Эъломи 2014 ба унвони "Соли тавсеъаи кӯдакистонҳо" дар Хатлон

  • 25 Январ, 2014

Идораи маъориф ва илми вилояти Хатлон мегӯяд, ки соли нави мелодӣ дар ҷануби Тоҷикистонро "Соли тавсеъа ва бозсозии кӯдакистонҳо" эълом кардааст.

Хоналӣ Қурбонзода, роҳбари ин идора мегӯяд, ки ҳадаф аз ин иқдом тавсеъаи кӯдакистонҳо дар ин минтақа аст. Идораи маъориф ва илм дар ҳамкорӣ бо ҳукумати маҳаллӣ дар соли ҷорӣ сохтмон ва бозсозии кӯдакистонҳоро низ дар назар гирифтааст.

Бештари кӯдакистонҳое, ки дар ин вилоят фаъъолият мекунанд, аз даврони Шӯравӣ бамерос мондаанд ва аксари сохтмонҳои онҳо ба бозсозӣ ниёз доранд.

Оқои Қурбонзода гуфт, ки дар ин вилоят даҳҳо рустои дурдаст мавҷуд аст, ки дар онҷо кӯдакистонҳо фаъъолият намекунанд ва кӯдакон аз субҳ то шом дар хона нигоҳ дошта мешаванд ва ё дар хиёбонҳо беназорат мемонанд.

Ин дар ҳолест, ки бештари занони рустоӣ бештари авқоти худро дар мазореъ ба корҳои кишоварзӣ сипарӣ мекунанд ва фарзандони хурдсоли онҳо ба таълиму тарбият ва парасторӣ ниёз доранд.

Идораи маъориф мегӯяд, ки дар соли ҷорӣ онҳо ба тавсеъаи кӯдакистонҳо таваҷҷуҳи бештар хоҳанд кард ва кӯдаконро ба кӯдакистонҳо ҷалб хоҳанд кард.

Онҳо бар ин боваранд, ки ҷалби бештари кӯдакон ба кӯдакистонҳо, ки дар онҷо онҳо дар баробари нигоҳдорӣ дарс ҳам мехонанд, сатҳи донишу тарбияти онҳоро боло мебарад.