Маҷлиси авоми Белжик "марги худхостаи" кӯдаконро қонунӣ кард

  • 14 Феврал, 2014
Image copyrightAP
Image caption Қонуни марги худхоста баҳсҳои шадидеро дар маҷлиси Белжик барангехтааст

Маҷлиси авоми Белжик қонуни "марги худхостаи " кӯдаконро, ки ду моҳу ним пеш ба тасвиби маҷлиси сенои ин кишвар расида буд, бо аксарияти чашмгир таъйид кард.

Бо тасвиби ин қонун Белжик аввалин кишваре аст, ки марги худхостаро, ки онро "марги боиззат" низ меноманд, бидуни маҳдудияти синнӣ ба расмият шинохтааст.

Бар асоси ин қонун кӯдаконе, ки ба бемориҳои бедармон ва пешрафта ё дардҳои бетаскин дучоранд, метавонанд дархости марг кунанд.

Пас аз он подшоҳ Филип бояд ин қонунро имзо кунад, аммо ба назари коршиносон ин имзо бештар ҷанбаи ташрифотӣ дорад ва тасвиби ин қонун дар маҷлиси авом ба ин маънӣ аст, ки тамоми мавонеъи қонунӣ барои иҷрои он бардошта шудааст.

Белжик дар соли 2002 аз утонозӣ, ки иддае ҳам онро "марг аз рӯйи тараҳҳум" мехонанд, барои афроди болои 18 сол ҷурмзудоӣ кард.

Ҳуланд кишвари ҳамсояи Белжик "марги худхостаро" барои кӯдакони болои 12 сол ба расмият шинохтааст.

Бар асоси қонуни Ҳуланд дархости бемор барои марг агар "довталабона ва бадиққат фикршуда" бошад, бояд ба василаи пизишкон иҷобат шавад ба шарти он ки бемор аз таҳаммул хориҷ бошад ва ҳеҷ умеде ба беҳтар шудани он вуҷуд надошта бошад.

Хабарнигори Би-би-сӣ дар Белжик мегӯяд ин қонун аз ҳимояти густардае бархӯрдор аст ва интизор меравад маҷлиси авом онро тасвиб кунад.

Бо ин ҳол, ҳам дар маҷлиси авом ва ҳам дар расонаҳо ва байни мардум баҳсҳои шадиде дар бораи ин қонун даргрифтааст.

Мухолифон мегӯянд кӯдакон барои чунин тасмими муҳим ва душворе салоҳият надоранд. Раҳбарони масеҳӣ, мусалмон ва яҳудӣ дар Белжик яксадо ба ин қонун эътироз карда ва "нигаронии шадиди" худро аз хатароти "оддӣ" шудани марги худхоста иброз кардаанд.

Мухолифон ҳамчунин нигаронанд, ки кӯдакони мубтало ба афсурдагӣ бо беиштиҳоии маразӣ низ чунин дархосте кунанд.

Кристиян Бруткурн, раҳбари фаронсазабонҳои маҷлиси Белжик мегӯяд "агар падар ва модар дар ин бора бо ҳам тавофуқ надошта бошанд, ё равонпизишк назар бидиҳад, ки кӯдак аз фаҳми шароит нотавон аст, чи хоҳад шуд?"

Ҳомиёни қонун мегӯянд марги боиззат ҳаққи ҳама ҳаст ва утонозии кӯдаконе мубтало ба бемориҳои пешрафта ва бедармонро аз дарди ваҳшатнок ва беҳосил наҷот медиҳад.

Тибқи қонун иҷрои утонозӣ чанд шарт дорад:

  • Кӯдаки бемор бояд ҳушёрии кофӣ дошта бошад ва маънои утонозиро комилан бифаҳмад.
  • Бемор бояд борҳо дархости марг карда бошад.
  • Падару модар ва пизишкон бояд бо ин дархост мувофиқ бошанд.
  • Беморӣ бояд дар охирин мароҳили пешрафтагӣ бошад.
  • Бемор бояд дарди шадид дошта бошад ва барои таскин ё тахфифи он роҳе вуҷуд надошта бошад.

Дар моҳи ноябри соли гузаштаи мелодӣ 16 мутахассиси бемориҳои кӯдакон дар номае саргушода ба намояндагони маҷлис хостори тасвиби ин қонун шуда буданд.

Дар ин нома омада буд: "Таҷрубаи мо нишон медиҳад дар мавориди бемориҳои шадид ва маргҳои қарибулвуқӯъ кӯдакон басуръат ба чунон булуғе мерасанд, ки ағлаб ҳатто аз афроди солим ҳам беҳтар метавонад дар бораи зиндагӣ фикр кунанд ва назар бидиҳанд."

Як моҳ баъд ин қонун бо 50 раъйи мусбат дар баробари 17 раъйи манфӣ дар сено тасвиб шуд.

Филип Моҳу, раҳбари суксиёлистҳои сено ва ҳомии аслии ин лоиҳа онро "ниҳояти бархӯрди инсонӣ" тавсиф кард ва гуфт "ин ки кӯдакон аз беморӣ бимиранд, асбоби шармсорӣ аст, на ин ки аз дард кашидани кӯдакон дар чунин шароите ҷилавгирӣ шавад."

Дар соли 2012 дар Белжик 1432 мавриди марги хоста рух дод, ки нисбат ба соли қабл аз он 25 дарсад афзоиш дошт.

Бештари ин афрод беш аз 60 сол ва саратонҳои бедармон доштанд.

Матолиби муртабит