Ҳамоиши ҷилавгирӣ аз хушунати ҷинсӣ алайҳи кӯдакон дар замони ҷанг

  • 10 Июн, 2014

Сафорати Бритониё дар Тоҷикистон тасмим гирифтааст ҳамоише дар бораи ҷилавгирӣ аз хушунати ҷинсӣ алайҳи кӯдакон дар ҷараёни даргириҳои мусаллаҳона дар шаҳри Душанбе баргузор кунад.

Ин тадбир рӯзи чаҳоршанбеи 11-уми июн дар дафтари Созмони Амният ва Ҳамкориҳо дар Урупо дар шаҳри Душанбе дар чорчӯби ҳамоиши ҷаҳонии "Ҷилавгирӣ аз хушунати ҷинсӣ алайҳи кӯдакон дар даргириҳои мусаллаҳона" баргузор мешавад. Ин ҳамоиш рӯзҳои 10 то 13 июн дар Бритониё ва сафоратҳои он дар кишварҳои ҷаҳон доир мешавад.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршинос, ки дар интихоботи гузаштаи риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон (6 ноябри 2013) аз сӯи ҳизби наҳзати исломӣ номзадияш ба ин симат пешниҳод, вале ба далели нокомӣ дар ҷамъоварии имзо сабт нашуд, дар ин ҳамоиш дар бораи сарнавишти занон дар замони ҷанги дохилии Тоҷикистон дар солҳои 1992-1997 суханронӣ хоҳад кард.

Дар ин ҳамоиш мақомоти тоҷик, намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ ва хориҷӣ ширкат хоҳанд кард.

Рӯзҳои ҷилавгирӣ аз хушунати ҷинсӣ алайҳи кӯдакон дар даргириҳои мусаллаҳона соли 2012 ба ибтикори Вилём Ҳейг, вазири хориҷаи вақти Бритониё ва Онҷелино Ҷулӣ, намояндаи вижаи СММ дар умури паноҳандагон ва ҳунарпешаи саршиноси Ҳоливуд, роҳандозӣ шудааст.