Озодии 170 нафар аз занони зиндонӣ бар асоси Қонуни афв

  • 3 Ноябр, 2014
Занон дар зиндонImage copyrightBBC World Service
Image caption Ҳудуди 50 дарсади занони зиндонӣ бар асоси ин қонун имрӯз аз зиндон озод шудаанд

Соъати ҳашти субҳи имрӯз 170 нафар аз занон ва духтарон аз танҳо зиндони занона дар ноҳияи Норак дар ҷануби Тоҷикистон тибқи Қонуни ҷадиди афв аз дарвозаҳои ин маҳбасхона ба озодӣ баромаданд.

Қарор аст то авохири замони иҷрои ин қонун бархе дигар аз занону духтарон, ки мавзӯъи озодии онҳо дар ҳоли баррасӣ будааст, озод шаванд. Ҳоло ҳудуди 50 дар сади занони зиндонӣ бар асоси ин қонун имрӯз аз зиндон озод шудаанд

Оғози иҷрои Қонуни афви Тоҷикистон, ки имсол ба 20-солгарди тасвиби Қонуни асосии ин кишвар бахшида шуда буд, бо озодии ин занон оғоз ёфт.

Тибқи иттилоъи Идораи умури зиндонҳои Вазорати додгустарии Тоҷикистон, қарор аст дар тӯли рӯзи душанбеи 3 ноябр бархе дигар аз зиндониён, аз ҷумла ноболиғон низ озод шаванд.

Баҳром Сафаров, раиси ситоди ин идора, рӯзи душанбеи 3 ноябр ба Би-би-сӣ гуфт: “Дар тӯли рӯз 450 нафар аз макони сукунатӣ дар ноҳияи Ваҳдат ба озодӣ мебароянд ва 58 нафар аз зиндониёни муассисаи баста барои кӯдакон ва ноболиғон низ тибқи Қонуни афв ба озодӣ мебароянд.”

Оқои Сафаров мегӯяд, ки ин зиндониён бар асоси қонун афв озод шудаанд ва қарор аст, иҷрои ин қонун дар муассисоти дигари бастаи ин кишвар марҳалла ба марҳалла идома ёбад.

Маъмулан иҷрои қонунҳои афв дар гузашта низ аз зиндони занона, воқеъ дар рустои Ҷал-Ҷали шаҳри Норак, дар 90 килуметрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе оғоз меёфт.

Дар тобистони соли 2011 беш аз 250 нафар аз занони зиндонӣ бар асоси Қонуни афв дар иртибот ба 20-умин солгади истиқлоли ин кишвар аз дарвозаҳои зиндон берун шуда буданд. Аммо дар солҳои баъдӣ бархе аз ин занон ба иллати такрори ҷурм дубора равонаи зиндон шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар авосити моҳи октябр Қонуни афвро ба Маҷлиси намояндагони ин кишвар фиристод ва дар дар авохири моҳи гузашта ин қонун аз сӯйи намояндагони порлумони Тоҷикистон ба тасвиб расида буд.

Дар чорчӯби ин санад беш аз 10 ҳазор зиндонӣ ва афроди мазнун дар иртикоби ҷароими мухталиф дар Тоҷикистон мавриди афв қарор хоҳанд гирифт.

Тибқи ин қонун зиндониёни зан, мардони синни болои 55 сол, собиқадорони Ҷанги Ҷаҳонии Дуюму ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон, осебдидагон бар асари муҳор сохтани фалокати нерӯгоҳи атумии Чернобил, афроди мубталои амрози саратон, сил, қалб ва ҷавонони аз хидмати сарбозӣ саркашикардаро таҳти пӯшиш хоҳад гирифт.

Ҳамчунин, афроде, ки муртакиби ҷароми сангин нашуда ва аз “беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд”, мавриди афв қарор хоҳанд гирифт.

Аммо афроде, ки барои иртикоби ҷароими сангине чун одамкушӣ, таҷовуз ба номус, хиёнат ба ватан, талош барои ғасби ҳокимият, даъват барои тағйири низоми давлатӣ аз тариқи зӯр, ҷосусӣ, тахрибкорӣ ва террурисм зиндонӣ шудаанд, ба феҳристи афв шомил нахоҳанд шуд.

Қонуни афви кунунӣ 14-умин қонуни авф дар Тоҷикистон аст, ки аз замони касби истиқоли ин кишвар дар соли 1991 то ба ҳол тасвиб шудааст.

Матолиби муртабит