Ғарқ шудани ду нафар дар рӯдхонаи Вахш

  • 30 Июн, 2014

Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон мегӯяд, ки кормандони гурӯҳи “Наҷот”-и ин кумита машғули ҷустуҷӯйи як кӯдаки 8-солаи ғарқшуда дар рӯдхонаи Вахш дар вилояти Хатлон ҳастанд.

Тибқи иттилоъи дафтари матбуъоти ин ниҳод, рӯзи 28 июн Амиршоҳ Қурбонови 8-сола ва Содиқ Ҳамроеви 35-сола аз болои қоиқчаи плостик ба умқи рӯдхонаи Вахш уфтода ва ғарқ шудаанд.

Наргис Нурова, сухангӯи ин кумита, рӯзи душанбеи 30 июн дар мавриди ҷузъиёти ин воқеъа ба Би-би-сӣ гуфт: “Рӯзи 28 июн соъати 19:35 дақиқаи вақти маҳаллӣ, ин ду сокинони деҳаи Гулистони ҷамоъати Сангтӯдаи ноҳияи Данғара дар рӯдхонаи Вахш машғули моҳигирӣ буда ва дар натиҷаи тунбод ба умқи рӯдхона уфтода ғарқ шудаанд.”

Хонум Нурова мегӯяд, ки сокинони деҳаи Гулистон ҳамон рӯз ҷасади Содиқ Ҳамроевро аз рӯдхона пайдо карда ва ба соҳибонашон супоридаанд, аммо чустуҷӯйи ҷасади кӯдак то ҳол идома доштааст.

Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи хонуми Нурова, рӯзи 29 июни соли ҷорӣ кормандони гурӯҳи “Наҷот”-и Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон ҷасади як мардро аз рӯдхонаи Варзоб пайдо карда ва ба кормандони интизомӣ супоридаанд.

Гумон меравад, ки ин ҷасади Абдуқаҳҳор Турсунов, яке аз муъовинони Донишгоҳи фанноварии Тоҷикистон ба номи Осимӣ бошад, ки рӯзи 24 майи соли ҷорӣ дар пайи як сонеҳа дар рӯдхонаи Варзоб мафқуд шуда буд.

Дар он замон Абулаҳад Оев, муъовини раиси ин донишгоҳ ва Облоқул Сангинов, сокини шаҳри Душанбе, дар ин сонеҳа ҷонҳои худро аз даст дода буданд.