Тасҳили шароити зиндониёни маҳкум ба ҳасби абад дар Тоҷикистон

Порлумони Тоҷикистон барои беҳбуди шароити зиндониёни маҳкум ба ҳабси абад тадобиреро иттихоз кард.
Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 10 октябр зимни баррасӣ ва тасвиби ислоҳия ба Қонуни "Иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон" теъдоди мулоқоти пайвандони ин маҳсубон бо онҳоро аз як то ду маротиба дар сол афзоиш дод.
Ҳамчунин, тибқи ин санади ҳуқуқӣ миқдори баста ё маводди мавриди ниёз барои маҳбусон, ки аз ҷониби хонавода ва наздикони онҳо ирсол мешавад, солиёна аз 2 то 4 маротиба бештар хоҳад шуд.
Рустам Менглиев, вазири адлияи Тоҷикистон, ки дар иҷлоси Маҷлиси намояндагон суҳбат мекард, гуфт, аз ин имтиёз "маҳбусони рафтору кирдори хубу намунавӣ дошта" бархурдор хоҳанд шуд.
Зимнан, созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари байналмилалӣ ва дохилӣ дар Тоҷикистон мукарраран аз шароити номусоъиди нигаҳдории зиндониёни маҳкум ба ҳабси абад дар ин кишвар интиқод карда ва гуфтаанд, ки дар зиндон ҳуқуқи ин афрод нақз мешавад.
Ин созмонҳо хостори ислоҳи вазъи мавҷуда дар зиндонҳои кишвар ва беҳбуди шароити нигаҳдории зиндонёни маҳкум ба ҳабси абад шуда буданд.
Бино ба иттилоъи Вазорати адлияи Тоҷикистон, дар ин кишвар беш аз 50 нафар ба ҳабси абад маҳкум шудаанд. Аммо манобеъи ғайрирасмӣ теъдоди зиндониёни маҳкум ба ҳабси абад дар Тоҷикистонро болиғ ба 60 нафар гуфтаанд.
Дар ҳамин ҳол, Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, чанде қабл дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфта буд, ки танҳо дар соли 2011 додгоҳҳои ин кишвар 13 нафарро маҳкум ба ҳабси абад кардаанд.
Оқои Абдуллоев далели афзоиши ҳукми ҳабси абадро ба ҳаводиси фирор ва боздошти 25 тан аз маҳбусони боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ дар моҳи августи соли 2010, омилони даргириҳо дар водии Рашт, дар шарқи Тоҷикистон, ва ҳамла ба идораи пулис дар шаҳри Хуҷанд марбут хонд.
Дар соли 2010 теъдоди афроде, ки аз ҷониби додгоҳҳои Тоҷикистон ба ҳабси абад маҳкум шудаанд, 3 нафар будааст.
Ҳабси абад сангинтарин ҷазо дар Тоҷикистон маҳсуб шуда ва аз соли 2004 ҷойгузини ҳукми эъдом шудааст. Дар ин сол дар ин кишвар иҷрои ҳукми эъдом ё қатл ба таълиқ даромад.
Ғаффор Мирзоев ва Суҳроб Лангариев, фармондеҳони пешини Ҷабҳаи халқ ё Фронти халқӣ, ки дар ба қудрат расидани ҳукумати феълӣ ба раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар даҳаи 1990 нақши калидӣ доштанд, аз ҷумлаи зиндониёни ҳабси абад маҳсуб мешаванд.
Ин ду фармондеҳи пешин ба иттиҳоми талош барои сарнагун сохтани низомӣ феълӣ ва хиёнат ба ватан зиндонӣ шудаанд.
