"Маҳбусони ҳабси абад, ҳуқуқи баробар бо зиндониёни дигарро доранд"

Ҳуқуқдонҳо мегӯянд, ки зиндониёне, ки ба ҳабси абад маҳкум шудаанд, бояд ҳуқуқи баробар бо маҳбусони маъмулиро дар муассисаҳои баста дошта бошанд.
Аз ин рӯ ба гуфтаи онҳо қонун барои ин афрод мебояд имтиёзҳои баробар бо зиндониёни дигар дар муассисоти баста дар Тоҷикистонро таъмин кунад.
Ба ин нукта масъулони баргузоркунандаи семинори омӯзишӣ барои нозирони зиндонҳои Тоҷикистон таъкид кардаанд.
Сауле Мектепбаева, раиси намояндагии созмони байналмилалии Ислоҳоти қонуни кайфарӣ дар Осиёи Марказӣ мегӯяд, ки дар ин ҳамоиши омӯзишӣ беш аз 15 нафар аз корманди ҷавон, ки дар муассисоти баста маҳбусонеро, ки додгоҳҳои мухталиф дар солҳои гуногун онҳоро ба ҳабси абад маҳкум карданд, назорат мекунанд, гирди ҳам оварда шудаанд.
Дучори афсурдагӣ ва бемориҳои рӯҳӣ
Хонуми Мектепбаева, афзуд: "Дар ин давраҳо дар канори муносибати хуб кардани нозирон бо зиндониёне, ки ба ҳабси абад ва ҳабсҳои тӯлонӣ маҳкум шудаанд, нозирони зиндонҳо ҳамчунин дар мавриди таъмини амнияти худи онҳо низ омӯзиш меёбанд.”
Вай афзуд, ки афродеро, ки ҷурм содир мекунанд ба маҳбас барои ислоҳ шудан мефиристанд ва ӯ мегӯяд таҳқиқотҳо ҳокист, бисёре аз маҳбусон, ки дар муассисаҳои баста аз панҷ сол беш ба сар мебаранд, дучори афсурдагӣ ва бемориҳои рӯҳӣ мешаванд.
Аз ин рӯ хонуми Мектепбаева мегӯяд: "Тибқи истондортҳои байналмилалӣ ҳуқуқ ва имтиёзҳо дар ин муассисот барои ҳамаи зиндониён, яъне ҳам барои онҳое, ки чанд сол маҳкум ба ҳабс шудаанд ва ҳам барои зиндониёни ҳабси абад ҳамгун ҳастанд."
Аз ин рӯ яке аз масъалаҳои аслии матруҳа дар ҷараёни ин семинор имкони масъалагузорӣ дар мавриди баробар кардани ҳуқуқ ва имтиёзҳо барои ҳамаи зиндониён дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа хоҳад буд.
Баҳром Абдулҳақов, муъовини раиси Идораи умури зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон, дар суҳбат бо Би-би-сӣ мегӯяд, ки гуфтугӯҳои мухталиф дар мавриди ворид сохтани тағйирот ба қонуни нигаҳдорӣ дар маҳбас дар ин кишвар анҷом гирифтааст.
Вай афзуд: "Яъне нахуст мо бояд мо дар мавриди ин қонун таҷдиди назар кунем ва сипас чигунагии назорат бар ин муассисот низ ба тағйироте дар ин қонун вобаста хоҳад буд."
Аммо оқои Абдулҳақов мегӯяд, ки дар системи зиндонҳо дар чанд соли ахир беҳбудиҳо низ ба назар мерасанд ва аз ин рӯ расонаҳо бояд масъалаи вобаста ба нигаҳдорӣ дар зиндонҳоро якҷониба, яъне танҳо "бад" баррасӣ накунанд.
Оқои Абдулҳақов қабл аз оғози давраи омӯзишӣ барои кормандони зиндонҳо, ки рӯзи душанбеи 16 сентябр дар маркази бозомӯзии идораи умури зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон оғоз шуд, суханронӣ кард ва нақши чунин семинорҳо барои таълими кормандони ҷавони идора ва боло бурдани дониши сиёсӣ ва ҳуқуқии онҳо назаррас хонд.
Масъулони ин идора аз ифшои шумораи маҳбусоне, ки дар муассисоти бастаи Тоҷикистон ба унвони маҳбусӣ "якумрӣ" нишастаанд, худдорӣ кардаанд., вале бар асоси иттилоъи ғайрирасмӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон беш аз 60 нафар зиндоние, ки додгоҳҳо онҳоро барои ҷароими мухталиф маҳкум ба ҳабси абад кардаанд, ба сар мебаранд.
Дар миёни ин афрод, Мирзо Ғаффоров ва Суҳроб Лангариев ду нафар аз фармондеҳони "Ҷабҳаи мардумӣ", ки дар ба қудрат расидани Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар авоили солҳои 1990 нақши созандае дошт, низ будаанд.
Ҳамчунин иддае аз мухолифони пешин низ дар солҳои қаблӣ маҳкум ба ҳабси абад шуда ва ҳоло дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд.
Аксари хешовандони зиндониёне, ки ба ҳабси абад маҳкум шуданд, иддаъо мекунанд, ки пайвандони онҳо бегуноҳ равонаи зиндонҳо шудаанд.
Шиканҷа дар зиндон
Яке аз мушкилоти умдае, ки ахиран дар муносибати нозирон ва зиндониён дар Тоҷикистон дар чанд соли ахир матраҳ будааст, эъмоли шиканҷа алайҳи маҳбусон аз сӯйи зиндонбонҳо будааст.
Яке аз муҳокимаҳои пурсару садо дар ин бора даъвои додгоҳӣ миёни пайвандони Ҳамза Икромзода, маҳбуси қаблии зиндони шумораи яки шаҳри Душанбе ва масъулони Идораи умури зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон дар мавриди марги мармузи Икромзода дар ин зиндон буд.
Дар пайи шикояти волидони Ҳамза аз эъмоли шиканҷа алайҳи фарзандашон додгоҳи ноҳияи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе яке аз кормандони зиндони шумораи якро, дар лату кӯби вай муқассир донист ва ӯро барои панҷ солу панҷ моҳ равонаи зиндон кард.
Қозии ин парванда Маҳмуд Исмоъиловро бар асоси қисмаи 3 моддаи 316-и қонуни ҷазои Тоҷикистон, яъне "хориҷ шудан аз ҳадди салоҳият" муҷрим донист.
Сауле Мектепбаева, раиси намояндагии созмони байналмилалии Ислоҳоти қонуни кайфарӣ дар Осиёи Марказӣ мегӯяд, ки дар мавриди шиканҷа низ онҳо дар миёни кормандони зиндонҳо дар кишварҳои мухталифи минтақа семинорҳоеро доир карданд.
Вале ӯ афзуд, ки маҳви комили ин падидаи номатлуб дар зиндонҳо ба боз будани дари ин муассисот барои боздиди намояндагони созмонҳои ҳуқуқи башар, созмонҳои кумаккунанда ва хабарнигорони расонаҳо ва суҳбати озоди онҳо бо зиндониён аз шароити нигаҳдории онҳо дар ин муассисот бастагӣ доштааст
