Кӯдаки се сола дар тасодум ҷони худро аз даст дод

  • 24 Март, 2014

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ки як кӯдаки се сола дар тасодум дар вилояти Суғди ин кишвар ҷони худро аз даст додааст.

Тавре, ки дар сойти расмии ин ниҳод омадааст, ин воқеъа рӯзи 21 март, яъне рӯзи таҷлил аз Наврӯз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст.

Пулис мегӯяд, ки Болтабой Шарифов, ронандаи худрав қонуни ҳаракат дар роҳро нақз карда ва Анварҷон Бойматовро пахш кардааст.

Ин кӯдак дар ин воқеъа ҷароҳати шадид гирифта ва ба бемористон мунтақил шудааст, аммо дар натиҷаи ин ҷароҳот вай ҷони худро аз даст додааст. Дар соли ҷорӣ ин аввалин бор нест, ки кӯдакони зери панҷсола дар роҳҳои утумубилгард дар сонеҳаҳо ва тасодумҳо ҷонҳои худро аз даст медиҳанд.

Дар аввалди моҳи ҷорӣ пулиси роҳ аз кушта шудани кӯдаки 5-сола дар тасодум дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд хабар дода буд ва ҳамчунин дар аввали соли ҷорӣ сонеҳае дар роҳи Душанбе-Рашт як кӯдаки 2-соларо кушта буд.

Рӯзи 17 марти соли равон, панҷ нафар аз шогирдони мактаби ҳамагонӣ дар ноҳияи Айнӣ дар сонеҳа ҷонҳои худро аз даст дода ва чаҳор духтари 17-сола бо ҷароҳоти мухталиф дар бемористон бистарӣ шуданд.