Сонеҳаҳо дар вилояти Суғд ҷони се нафарро рабурд
Бар асоси иттилоъи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар сонеҳае дар вилояти Суғди ин кишвар, ду нафар аз сарнишинони утумубил кушта шуда ва ду кӯдаки дигар шадидан ҷароҳат бардоштаанд.
Дар сойти расмии ин ниҳод, омадааст, ки Илҳомҷон Абдуллоеви 34-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, натавонистааст, утумубилро идора кунад ва дар натиҷа ба симҷуби канори роҳ тасодум кардааст.
Дар ин хабар, ки рӯзи душанбеи 12 май мунташир шудааст, гуфта мешавад, ки оқои Абдуллоев ва Муназзам Абдулоева, мусофири дигари мошин ҷароҳати сангин бардошта ва дар бемористон ҷонҳои худро аз даст медиҳанд.
Ду кӯдаки дигар, аз ҷумлаи мусофирони мошин, ки зоҳиран фарзандони оқои Абдуллоев ҳастанд, низ дар ин воқеъа ҷароҳати сангин бардошта ва дар бемористон таҳти муроқибати пизишкон қарор гирифтаанд. Яке аз ин кӯдакон ҳамагӣ се сол дошта ва дигаре нӯҳсола будааст.
Дар хабари дигаре, пулиси роҳ аз кушта шудани як кӯдак дар тасодум дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд иттилоъ додаст. Сорохон Ҷӯраеваи 2-сола дар натиҷаи тасодуми утумубил дар хиёбони Ҷавонони ин шаҳр ҷони худро аз даст додааст.
