Имтиҳони вукалои мудофеъ: Оё даҳони ҳуқуқдонҳоро мешавад баст?

Вазорати додгустарии Тоҷикистон мегӯяд тарҳи ҷадидеро барои таъсиси кумисиюни вижа барои таъйиди салоҳияти вукалони мудофеъ дар ин кишвар рӯйи даст гирифтааст.
Ба гуфтаи масъулони ин вазорат, қарор аст ин тарҳ дар ояндаи наздик барои тасвиб ба давлати Тоҷикистон пешниҳод шавад. Абдуманон Холиқов, муъовини вазири додгустарии Тоҷикистон, мегӯяд, ки гурӯҳи кории ин кумисиюн аз нӯҳ нафар иборат хоҳад буд.
Оқои Холиқов дар нишасти матбӯъотии ахири ин вазорат гуфт, ки аз ин шумора панҷ нафар аз ҷумлаи вукалои мудофеъ ва як нафар ба намояндагӣ аз порлумон, як олими ҳуқуқдон ва ду нафар аз ҷумлаи кормандони Вазорати додгустарии Тоҷикистон хоҳанд буд.
Вай дар маврди ҳадаф аз тасмими таъсиси ин кумисиюн гуфт: "Давлат бо озмоиши вукалои мудофеъ, қасди бозпас гирифтани ваколатҳои онҳоро надорад. Балки мехоҳад сатҳи дониши касбии онҳоро муъайян кунад. Зеро давлат кафолати таъмини хадамоти ҳуқуқӣ барои шаҳрвандонро додааст. Барои ин иқдом мутахассисоне заруранд, ки манфиъатҳои шахсиро канор гузошта ва манфиъатҳои умумиро ба назар бигиранд."
Ин дар ҳолест, ки бархе аз вукалои мудофеъ дар Тоҷикистон мегӯянд, ки бо роҳандозии ин тарҳ мақомоти давлатӣ қасд доранд, ки фаъъолияти вукалоро таҳти назорат қарор бидиҳанд.
Аз ҷумла Файзиниссо Воҳидова, яке аз ин вукало, мегӯяд, ки бо иҷрои ин тарҳ "давлат мехоҳад яке аз ниҳодҳои иҷтимоъии дигари озод дар ин кишварро зери кунтрули худ бигирад."
Хонуми Воҳидова таъкид кард, ки вукалои мудофеъ ба ҳеҷ гуна кумисиюни таъйиди салоҳият ё озмоиши сатҳи дониш ниёз надоранд.
Вай гуфт: "Барои иҷрои ин тарҳ давлатро лозим аст, моддаҳои 19 ва 92 -и Қонуни асосии Тоҷикистонро иваз кунад. Зеро дар моддаи 19-и ин Қонуни асосӣ омада, ки ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро додгоҳи босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфта, баррасӣ намояд. Ҳамчунин Қонуни асосӣ ба мардум ҳаққи интихоби озоди вакили мудофеъро додааст."
Вай меафзояд, ки тарҳи ҷадид бо Қонуни асосии Тоҷикистон муғойир аст ва аз фаъъолияти озодонаи вакилони мудофеъ монеъ мешавад.
Аммо Рустам Менглиев, вазири додгустарии Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 23 июл дар нишасти матбӯъотии ин вазорат гуфт, ки вакилони мудофеъе, ки аз озмоиши кумисиюни вижа мегузаранд, маъоши моҳонаро аз вазорат хоҳанд гирифт.
Ӯ мегӯяд, ки яке аз аҳдофи роҳандозии ин тарҳи ҷадиди вазорат таъмини комили хадамоти вакили мудофеъ барои мардуми камбизоъати Тоҷикистон аст. Дар назар аст, ки раҳбари ин кумисиюни вижа яке аз муъовинони вазир бошад.
