Тасодумҳо дар ҳафтаи гузашта ҷони панҷ кӯдакро рабуд
Тибқи иттилоъи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар ду рӯзи таътил дар ин кишвар дар сонеҳаҳо ва тасодумҳо 5 нафар аз сокинон, аз ҷумла се кӯдаки зери 5- сол ҷонҳои худро аз даст додаанд.
Ҳамчунин кормандони идораи бозрасии утумубилӣ дар ҳафтаи гузашта дар тасодумҳо дар роҳҳои Тоҷикистон панҷ нафар аз кӯдакони зери 5-сола кушта шудаанд.
Дар сойти расмии ин ниҳод омадааст, ки ду кӯдаки дар сонеҳа кушташуда ҳамагӣ чор сол ва яке дигар се сол дошта ва бештари ин тасодумҳо дар навоҳии мухталифи вилояти Хатлон рух додаанд.
Дар ин хабар, ки рӯзи душанбеи 28 апрел пахш шудааст, ҳамчунин дар мавриди кушта шудани ду фарди дигар низ дар сонеҳаҳо дар ин кишвар иттилоъ дода шудааст.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта пулис аз кушта шудани як кӯдаки сесола дар роҳи утумубилгард дар ноҳияи Файзобод хабар дода буд.
Кормандони пулис мегӯянд, ки сабабҳои аслии ин тасодумҳо ва сонеҳаҳо, нақзи қонуни ҳаракат дар роҳ ва аз уҳдаи идораи утумубил набаромадани ронандаҳо будааст.
Вале масъулони пулис нанавиштаанд, ки чи тавр кӯдакони зери 5-сола дар роҳҳои утумубилӣ бидуни назорати афроди бузургсол қарор доштаанд.
Ин дар ҳолест, ки аз аввали соли ҷорӣ то ҳол дар роҳҳои утумубилгард дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон дар сонеҳаҳо ва тасодумҳо беш аз 80 нафар аз сокинон ҷони худро аз даст додаанд, ки ағлаби онҳоро кӯдакон ва ҷавонони зери 18-сола ташкил медиҳанд. Дар ин воқеъаҳо ҳамчунин беш аз сад нафар аз сокинон ҷароҳоти мухталиф бардоштаанд.
