Гузориши тозаи Юнисеф: Омори болои кӯдакозорӣ дар Тоҷикистон
Image copyrightBBC World ServiceАз ҳар даҳ духтар дар ҷаҳон якеаш мавриди хушунати ҷинсӣ қарор гирифта ва шаш кӯдак аз миёни ҳар даҳ кӯдаки аз 2 то 14-сола дар курраи Замин мураттаб бо зарбу шатм рӯбарӯ ҳастанд.
Дар ин бора гузориши ахири Юнисеф ё Сандуқи кӯдакони СММ дар бораи сатҳи хушунат алайҳи кӯдакон дар ҷаҳон, ки рӯзи панҷшанбеи 5 сентябр интишор ёфт, хабар додааст.
Омори ин гузориш, ки аз 190 кишвари ҷаҳон ҷамъоварӣ шуда, аз хушунат ва озори фарогири ҷисмонию равонӣ алайҳи кӯдакон ҳикоят мекунад, ки ин хушнат на дар хиёбон, балки дар хона, на дар фазои ҷангзада, балки дар фазои босабот сурат мегирад.
Дар ин гузориш мехонем: “Бахши аслӣ аз мавориди хушунат алайҳи кӯдакон ё кӯдакозорӣ ба дасти касоне сурат мегирад, ки масъули парастории онҳо ҳастанд.”
Синну соле, ки дар он кӯдакон бештар дар баробари хушунат осебпазир ҳастанд аз 5 то 9-солагӣ унвон шуда.
Бино ба ин гузориш, 69 дарсади кӯдакони аз ду то чаҳорсола, 81 дарсади кӯдакони аз 5 то 9-сола ва 79 дарсади кӯдакони аз 10 то 14-сола дар Тоҷикистон мавриди анвоъи гуногуни хушунат воқеъ мешаванд.
Дар Қирғизистон ин омор пойинтар буда, мутаносибан 49, 53 ва 55 дарсадро ташкил додааст. Дар Қазоқистон низ ин омор дар муқоиса бо Тоҷикистон тақрибан ду баробар камтар сабт шудааст.
Танбеҳ хушунат аст ё тарбият?
Ба гуфтаи мутахамсисон, дар кишварҳое, ки сатҳи кӯдакозорӣ дар онҳо болост, дар онҳо на муртакибон ва на қурбониёни хушунат ҳатто ин даркро надоранд, ки муртакиб ё дастхуши хушунат ҳастанд.
Татяна Бозрикова, ҷомеъашиноси маҳаллӣ, дар бораи омори болои хушунат алайҳи кӯдакон мегӯяд, ки дар кишварҳои шарқӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, волидайн ё бародару хоҳарон кӯдакро гоҳе аз роҳи задан танбеҳ мекунанд ва инро барои тарбияти кӯдак амре зарурӣ медонанд.
Вай мегӯяд: "Яъне онҳо дарк намекунанд, ки ба сари кӯдак фарёд задан, ӯро задан, ӯро танҳо гузоштан ва ё ӯро таҳқир кардан хушунатест, ки дар ҳаққаш эъмол мекунанд."
Дар гузориши ахири Юнисеф низ таъкид мешавад: "Дар миёни бархе кӯдакон ин бовар вуҷуд дорад, ки баъзе аз анвоъи хушунат равиши тарбият ва бузургшавии кӯдакон аст ва ба ин хотир, замоне ки онҳо дар маърази хушунат, аз ҷумла озори ҷинсӣ, қарор мегиранд, ҳатто дарк намекунанд, ки онҳо ба кумак ниёз доранд."
Гузориш меафзояд, ки чунин бовар яке аз омилҳои шикоят накардан ва ё пинҳон доштани мавориди хушунату озори ҷисмонӣ ва ҷинсии духтарон ва навҷавонон мешавад.
Хушунат мушкили хонавода аст ё ҷомеъа?
Омори ҷамъоваришуда аз бист кишвар бо сатҳи даромади пойин ҳокист, ки дар Тоҷикистон ҳудуди 60 дарсади духтарони аз 15 то 19-сола, ки дучори хушунати ҷисмонӣ ва ё озори ҷинсӣ шудаанд, ба касе дар ин бора лаб намекушоянд.
Дар аксари кишварҳои ҷаҳон духтарони ҷавон дар муқоиса бо занҳои синнашон болотар камтар моиланд аз туҷрубаи хушунат алайҳи худ сухан гӯянд ва кумакеро ҷӯё шаванд. Аммо дар Тоҷикистон ин омор баръакс аст.
Дар Тоҷикистон 70 дар сади занону духтароне, ки мавриди хушунат қарор гирифта ё мегиранд, танҳо аз аъзои хонаводаи худ дар мавриди ҷилавгирӣ аз ин кор кумак мехоҳанд.
Яъне онҳо моил ҳастанд дар чунин шароит на аз муассисоти интизомӣ, монанди пулису додситонӣ ва мутахассисон, балки аз одамоне кумак хоҳанд, ки онҳоро мешиносанд ва ба онҳо эътимод доранд.
Хонум Бозрикова мегӯяд махфӣ нигоҳ доштани мавориди хушунати хонаводагӣ ба ин нукта бар мегардад, ки дар Тоҷикистон бовари аксарият бар ин аст, ки хушунат дар дохили хона масъалае хонаводагӣ аст ва ба ҷомеъа ё мардум рабте надорад.
Ӯ меафзояд: "Ин бовар нодуруст аст, зеро ҳар навъи хушунат масъалае иҷтимоъист ва мо бояд дар ин бора тафаккури ҷомеъаро иваз кунем. Таҷрубаҳои бисёрсола нишон додаанд, ки афроде, ки дар кӯдакӣ мавриди хушунат қарор мегиранд, дар бузургсолӣ худ омили хушунат мешаванд. Яъне таъсири манфӣ аз ин на танҳо ба ояндаи кӯдак, балки ба ояндаи ҷомеъа низ мерасад."
Истротежии муассиртар аз танбеҳи қонунӣ
Фақат 39 кишвари ҷаҳон танбеҳи ҷисмониро дар хона тавассути қонун мамнӯъ эълом кардаанд.
Порлумони Тоҷикистон дар поёни соли 2012 Қонун дар бораи “Пешгирии хушунат дар хонавода”-ро тасвиб кард. Аммо то ҳол оморе дар бораи таъсири иҷрои ин қонун дар сатҳи хушунати хонаводагӣ вуҷуд надорад.
Аммо коршиносон мегӯянд дар коҳиши мавориди хушунати хонаводагӣ қонунҳо ва муассисаҳо наметавонанд батанҳоӣ муваффақ бошанд, зеро ин мушкил бояд тавассути шикастани килишеҳо ё қолабҳои фикрии марсум ва тағйири зеҳнияти ҷомеъа дар қиболи ин мавзӯъ сурат бигирад.
Ба ин хотир, мутахассисон ибрози нигаронӣ мекунанд, ки пӯшиши масоили марбут ба хушунати хонаводагӣ дар расонаҳои Тоҷикистон, ки ба гуфтаи онҳо, бояд муҳаррики аслӣ дар тағйири афкори умумӣ дар иртибот бо кӯдакозорӣ ё хушунат алайҳи кӯдакон бошад, нокофӣ аст.
