Бозгашти ятимони тоҷик аз Русия ба ватан: куҷо беҳтар аст?

  • 28 Май, 2014
КӯдаконImage copyrightBBC World Service
Image caption Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, дар ятимхонаҳои Тоҷикистон ҳудуди 3,5 ҳазор нафар кӯдаконе ба сар мебаранд, ки волидайн надоранд

Ахиран сафорати Тоҷикистон дар Русия се нафар аз кӯдакони тоҷикро, ки дар ятимхонаҳои ин кишвар тарбият мегирифтанд, ба ватан баргардонд.

Муҳаммади Эгамзод, намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Русия, мегӯяд, ки ин кӯдакон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд ва бояд дар ватан зиндагӣ кунанд.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз соҳибназарон чунин иқдоми ниҳодҳои давлатиро иштибоҳ хонда ва мегӯянд, ки дар Русия барои кӯдакон тарбиятгирифта дар ятимхонаҳо имтиёзоти фаровоне дар назар гирифта шудааст.

Аз ҷумла, онҳо ҳақ доранд баъд аз бузург шудан табаъияти Русияро ба даст оварда ва дар донишгоҳҳои он кишвар ба таври ройгон таҳсил кунанд ва давлат муваззаф аст ба онҳо маскани ройгон бидиҳад.

Вале оқои Эгамзод мегӯяд, ки дар ятимхонаҳои Русия муносибат миёни тарбиятгирандагон хашин аст ва ба ин далел “хубтар аст, ки ин кӯдакон дар шароити Тоҷикистон ба воя бирасанд”.

Вай хабар дод, ки аз соли 2012 ба ин сӯ сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳудуди 20 кӯдакро ба ватан бозпас фиристодааст. Ин кӯдакон умдатан бо роҳҳои мухталиф озими Русия мешаванд.

Дар бархе маворид волидайни онҳо, ки ба Русия барои муҳоҷирати корӣ мераванд, аз онҳо даст мекашанд ва кӯдакон сар аз ятимхонаҳо дар меоранд. Мавориде низ ҳаст, ки пайвандонашон дар Русия ҷони худро аз даст медиҳанд ва кӯдакони онҳо баночор ба ятимхонаҳо мунтақил мешаванд.

Бо ин вуҷуд, соҳибназарон мегӯянд, ки шароити зиндагии онҳо дар ятимхонаҳои Русия беҳтар аз вазъият дар ятимхонаҳои Тоҷикистон аст. Зеро, давлати Русия барои бароварда сохтани ниёзҳои ятимхонаҳои худ маболиғеро дареғ намедорад.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Ҳикматулло Сайфуллозода бар ин назар аст, ки қабл аз бозгардондани ятимони тоҷик аз Русия ба ватан, бояд андеша кунем, ки дар Тоҷикистон онҳоро чӣ сарнавиште дар интизор аст

Шералӣ Раҳаматуллоев, як масъули Вазорати беҳдошти Тоҷикистон, мегӯяд, ки феълан вазъият дар ятимхонаҳои ин кишвар хеле беҳбуд ёфта ва набояд мояи нигаронӣ бошад.

Вай хабар дод, ки феълан давлати Тоҷикистон барои таъмини ғизои ҳар як тарбиятгирандаи ятимхонаҳо дар шабонарӯз то 15 сомонӣ маблағ масраф мекунад.

Оқои Раҳматуллоев афзуд: "Соли гузашта мо нуҳ нафар аз кӯдакони бесарпарастро, ки аз Русия мунтақил шуданд, дар назди ҳавопаймо пешвоз гирифта ва баъд аз анҷоми муқаррароти зарурӣ миёни ятимхонаҳои Тоҷикистон тақсим кардем. То ҳол ҳашт нафар аз онҳо барои худ волидони нав пайдо карданд. Як нафараш, ки бемор буд, то ҳол дар ятимхона боқӣ мондааст."

Оқои Раҳматуллоев ҳамчунин хабар дод, ки ҳамасола то 300 нафар аз ятимон аз сӯйи атбоъи кишвар ба фарзандӣ гирифта мешаванд: "Ба ин далел, хуб аст, ки онҳоро ба ватан баргардонанд ва ба эҳтимоли зиёд, ин кӯдакон дар оянда мояи ифтихори тоҷикистониён хоҳанд шуд."

Дар ҳамин ҳол, тибқи омори расмӣ, дар ятимхонаҳои Тоҷикистон ҳудуди 3,5 ҳазор кӯдаки ятиму бесарпараст ба сар мебаранд. Гуфта мешавад, ки давлат пайваста ба онҳо "ғамхорӣ зоҳир мекунад."

Вале Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири “Наҷот”, нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, ки аз як сӯ баргардондани ин гуна кӯдакон хуб аст, вале аз сӯйи дигар, “бояд андеша кунем, ки онҳоро чӣ сарнавиште дар ватан дар интизор аст?”

Ба гуфтаи соҳибназарон, ҳатто баъд аз анҷоми тарбият дар ятимхонаҳо ва таҳсил ин кӯдакон водор мешаванд, ки дубора ба Русия барои муҳоҷирати корӣ раванд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Саймиддин Дӯстов: "Шояд рӯзе мерасад, ки ятимон суол мекунанд, ки чиро моро ба ватан баргардонидед?”

Бо ин ҳол, ба гуфтаи оқои Сайфуллозода, ин эҳтимол низ вуҷуд дорад, ки агар ин кӯдакон дар Русия боқӣ бимонанд, онҳо забони модарии худро комилан фаромӯш карда ва “аз фарҳанги миллӣ дур боқӣ хоҳанд монд”.

Вале вай ҳамзамон таъкид мекунад, ки барои бозгашти ин кӯдакон ба ватан ризояти худи онҳо ё пайвандонашон лозим аст.

Саймиддин Дӯстов, сардабири нашрияи мустақилли “Нигоҳ”, бар ин назар аст, ки агар ин кӯдакон дар Русия боқӣ юимонанд, ба суди онҳо хоҳад буд.

Вай мегӯяд: "Дар он ҷо барои омӯзишу парвариш шароити хубе фароҳам аст. Мутаассифона, дар Тоҷикистон баръакс. Ва шояд рӯзе мерасад, ки онҳо суол мекунанд, ки чаро моро ба ватан баргардонидед?"

Ин дар ҳолест, ки қавонини Тоҷикистон таҳсили ройгон барои ятимон ва таъмини машоғил барои онҳоро дар назар гирифтааст.

Фаридун Ҳодизода, пажӯҳишгари масоили иҷтимоъӣ, мегӯяд, ки дуруст аст, ки қавонини Русия барои ятимон имтиёзоти фаровоне дар назар гирифтааст.

Аммо ҳамакнун бояд ин суол матраҳ шавад, ки чаро дар қавонини Тоҷикистон чунин имтиёзоте дар назар гирифта нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки Президент Раҳмон пайваста зимни суханрониҳои худ аз таваҷҷуҳи мақомот ба мушкилоти ятимон дар Тоҷикистон таъкид мекунад.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Фаридун Ҳодизода иддаъо мекунад, ки бояд аз мақомот ин суолро матраҳ кард, ки чиро қавонини Тоҷикистон имтиёзоте барои ятимон ба гунаи Русия дар назар нагирифтааст?

Дар паёми соли ҷорияш ба порлумони Тоҷикистон вай гуфта буд: "Зарурат ба миён омадааст, ки бо дарназардошти ҳифзи ҳуқуқу манфиъатҳои қонунии кӯдак ба Кодекси оила дар хусуси фарзандхонӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, ҳамзамон бо ин, низоми қонунгузории оилавӣ такмил дода шавад."

"Дар чандин суханрониҳои худ иброз дошта будам, ки ятимони кулро дар муҳити оила тарбият кардан ҳам беҳтар аст ва ҳам савоби бузург аст. Тасаввур кунед, ки агар беш аз сеюним ҳазор ятимони кул якнафарӣ ба муҳити оила фаро гирифта шаванд, чӣ қадар оилаҳо соҳиби фарзанд ва хушбахт мегарданд."

Дар гузашта вай хабар дода буд, ки ба ҳисоби бонкии ҳар як ятим дар Тоҷикистон ҳар моҳ 105 сомонӣ пардохт шуда ва ин маблағ то замони бузург шудани ин кӯдакон дар ҳисоби бонкии онҳо дар "Амонатбонк" маҳфуз мемонад.

Оқои Раҳмон ҳамчунин эълом карда буд, ки ба ҷойи иҷозаи фарзандхониро додан ба хориҷиҳо беҳтар аст мардуми Тоҷикистон худашон кӯдакони ятимро фарзандхон карда ва дар муҳити хонавода бузург кунанд.

Ин суханони ӯ дар ҳоле садо дод, ки дар гузашта аз мавориди зиёди "кӯдакфурӯшӣ" дар Тоҷикистон гузориш шудааст. Беҳтар шудани шароити фарзандхониро мақомоти тоҷик яке аз роҳҳои ҷилавгирӣ аз фурӯши кӯдакон хондаанд.

Матолиби муртабит