифода аз зӯровариро дар муборизаатон қабул доред ё не?
Мо албатта омодагӣ ҳам дорем, ба хотире ки медонем режими Раҳмон режими диктотурӣ аст, ки албатта ба мисле ки хонаводаи Шарофиддин Гадоевро бо падару модараш боздошт карданду бурданд, мо бояд афродеро ки ба мо бовар доранд, аз онҳо ҳимоят кунем. Ҳаққу ҳуқуқи конститутсионии худро ҳимоят кунем.
Оё фикр намекунед, ки чунин бархурдҳое метавонад, бори дигар кишварро ба як ҷанги дохилӣ бикашонад?
Оре, аз оне ки мо ватанамонро бе ҳиҷ чизе ба Чин мефурӯшем, ва ҳамаи чизро аз даст медиҳем, беҳтар аст як бор биҷангем ва ватани худамонро мардумӣ кунем, зеро шумо медонед, ки режими имрӯзӣ як режими хонаводагӣ аст.
