Пулиси Тоҷикистон феҳристи электруники руспиёнро омода мекунад

  • 5 Июн, 2014
ФаҳшоImage copyrightAFP
Image caption Вазорати кишвари Тоҷикистон аз афзоиши мавориди фаҳшо, даллолагӣ ва занҷаллобӣ ибрози нигаронӣ кардааст

Вазири умури дохилаи Тоҷикистон зимни баргузории як ҷаласаи фаврӣ аз афзоиши мавориди фаҳшо, занҷаллобӣ ва ҷокашӣ ё даллолагӣ ибрози нигаронӣ кардааст.

Тибқи гузориши торнамои ин вазорат, Рамазон Раҳимзода рӯзи панҷшанбеи 5 июн дар ҷаласаи изтирории ин вазорат масъулони бахшҳои мубориза бо тиҷорати (қочоқи) инсони ин ниҳодро муҷозот кардааст, ҳарчанд дар бораи ҳувияти афроди муҷозотшуда ва навъи муҷозоти онҳо иттилоъе дар даст нест.

Оқои Раҳимзода дастур додааст, “афроде, ки бо ҷиноятҳои ахлоқӣ дастгир шуда ё мубтало ба амрози аъзои таносул, назири сӯзок ё оташак (сифилис) шудаанд, бо аксҳояшон ва изи (пайи) ангуштонашон дар феҳристи вижаи вазорати умури дохилӣ ҷой дода шаванд.”

Дар ин хабар омадааст: "Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон доир ба масоили марбут ба ҷиноятҳои ахлоқӣ ва хариду фурӯши одамон бо мақсади истисмори шаҳвонӣ, изҳори нигаронӣ намуда, зикр кард, ки минбаъд тамоми шахсоне, ки бо ҷиноятҳои ахлоқӣ дастгир карда мешаванд, дар феҳристи махсуси Вазорати корҳои дохилӣ, ҳамзамон, ба тариқи электрунӣ бо расмҳояшон сабт шаванд."

Вазири умури дохила ҳамчунин аз кормандони пулиси Тоҷикистон тақозо карда, ки барои ҷилавгирӣ аз фаҳшо ва кашфу муҷозоти афроде, ки ба қочоқи инсон даст мезананд, тадобири ҷиддӣ андешанд.

'Санҷиши ҳамсарони оянда'

Торнамои вазорати умури дохилӣ менавсиад: "Вазири корҳои дохилӣ супориш дод, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ бо мақсади пешгирӣ, ошкор ва муъайян намудани шахсоне, ки ба фоҳишагӣ, даллагӣ, занҷаллобӣ, хариду фурӯши одамон бо мақсади истисмори шаҳвонӣ, ташкил ва нигоҳдории фасодхонаҳо даст мезананд, рейдҳои (амалиёти) махсус ташкил ва гузаронида шавад."

Image copyrightBBC World Service
Image caption Мудофеъони ҳуқуқи башар пешниҳоди оқои Раҳимзодаро ғайримантиқӣ ва ноқизи ҳуқуқи башар арзёбӣ мекунанд

Ҳамзамон, оқои Раҳимзода пешниҳод кардааст, ки ба манзури ҷилавгирӣ аз афзоиши мавориди талоқ дар хонаводаҳо Қонуни хонаводаи Тоҷикистон ислоҳ шавад ва шаҳрвандон битавонанд қабл аз издивоҷ тавассути Вазорати умури дохилӣ "ҳамсари ояндаи худро аз санҷиш гузаронанд."

Рӯшан нест, ки манзур аз "санҷиши ҳамсарони оянда" чист, аммо ба гуфтаи соҳибназарон, пулиси Тоҷикистон мехоҳад ба домодшавандаҳо дар оянда "кумак" кунад, то бо заноне издивоҷ кунанд, ки ба истилоҳ бокира ҳастанд ва номашон дар "феҳристи руспиён" дар ин вазоратхона сабт нашудааст.

Тайи солҳои ахир аз мавориди зиёди талоқ байни завҷҳои ҷавон баъд аз фосилаи кӯтоҳе аз издивоҷи онҳо дар Тоҷикистон гузориш шуда ва бештар домодҳо аз он шикоят кардаанд, ки арӯсонашон гӯё бокира набудаанд. Ин ихтилофҳо гоҳо ба хушунати хонагӣ ва худкушии наварӯсон анҷомидааст.

Мудофеъони ҳуқуқи башар пешниҳоди оқои Раҳимзода дар бораи санҷиш ё муъоянаи қабл аз издивоҷ барои кумак ба таҳкими хонаводаҳоро "ғайримантиқӣ ва ноқизи ҳуқуқи башар" арзёбӣ мекунанд. Яъне, аз диди онҳо, чи тур мешавад ишқро бо "санҷиши иффат", ва он ҳам тавассути пулис, ба даст овард?

Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқдони саршинос, мегӯяд: "Агар ин пешниҳод барои он бошад, ки хонаводаҳои ҷавон мустаҳкам шаванд, ҳеч кумаке намекунад. Агар ин пешниҳодро ба қонун ворид кунем, мавориди барпо намудани оилаҳо кам мешавад ва ҷавонписарону ҷавондухтарон ба ҳамдигар бо шубҳа назар мекунанд. Ин усули демукросӣ ва озодиро зери шубҳа мебарад ва ҳуқуқи мадании шаҳрвандонро помол месозад."

'Мояи хиҷолати миллат'

Ҷаласаи фаврии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва баррасии вазъияти "ҷароими ахлоқӣ" дар он дар ҳоле баргузор шуда, ки рӯзи чаҳоршанбе пулиси Гурҷистон аз боздошти як зани 40-солаи тоҷик ба иттиҳоми даст доштан дар қочоқи инсон ва ҷалби занон ба фаҳшо хабар дод.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Қудратов мегӯяд, ки санҷиш ё муъоянаи қабл аз издивоҷ кумаке ба таҳкими хонавода намекунад

Дар ин хабар омада, ки ин зан бо номи Зарина як зани дигари 26-солаи тоҷикро бо номи Баргигул дар моҳи декабри соли 2012 ба шаҳри Батумии Гурҷистон ворид карда ва ба танфурӯшӣ ё фаҳшо водоштааст.

Ин хабар ба баҳсҳои доғе дар шабакаҳои иҷтимоъӣ доман зад ва бархе аз корбарони интернет иттиҳоми ба фаҳшо машғул шудани занони тоҷик дар Гурҷистонро "мояи нангу хиҷолат барои ин миллати дорои ахлоқу маънавиёти боло" арзёбӣ кардаанд.

Ҳатто иддае аз корбарони муҳофизакори Фейсбук аз Тоҷикистон бархе аз хабарнигоронро барои пӯшиши ин хабари ба гуфтаи онҳо "касиф ва бадномкунандаи миллат" ҳадафи ҳамалоти лафзӣ қарор доданд.

Бархе дигар ҳам интиқодоти тунде ба давлати Тоҷикистон матраҳ карда ва сиёсатҳои ба гуфтаи онҳо нокоромади Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурро, омили фақру фасоди густарда ва тангдастии мардум ва дар натиҷа муҳоҷирати бахши аъзаме аз ҷамъияти ин кишвар хонданд.

Манобеъи огоҳ мегӯянд, садҳо зану духтари тоҷик ба далели зиндагии сангин дар Тоҷикистон "ба доми фиреби гурӯҳҳои мофиёӣ уфтода" ва ба манзури суиистифодаи ҷинсӣ ба Русия ва ҷамоҳири дигари собиқ Шӯравӣ, Афғонистону Покистон ва кишварҳои перомуни халиҷи Форс қочоқ мешаванд.

Матолиби муртабит