Афви Байналмилал: Дар 79 кишвари ҷаҳон аз шиканҷа истифода мешавад

  • 13 Май, 2014
Зиндонии шиканҷашудImage copyrightBBC World Service
Image caption Бархе аз ҳуқуқдонҳо мегӯянд, ки дар Тоҷикистон низ аз шиканҷа ба таври густарда истифода мешавад

Назарпурсии коршиносони Афви Байналмилал собит кардааст, ки 48 дарсади сокинони Русия аз корбурди шиканҷа дар кишварашон ба ҳангоми боздошт бим доранд.

Аксари пурсидашудагон, ки беш аз 80 дарсадро ташкил медиҳанд, ҷонибдори ба тасвиб расидани қавонини сода ва шаффоф барои ҷилавгирӣ аз эъмоли шиканҷа дар кишваршон будаанд.

Таҳқиқоти созмони Афви Байналмилал, ки “Гароиш ба шиканҷа” ном гирифта ва натиҷаи он рӯзи сешанбеи 13 май мунташир шуд, дар 21 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Русия, анҷом гирифтаст.

Дар ҷараёни он, ки аз моҳи декабри соли 2013 то моҳи апрели соли ҷорӣ анҷом шуда, дар маҷмӯъ беш аз 21 ҳазор сокинони ин кишварҳо ба пурсишҳо дар бораи “оё бо истифода аз шиканҷа мувофиқанд ва ё ихтилофи назар доранд ва агар дар кишварашон онҳо боздошт шаванд, оё мутмаин ҳастанд, ки амнияти онҳо таъмин хоҳад буд?” посух додаанд.

Наздик ба 44 дарсад аз посухдиҳандагон гуфтаанд, ки агар боздошт ва ё маҳкум ба зиндон шаванд, аз шиканҷа ваҳшат доранд. Аммо 36 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, ки барои таъмини амнияти мардум дар бархе маворид метавон аз шиканҷа истифода кард.

Бештари посухдиҳандагон гуфтаанд, ки барои маҳви ин падидаи номатлуб бояд қавонине дар бораи мубориза бо шиканҷа тасвиб шавад.

Кунвонсиюни мубориза бо шиканҷа ва ҳар гуна муҷозоти бераҳмона, ғайриинсонӣ ва иҳонатомези Созмони Милали Муттаҳид дар соли 1984 ба тасвиб расид. Ва дар тӯли солҳои гузашта 155 кишвари ҷаҳон ин санадро имзо кардаанд. Тоҷикистон низ ин кунвонсиюнро соли 1995 ба имзо расонд.

Созмони Афви Байналмилал дар 142 кишваре, ки ин санадро имзо кардаанд, таҳқиқоте дар мавриди шиканҷаро анҷом медиҳад. Масъулони ин созмон мегӯянд, ки ҳадди ақал дар 79 кишвар аз ҷумлаи 149 кишвар аз шиканҷа истифода мешавад.

Таҳқиқоти созмони Афви Байналмилал дар ҳоле анҷом мешавад, ки давлати Тоҷикистон ҳамвора барои истифода аз шиканҷа аз сӯйи кормандони интизомӣ ва амниятияш ба ҳангоми боздошти муттаҳамони парвандаҳои ҷиноӣ аз сӯйи созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар ҳадафи интиқод қарор мегирад.

Аммо дар соли 2012 давлати Тоҷикистон моддаи марбут ба шиканҷаро ба қонуни кайфарӣ изофа кард. Дар се соли гузашта чанд нафар аз сокинони боздоштшуда дар ҷараёни бозпурсӣ ҷонҳои худро аз даст додаанд ва пайвандони иддае аз онҳо аз нишонаҳои лату куб дар бадани ин боздоштшудагон шикоят кардаанд.

Ҳамчунин додгоҳҳои Тоҷикистон ҳангоми расидагӣ ба шикоёти бархе аз хешовандони афроде, ки бовар доранд аз шиканҷа ҷон додаанд, иддае аз масъулони ниҳодҳои интизомиро маҳкум ба ҳабс ва муассисоти зидахлро ба пардохти ҷарима водор кардаанд.

Аммо ҳуқуқдонҳо ва мудофеъони ҳуқуқи башар бо ишора ба мавҷудияти мавориди густардаи шиканҷа дар Тоҷикистон ин муҷозотро нокофӣ медонанд.

Матолиби муртабит