Маҳкумияти як қозӣ ба панҷ сол зиндон ба ҷурми ришваситонӣ
Image copyrightBBC World ServiceДодгоҳи олии Тоҷикистон Дилшод Рофиев, қозии додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар шимоли Тоҷикистонро, ба иттиҳоми ришваситонӣ ба панҷ соли зиндон маҳкум кардааст.
Оқои Рофиев тирамоҳи соли гузашта аз сӯйи маъмурони Ожонси мубориза бо фасод дар вилояти Суғд ба занни гирифтани 500 дулор ришва боздошт шуда буд.
Вале ҳукми боздошти оқои Рофиев аз сӯйи Додгоҳи олии Тоҷикистон таъйид шуда ва муҳокимаи ӯ низ дар ин додгоҳ рӯзи гузашта анҷом шудааст.
Манобеъи Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз ироаи иттилоъ дар ин бора худдорӣ карданд.
Вале Файзиниссо Воҳидова, ҳуқуқдони саршинос, мегӯяд, ки Дилшод Рофиев аз қуззоти ҷавони кишвар маҳсуб шуда ва ду-се сол қабл ба ин вазифа истихдом шудааст.
Тибқи итилоъи вай, Дилшод Рофиев барои баррасии як парвандаи ҷиноӣ аз афроди муҷрим як ҳазор дулор ришва талаб карда ва ба ҳангоми гирифтани 500 дулор боздошт шудааст.
Хонум Воҳидова дар посух ба ин суол, ки оё дар шимоли Тоҷикистон теъдоди қуззоте, ки ба иттиҳоми ришваситонӣ боздошт ва муҷозот мешаванд зиёд аст, гуфт, ки чунин амр гоҳ-гоҳе рух медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи вай, муҷозоти қуззот барои ришваситонӣ ахиран дар қисмати марказӣ ва ҷанубии Тоҷикистон бештар мушоҳида мешавад. Аз сӯйи дигар, вай гуфт, ки дар чанд соли ахир ба симатҳои қозӣ дар вилояти Суғд умдатан аз ҷумлаи кодрҳои зодаи ҷануби Тоҷикистон мансуб мешаванд.
Мавзӯъи фасод дар фаъъолияти қуззоти Тоҷикистон аз мавзӯъоти доғ дар миёни ҷомеъаи кишвар маҳсуб ёфта ва пайваста мақомоти баландпоя низ дар ин замина изҳори нигаронӣ мекунанд.
