Иттиҳодияи Офриқо мубориза бо издивоҷи кӯдаконро оғоз кардааст

  • 30 Май, 2014

Барномаи мубориза бо издивоҷи ҷавонон ва кӯдакон дар саросари Офриқо оғоз шудааст.

Дар ҳоле ки издивоҷ дар синайни кӯдакӣ ва навҷавонӣ бахусус барои духтарон дар бисёре аз нуқоти қораи Офриқо ҳамчунон ривоҷ дорад, Кумиссиюни Иттиҳодияи Офриқо, бозӯи иҷроии ин иттиҳодия, эълом карда, ки барномаеро ба манзури мутаваққиф кардани ин қабил издавоҷҳо дар саросари қораи Офриқо ба роҳ андохтааст.

Накусозоно Диломӣ Зумо, раиси иҷроиии Иттиҳодияи Офриқо, эълом кард, ки муборизаи мавриди назар бар иқдоми амалӣ ва амалиёти огоҳсозӣ дар саросари қора мутамаркиз хоҳад буд ва дар айни ҳол аз кишварҳои узви иттиҳодия интизор меравад қавонини лозимро барои ҳимоят аз кӯдакон дар баробари издивоҷ дар синайни пойин тасвиб кунад ва ба иҷро бигузоранд.

Барномаи дусолаи муқобила бо издивоҷи кӯдакон бо ҳамкории Иттиҳодияи Офриқо, Сандуқи ҷамъияти Созмони Милал ва Сандуқи Кӯдакони СММ - ЮНИСЕФ- ба иҷро гузошта шуда ва ҳадаф аз он поён додан ба расми издивоҷ дар синайни кӯдакӣ, бахусус дар миёни духтарон аст.

Дар ҳоли ҳозир дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон қавонине ҷиҳати ҷилавгирӣ аз издивоҷ дар синайни пойин тасвиб шуда ва натанҳо чунин издивоҷҳое қонунӣ шинохта намешавад, балки гоҳ омилони онҳо ҳам дар маърази муҷозот қарор мегиранд. Бо ин ҳама, тадовуми суннатҳои қадимӣ, ноогоҳӣ аз зиёнҳои издивоҷ дар синайни пойин ва дар бисёре аз маворид фақри хонаводаҳо боъис мешавад ин қавонин нодида гирифта шаванд.

Мақомоти Иттиҳодияи Офриқо ибрози умедворӣ кардаанд, ки иҷрои барномаи ҷадид битавонад заминаҳои фарҳангӣ, иҷтимоъӣ ва иқтисодии издивоҷи кӯдакон ва навҷавононро батадриҷ ҳазф кунад.