Оғози барномаҳои 16 рӯзи зидди хушунат алайҳи зан дар Душанбе

  • 17 Ноябр, 2014
16 рӯзи мубориза бо хушунат алайҳи занImage copyrightBBC World Service
Image caption Дар яке аз хиёбонҳои пуриздиҳоми шаҳри Душанбе як мард алайҳи ҳамсари худ рафтори хушунатомез мекунад

Дар яке аз хиёбонҳои пуриздиҳоми шаҳри Душанбе як мард алайҳи ҳамсари худ рафтори хушунатомез мекунад.

Аммо мардуми атроф ба ин саҳна бетаваҷҷуҳӣ нишон медиҳад ва ҳарчанд зан аз бархе аз мардҳо ва занон хоҳиши кумак мекунад, аммо атрофиён бо вуҷуди гиряи зан ба кумаки вай намешитобанд.

Барои иҷрои ин саҳна масъулони родиюи мустақили "Ватан" ду ҳунармандро даъват карда буданд ва ин саҳна дар се макони пуриздиҳоми шаҳри Душанбе иҷро шудааст.

Иҷрои ин саҳна яке аз озмоишҳои хабарнигорӣ буд, ки масъулони ин родию дар хиёбонҳои пойтахти Тоҷикистон чанде қабл наворбардорӣ кардаанд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Хонум Умедҷонова гуфт, шумори мардоне, ки аз эъмоли хушунат алайҳи худ ба марказ шикоят оварданд, дар ҳоли афзоиш будааст

Вале тавре, ки Вера Кулакова, раиси ин родию ва баргузоркунандаи мизи гирд дар робита ба "16 рӯзи мубориза бо хушунат алайҳи зан" мегӯяд, ки ҳеҷ яке аз раҳгузарон саъй накарданд то ба зани ҷавон барои раҳоӣ аз дасти мард кумак кунанд.

Хонуми Кулакова афзуд: "Бадтарин раванд дар ҷомеъаи мо бетафовутии мардум ба он аст, ки зане дар хиёбон ва ё дар ҳамсоягӣ хушунат мешавад, вале атрофиён аз кумак ба ӯ ва ҳатто даъват кардани пулис барои раҳоии вай кушиш намекунанд."

Мавзӯъи аслии матраҳ дар мизи гирде, ки рӯзи душанбеи 17 ноябр дар шаҳри Душанбе доир шуд, хушунат алайҳи зан ва духтар буд.

Ин нишаст ба ибикори масъулони родиюи мустақили "Ватан" ва ҳимояти молии сафорати Омрико дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Вера Кулакова мегӯяд, ки ин ҳамоиш барномаи аввали родиюи онҳо дар робита ба "16 рӯзи мубориза бо хушунат алайҳи зан" будааст, ки имрӯз дар сартосари кишварҳои ҷаҳон оғоз шудааст.

Вай афзуд , ки дар рӯзҳои баъдӣ силсилабарномаҳо дар ин мавзӯъ аз сӯйи масъулони родиюи онҳо роҳандозӣ хоҳад шуд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption "Бетаваҷҷуҳии атрофиён ба воқеъаи куттак задани мард занеро дар хиёбон бадбадхтӣ аст "

Хонум Кулакова гуфт, ки аз ҷумла онҳо дар барномаҳои тафреҳии родиюии "Ватан" бо ҷалби афроди саршинос ва ҷавонон ин мавзӯъро баррасӣ хоҳанд кард. Ҳамчунин масъулони родиюи "Ватан" ҳамроҳ бо ҳукқуқдонҳо ба манотиқи мухталифи Тоҷикистон сафар карда ва барои занон ва духтарон дар мавриди хушунат ва ҷилавгирӣ аз он машваратҳои ройгони ҳуқуқӣ медиҳанд.

Дар нишасти имрӯз, намояндагони созмонҳои ҳуқуқии занон, хабарнигорон ва олимону ҳуқуқдонҳо ширкат кардаанд.

Бештари ширкаткунандагони ин ҳамоиш мегӯянд, ки ҳарчанд қонуни хушунат алайҳи зан дар моҳи марти соли 2013 дар Тоҷикистон ба тасвиб расидааст, аммо адами меконизми истифода аз он иҷрои ин қонунро кунд мекардааст.

Иддае аз ҳуқуқдонҳои ин нишаст мегуфтанд, ки кундии иҷрои ин қонун набуди як ниҳоди ҷудогона дар Тоҷикистон барои назорат бар иҷрои он будааст.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Ин нишаст ба ибикори масъулони родиюи мустақили "Ватан" ва ҳимояти молии сафорати Омрико дар Тоҷикистон баргузор шуд

Ҳамчунин яке аз сабабҳои мавҷудияти хушунат дар Тоҷикистон надонистани ҳуқуқи худ аз сӯйи ағлаби занон ва духтарон унвон шуд.

Ҳарчанд Мукаррам Умедҷонова, ҳуқуқдони маркази ҳуқуқии "Пойтахт" мегӯяд, ки сол то сол занон ва духтарон бедортар мешаванд ва аз мавориди эъмоли хушунат алайҳи худ ба маркази онҳо шикоят меоранд.

Вай афзуд: "Дар соли ҷорӣ беш аз як ҳазор зан ва духтар ба маркази мо дар мавриди эъмоли хушунат алайҳи онҳо ва мушкилоти дигари ҳуқуқӣ мурочеъа кардаанд. Мо барои онҳо машваратҳои ройгон медиҳем."

Ин ҳуқуқдон мегӯяд, ки шумори мардоне, ки аз эъмоли хушунат алайҳи худ ба марказ шикоят оварданд дар ҳоли афзоиш буда ва беш аз 30 нафар аз мардҳо аз хушунат шудани хеш аз сӯйи занонашон шикоят кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки бисёре аз соҳибназарон мегӯянд, ки дар бисёре аз маворид, ки занон ва духтарон аз сӯйи яке аз узви хонавода мавриди хушунат қарор мегиранд, даст ба худкушӣ мезананд.

Матолиби муртабит