Вазири дохила: Шахсан ман мухолифи лағви ҳукми эъдом ҳастам
Вазири умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ки бо дарназардошти иртикоби бархе аз ҷароими сангин дар ҷомеъа ӯ мухолифи лағви ҳукми эъдом дар ин кишвар аст.
Аммо Рамазон Раҳимов рӯзи ҷумъаи 19 июл дар нишасти матбӯъотии ин вазорат дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, ки Тоҷикистон бояд таъаҳҳудоти худ ба ҷомеъаи байналмилалиро иҷро кунад ва мақомот ҳоло машғули баррасии мавзӯъи лағви ин ҳукм будаанд.
Оқои Раҳимов гуфт: "Агар ақидаи шахсии маро пурсед, ман мухолифи лағви ҳукми эъдом ҳастам, зеро бархеҳо дар ҷомеъа ба иртикоби ҷароиме даст мезананд, ки бахшидани онҳо имкон надорад. Аммо мо бояд мутобиқ бо истондордҳои байналмилалӣ дар бораи ҳукми эъдом рафтор кунем."
Ба гуфтаи вай, ҳоло давлати Тоҷикистон дар сутуҳи мухталиф машғули баррасии лағви комили ҳукми эъдом дар ин кишвар аст. Вай афзуд, ки давлат гурӯҳи вежае барои пурсиши афкори умумӣ ва назароти кормандони интизомӣ дар мавриди лағв ва ё боқӣ гузоштани ин ҳукм таъсис додааст.
Қонуни кайфарии Тоҷикистон барои панҷ ҷурм, аз ҷумла одамкушӣ, таҷовуз ба номус, терурисм, наслкушӣ ё генотсид, биютсид ё тахриби табиъат маҳкумият ба эъдомро дар назар гирифтааст. Аммо Тоҷикистон аз соли 2004 иҷрои ҳукми эъдом дар ин кишварро ба таълиқ даровардааст.
Аз миёни кишварҳои Осиёи Миёна, Туркманистон дар соли 1999, Қирғизистон дар соли 2007 ва Узбакистон дар соли 2008 муҷозоти қатл ё эъдомро дар кишварҳояшон лағв карданд. Аммо муҷозоти эъдом дар Тоҷикистон ва Қазоқистон, ду кишвари дигари минтақа, ҳануз лағв нашудааст.
Мудофеъони ҳуқуқи башар бо таваҷҷуҳ ба имкони эъдом шудани афроди бегуноҳ ва ё мухолифони сиёсӣ дар кишварҳое монанди Тоҷикистон, ки системи қазоӣ дар онҳо пешрафта ё мустақил нест ва ҳар гуна иштибоҳ ё тахаллуф дар фаъолияти додгоҳҳо мушоҳида мешавад, аз мақомоти ин кишварҳо даъват мекунанд, ки ҳукми эъдомро дар кишварҳояшон лағв кунанд.
