Вазорати додгустарӣ: "Лағви ҷазои ҳукми эъдом дар ҳоли баррасӣ аст"
Image copyrightBBC World ServiceВазорати додгустарии Тоҷикистон аз гуфтааст имкони манъи судури ҳукми эъдом тавассути додгоҳҳо дар ин кишвар вуҷуд дорад.
Рустам Менглиев, вазири додгустарии Тоҷикистон дар нишасти матбӯъотии ин ниҳод, ки рӯзи панҷшанбеи 30 январ доир шуд, гуфт гурӯҳе аз ҳуқуқдонон дар ҳоли баррасии имкони ҳазфи муҷозоти эъдом дар қавонини ин кишвар ҳастанд, аммо назароти мутафовуте дар ин замина миёни ҳуқуқдонони кишвар вуҷуд дорад.
Вай афзуд, ки дар даҳ соли ахир давлати Тоҷикистон таъаҳҳудоти худро дар назди ҷомеъаи байналмилалӣ дар мавриди таълиқи ҳукми эъдом иҷро мекунад ва давлат дар робита ба ин тағйироте низ дар қонуни ин кишвар ворид кард.
Оқои Менглиев афзуд: "Агар иштибоҳ накунам, имрӯз дар қонун танҳо панҷ моддае мавҷуд аст, ки муҷозот дар он ҳукми эъдом пешбинӣ шудааст, аммо дар амал онҳо истифода намешаванд."
Аммо оқои Менглиев гуфт, ки мусалламан Тоҷикистон ҳукми эъдомро комилан дар ин кишвар лағв хоҳад кард.
Ӯ гуфт: "Ҳоло гурӯҳе аз ҳуқуқдонҳо машғули фаъъолият ҳастанд то ин иқдомро дар ин кишвар иҷро кунанд. Аммо бояд дар назар дошт, ки дар Тоҷикистон ду мавқеъ дар мавриди лағви он вуҷуд дорад. Якеҳо мегӯянд, ки бидуни ислоҳот дар қонуни асосии ин кишвар намешавад ин ҳукмро истифода ва ё лағв кард, зеро барои содир кардани ҷароими сангин қонуни асосӣ маҳкумият ба эъдомро муъайян кардааст."
Вале вазири додгустарӣ гуфт, ки гурӯҳе низ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки муътақид ба лағви ҳукми эъдом бидуни ворид кардани тағйироте ба қонуни асосӣ будааст.
Оқои Менглиев гуфт: "Ҳуқуқҳои байналмилалӣ низ ба кишварҳо имкони лағви ҳукми эъдомро бо дарназардошти эҳтимоли истифода аз он дар давраи вуқӯъи ҷанг медиҳанд. Гурӯҳи ҳуқуқдонҳо дар Тоҷикистон бо ҳар дуи ин гузинаҳо кор мекунад ва бидуни шак ин масъала ҳалл хоҳад шуд. Аммо кадоме аз ин мавқеъро интихоб мекунанд, вақт нишон медиҳад."
Дар соли 2008 Кумисиюни Урупо аз кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон дархост карда буд, ки ҳукми эъдомро ба куллӣ лағв кунанд. Давлати Тоҷикистон дар соли 2004 ҳукми эъдомро ба таълиқ дароварда буд.
Ҳуқуқдонҳо лағви ҳукми эъдомро, бавижа дар кишварҳое, ки системи қазоии мустақилл, шаффоф ва саҳеҳ надоранд, муҳимм арзёбӣ мекунанд. Зеро лағви он аз эҳтимоли нобудии афроди бегуноҳ дар асари иштибоҳоти ношӣ аз муҳокимаҳои печидаи қазоӣ ва ё ангезаҳои дигар чилавгирӣ хоҳад кард
Вазири додгустарии Тоҷикистон дар ин нишасти матбуъоӣ ба мавзуъи шумори зиндониён дар ин кишвар пардохт ва гуфтдар зиндонҳо ва муассисаҳои бастаи ин кишвар ҳудуди 10 ҳазор нафар аз зиндониён ба сар мебаранд, ки 50 нафар аз онҳо барои ҳукми абад зиндонӣ шудаанд.
Ҳамчунин ба гуфтаи оқои Менглиев беш аз 260 нафар аз зиндониён дар Тоҷикистонро занон ва духтарон ташкил медиҳанд.
Оқои Менглиев дар посух ба суоле, ки чи қадар афроди хориҷӣ дар Тоҷикистон зиндониянд, гуфт: "Дар зиндонҳои Тоҷикистон 320 нафар аз шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Афғонистон, Чин, Узбакистон ва Қирғизисон ба сар мебаранд."
