Баррасии имкони ташкили додгоҳҳои атфол ва наҷавонон дар Тоҷикистон

  • 30 Апрел, 2014
Ҳамоиши ҳуқуқӣImage copyrightBBC World Service
Image caption Дар ин нишаст намояндагони ниҳодҳои интизомӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ ширкат доштанд

Дар ҳамоише дар бораи системи додгустари Тоҷикистон тарҳи қонуне дар бораи миёнҷигарӣ ва ташкили додгоҳҳои атфол ва навҷавонон дар ин кишвар муъаррифӣ ва баррасӣ шуд.

Ширкаткунандагони ин ҳамоиш, ки рӯзи чаҳоршанбеи 30 апрел дар шаҳри Душанбе доир шуд, пешниҳодҳое барои беҳтар кардани пешнависи ин қонун ироа доданд. Ҳамчунин, дар ин нишаст, мушкилоти дастрасии ҷавонон ва ноболиғоне, ки даст ба иртикоби ҷурм задаанд, ба хадамоти вукалои мудофеъ баррасӣ шуд.

Дар ин ҳамоиш аз таъсиси гурӯҳи вижае дар Вазорати додгустарии Тоҷикистон, ки фаъъолияти аслии он аз ислоҳи ойини додрасии атфол ва навҷавонон дар ин кишвар машғул аст, тақдир шуд.

Қонуни вижа барои кӯдакон ва навҷавонон

Абӯбакр Иномов, намояндаи вазорати додгустарии Тоҷикистон, ки дар ин нишаст бахши лоиҳаи қонун дар бораи миёнҷигарӣ барои ноболиғонро барои ҳозирин шарҳ медод, гуфт, ки наметавон барои кӯдакон ва ноболиғон ҳуқуқи баробар бо бузургсолонро фароҳам кард.

Оқои Иномов афзуд: "Кӯдакон ва ноболиғон наметавонанд дар солҳои нахустини зиндагии худ бо қудрате, ки доранд, бо бархе аз носозгориҳои зиндагӣ мубориза кунанд. Аз ин рӯ, давлат ва вазорати додгустарии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба ҷойгоҳи вижаи кӯдак ва таъмини амнияти онҳо тадобири вижаеро барои таъсиси дастгоҳи изофӣ иттихоз мекунанд."

Ин масъули вазорат мегӯяд, ки ниҳоди онҳо пажӯҳиши вижаеро дар бораи шеваҳои додрасии атфол ва навҷавононе, ки даст ба нақзи қонун задаанд, анҷом дода ва дар ҷараёни он қонунҳои мавҷуда, сиёсат ва таҷрубаҳо дар ин замина дар Тоҷикистонро таҳти омӯзиши амиқ қарор додааст.

Оқои Иномов мегӯяд, ки натиҷаи ин пажӯҳиш ҳокист, ки шумори зиёде аз ноболиғон ва навҷавонон барои иртикоби ҷароими ба истилоҳ кӯчак муҳокима ва равонаи зиндон шудаанд.

Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, яке аз аҳдофи ислоҳоти системи додгустарӣ дар ин замина истисно кардани чунин афрод аз ширкат дар муҳокимаҳои расмӣ ва ҷилавгирӣ аз равона кардани онҳо ба муассисоти баста будааст, ки таъмини бозпарварӣ ва шароити зисти ноболиғон дар он ҷоҳо ғайримумкин аст.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Хонуми Раҳмонова гуфт, ки фарди ноболиғ бояд ба хадамоти вукалои мудофеъ дастрасӣ дошта бошад

Бо таваҷҷуҳ ба ин нукта барои давлати Тоҷикистон тавсия дода шуда, ки барои мусоъидат ба ноболиғоне, ки барои бори аввал даст ба иртикоби ҷурм ва нақзи қонун дар сатҳи ночиз мезананд, системи ҷойгузин ё олтернотиви додрасии кайфарӣ эҷод шавад.

Иддае аз ҳуқуқдонҳо мегӯянд, ки барои дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакон ва навҷавонон дар қонунҳои мавҷуда дар ин кишвар навоқизе мавҷуд аст ва системи додгустарии Тоҷикистон бояд ба мавозини байналмилалӣ наздик шавад.

Дар авохири соли гузашта дар ин кишвар як гурӯҳи корӣ аз ҷумлаи мушовирони ҳуқуқии риёсати ҷумҳурӣ, намояндагони вазорати додгустарӣ ва кормандони дигари ниҳодҳои интизомӣ лоиҳаи Қонун дар бораи миёнҷигариро омода кардаанд ва ин тарҳ дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

Яке аз аҳдофи аслии таҳияи ин тарҳи қонун баррасии парвандаҳои марбут ба ҷароими кӯдакон ва ноболиғон, бавижа онҳое, ки бори аввал даст ба иртикоби ҷароим задаанд ё қонунро андаке нақз кардаанд, аз роҳи миёнҷигарӣ аст, то дар онҳо масъулон тавонанд ҷонибҳоро ба бахшудагӣ даъват кунанд.

Тарҳи ин қонун дар авохири соли 2013 дар ҳамоишҳои ниҳодҳои мухталифи Тоҷикистон баррасӣ шуд ва то ҳол баррасии он аз сӯйи бархе аз созмонҳои ғайридавлатии ҳуқуқӣ идома дорад.

Ба гуфтаи Абӯбакр Иномов, масъулон ба пешниҳодҳои мушаххасе барои комил кардани ин лоиҳа ниёз доранд ва дар марҳалаи ниҳоии ин тарҳ пешниҳодҳои муфид пазируфта хоҳанд шуд.

Дар ин нишаст аз ҷумла намояндаи Додситонии куллии Тоҷикистон пешниҳод кард, ки барои комил сохтани қонун бояд аз таҷрубаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Суис, истифода шавад.

Барои мисол, дар он кишвар барои навҷавоне, ки даст ба сирқат дар як мағоза задааст, ба унвони муҷозот ду ҳафта кори ройгон дар ин муассиса муқаррар шудааст.

Афзоиши ҷароими дар миёни ноболиғон

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ дар се моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон беш аз 110 ҷурм бо ширкати ноболиғон ва ҷавонони зери синни 18-сола сабт шудааст, ки дар муқоиса бо даврони мушобеҳ дар соли гузашта афзоиши қобили таваҷҷуҳеро нишон медиҳанд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Иномов гуфт, ки Тоҷикистон дар садади ислоҳи қонуни додгустарӣ бавижа барои ноболиғон аст

Кормандони интизомӣ мегӯянд, ки беш аз 65 дар сади ҷароим дар миёни ноболиғонро сирқат ташкил медиҳад. Ба эҳтимоли зиёд, бархе аз ноболиғон барои дуздии маводди ғизоӣ ва коло дар бозорҳо ва мағозаҳо боздошт шудаанд.

Гулчеҳра Раҳмонова, раҳбари Маркази ғайридавлатии ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон ва яке аз мубтакирони баргузории ҳамоиши имрӯз, мегӯяд, ки барои исботи ночиз будани бархе аз ҷароим, ки кӯдакон ва ноболиғон муртакиб мешаванд, вукалои мудофеъ дар ҷаласоти додгоҳӣ ширкат мекунанд.

Ва ӯ мегӯяд, ки бо таваҷҷуҳ ба душвориҳои дастрасии ноболиғон ба хадамоти вукалои мудофеъ, яке дигар аз масоили матруҳа дар нишасти имрӯз ҳамин мавзӯъ будааст.

Аммо Баҳодур Саидов, як вакили мудофеъ, мегӯяд, ки ироаи хадамоти вукалои мудофеъ ба ноболиғон ройгон аст. Вале ӯ афзуд, ки бо ин вуҷуд вукалои мудофеъ водор ба пардохти молиёт аз даромад мешаванд, ки ин омил ширкати вукало дар муҳокимаҳои ройгонро мушкил сохтааст.

Оқои Саидов пешниҳод карда, ки ҳадди ақал барои дастрасии ноболиғон ба хадамоти ройгони вукалои мудофеъ ҳуқуқдонҳо аз пардохти молиёт муъоф ва ё аз имтиёзоте дар ин замина бархурдор шаванд.

Аз сӯйи дигар, дар чанд соли ахир бахши байналмилалии мубориза бо қочоқи маводди мухаддири сафорати Омрико дар Тоҷикистон дар чорчӯби як барномаи вижа бо Маркази ғайридавлатии ҳуқуқи кӯдак дар заминаи таъмини ройгони дастрасии кӯдакон ва ноболиғон ба вукалои мудофеъ ҳамкорӣ мекунад.

Дар чорчӯби ин барнома фаъъолиятҳое барои боло бурдани худогоҳии ҳуқуқии сокинони Тоҷикистон, ироаи кумакҳои фаннӣ барои анҷоми ислоҳот дар системи додгустарӣ ва забономӯзии кормандон анҷом шудааст.

Матолиби муртабит