Дар Тоҷикистон фақат 88 дарсади кӯдакон сабти ном мешаванд

Бино ба натоиҷи таҳқиқоти ахири Сандуқи кӯдакони СММ (Unicef) 12 дарсади кӯдакон дар Тоҷикистон баҳангоми таваллуд сабти ном намешаванд. Натоиҷи ин таҳқиқот ба муносибати 67-умин солгарди таъсиси ин идораи СММ рӯзи 11-уми декабр мунташир шуд.
Бар асоси ин таҳқиқот ҳар севум кӯдаки то панҷсола дар ҷаҳон гувоҳиномаи таваллуд надорад.
Unicef мегӯяд, ба ин тартиб ҳоло дар ҷаҳон 230 милюн кӯдаки то панҷсола расман вуҷуд надоранд, ки ин ҳолат онҳоро дар баробари ғафлат ва бадкорӣ мегузорад.
Ба гуфтаи муттахасисони ин идораи созмони милал шаҳодатномаи таваллуд барои кӯдакон замонат медиҳад, то ҳаққашон ва хадамоти асосӣ ба монанди таҳсил барояшон инкор нашавад.
Кишварҳое, ки кӯдакон дар онҳо бештар аз ҳар ҷойи дигар сабти ном намешаванд, Офриқои Ҷанубӣ ва Офриқои Сиёҳ будааст.
Ин таҳқиқот ҳокӣ шудааст, ки бештарин дарсади кӯдакони сабтиномнашуда дар миёни кишварҳои Иттиҳоди Шӯравии пешин, дар Тоҷикистон будааст.
Unicef мегӯяд, дар соли 2012 дар ин кишвар фақат 88 дарсади кӯдакони то панҷсола шаҳодатномаи таваллуд доштанд.
Дар Осиёи Миёна сад дарсади кӯдакон фақат дар Қазоқистон ва Ӯзбакистон сабти ном шудаанд.
Дар Қирғизистон ва Туркманистон ин омор баробари 96 дарсад буда ва дар Афғонистон фақат 37 дарсади кӯдакон баҳангоми таваллуд сабти ном мешаванд.
Ин дар ҳолест, ки Гито Роу Гупто, муъовини раиси иҷроияи Unicef мегӯяд: “Сабти номи таваллуд натанҳо ҳаққи кӯдак аст, балки нахустин нишони ба расмият шинохта шудан ва эътироф шудани як кӯдак аз сӯйи ҷомеъа аст.”
Ӯ афзуда, ки “Гувоҳиномаи таваллуд ба кӯдакон замонат медиҳад, ки онҳо фаромӯш нашаванд ва ҳаққашон ба онҳо дода шавад ва онҳо аз рушди миллаташон дар канор намонанд.”
Дар ин таҳқиқоти мавсум ба “Ҳаққи Ҳар Кӯдак Ҳангоми Таваллуд: Нобаробарӣ ва равандҳо баҳангоми сабти ном” Unicef” раванди сабни номи таваллуди кӯдакорн дар 161 кишвари ҷаҳон омӯхта шудааст.
Дар ин таҳқиқот омадааст, ки дар соли 2012 фақат шаст дарсади кӯдакон дар ҷаҳон ба ҳангоми таваллуд сабти ном шудаанд.
Нархи гарони раванди сабти ном, ноогоҳӣ аз қонун, садҳои фарҳангӣ ва бим аз табъиз аз мавонеъе ҳастанд, ки Unicef дар роҳи сабти номи кӯдакон ва дарёфти гувоҳиномаи таваллуд барчидааст.
Созмони миллал мегӯяд кӯдаконе, ки баҳангоми таваллуд сабти ном намешаванд ва ё санади ҳуввият надоранд аксаран аз ҳаққи таҳсил, хадамоти пизишкӣ ва амнияти иҷтимоъӣ бархурдор нестанд.
Дар сурате, ки чунин кӯдакон баҳангоми вуқуъи ҳаводиси табиъӣ, ҷанг аз волидайнашон ҷудо шаванд, бозгардонидани онҳо ба хонаводаҳояшон ба хотири набуди санад мушкил мешавад.
