Интиқоди Афви Байналмилал аз корзори 'зидди бадахлоқии' пулиси Тоҷикистон

  • 17 Июн, 2014
Amnesty InternationalImage copyrightAMNESTY INTERNATIONAL
Image caption Афви Байналмилал мегӯяд, дар амалиёти пулиси Тоҷикистон як зани ҳомила ва се мард ба занни ҳамҷинсгароӣ низ боздошт шудаанд

Афви Байналмилал, як созмони муътабари мудофеъи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон, аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки ба таъқиби афроди муттаҳам ба “ҷароими ахлоқӣ” дар ин кишвар хотима диҳанд.

Масъулони ин созмон бо пахши иттилоъияе гуфтаанд, ки пулис дар Тоҷикистон аз 6 июн ба ин сӯ беш аз 500 нафар аз сокинонро ба занни русипигарӣ ё ироаи хадамоти ҷинсӣ боздошт кардаанд.

Ҳамчунин, дар ин иттилоъия омада, ки дар амалиётҳои пулис дар канори онҳое, ки дар "ҷароими ахлоқӣ" мазнунанд, як зани ҳомила ва се мард ҳам ба занни ҳамҷинсгароӣ боздошт шудаанд.

Масъулони ин созмон мегӯянд: "Ин афрод ба мошинҳои пулис савор карда шуда ва аз сӯйи ммаъмурон мавриди зарбу шатм қарор гирифтаанд."

Денис Кривошеев, муъовини барномаи созмони Афви Байналмилал дар умури Осиёи Миёна гуфтааст: "Ин ҳамалоти нимашабӣ, ки корзоре алайҳи ҷароими ахлоқӣ хонда шуда, дарвоқеъ ба таъбиз ва бадрафторӣ алайҳи ин афрод табдил шудааст."

Созмони Афви Байналмилал чандин иттилоъро дар мавриди таҷовуз шудани чанде аз боздоштшудагон аз сӯйи пулис дарёфт карда ва мегӯяд пулис дар изои озодӣ аз онҳо дархости ҳамхобагӣ кардааст.

Ин созмон таъкид карда, ки кормандони интизомӣ замоне ки як фардро боздошт мекунанд, бояд муқаррароти ҳуқуқӣ дар мавриди боздошт, аз ҷумла рафтори башардӯстона бо боздоштшудагонро, муроъот кунанд.

Ба гуфтаи масъулони ин созмон, пулис ҳаққи боздошти як фардро бидуни санади вижаи боздошт надошта ва наметавонад танҳо ба хотири “тафсири худ аз ахлоқи умумӣ” фардеро як шабонарӯз бидуни дастрасӣ ба вукалои мудофеъ дар боздоштгоҳ нигаҳ дорад.

Аммо Ҷаллолиддин Садриддинов, сухангӯйи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ин изҳороти созмони Афви Байналмилалро бепоя хонд. Вай рӯзи сешанбеи 17 июн ба Би-би-сӣ гуфт: "Ягон нафар аз афроде, ки дар ҷараёни амалиётҳо боздошт шудаанд, лату кӯб нашудаанд ва милисия (пулис) касеро таҷовуз накардааст."

Оқои Садриддинов мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир тамоми афроде, ки ба занни “бадахлоқии ҷинсӣ” боздошт шуда буданд, озод шудаанд. Вай гуфт, ки аз тарафи боздоштшудагон шикояте дар мавриди лату кӯб ё бадрафтории пулис алайҳи онҳо ба кормандони интизомӣ нарасидааст.

Сухангӯйи пулиси Тоҷикистон гуфт, ки бисёре аз занонро баъд аз сабти ном ва муъоянаи пизишкӣ кормандони пулис "ба дасти хешовандонашон супурдаанд."

Рӯзи 12 июн Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти беш аз 500 нафар ба занни руспигарӣ дар амалиёти вижаи серӯзаи пулис алайҳи “бадахлоқии ҷинсӣ” дар ин кишвар хабар дода буд.

Мунтақидон мегӯянд, ки боздоштҳои худсаронаи онҳое, ки аз сӯйи пулис ба руспигарӣ ё ироаи хадамоти ҷинсӣ ё бадахлоқӣ муттаҳам мешаванд, мухолифи мавозини ҳуқуқи башар ва Қонуни асосии Тоҷикистон аст.

Матолиби муртабит