Пулис аз боздошти 500 руспӣ дар се рӯзи амалиёти кормандонаш хабар дод

  • 12 Июн, 2014
Полиси тоҷикImage copyrightBBC World Service
Image caption Вазорати дохила дар ин рӯзҳо аз сокинони Тоҷикистон даъват карда буд, ки барои ифшо кардани "бадахлоқии шаҳвонӣ" бо пулис ҳамкорӣ кунанд

Масъулони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯянд, ки дар се рӯзи амалиёти кормандони ин ниҳод алайҳи “бадахлоқии шаҳвонӣ” дар ин кишвар беш аз 500 нафар аз руспиёнро боздошт кардаанд.

Тибқи иттилоъи сойти расмии ин ниҳод, ки рӯзи панҷшанбеи 12 июн пахш шудааст, 12 нафар аз сокинони Тоҷикистон дар содир кардани 16 ҷурми бадахлоқӣ боздошт шудаанд.

Ҳамчунин дар ин давра пулис ду ҷиноятро дар мавриди тавзеъи маводди пурнугрофӣ ифшо карда ва дар мавриди ин ҷиноёт, парвандаҳои ҷиноиро тибқи моддаҳои 238, яъне ҷалби сокинон ба фаҳшо, 239, нигаҳ доштани фоҳишахонаҳо ва 241 тавзеъи маводди пурнугрофии қонуни кайфарии Тоҷикистон боз кардаанд.

Кормандони вазорати умури дохила дар ин давра 26 нафар аз сокинони Тоҷикистонро барои нақзи қонуни шаҳрвандӣ ба пардохти ҷарима водор кардаанд.

Дар иттилоъияи дигари ин вазорат омадааст, ки пулис як сокини 42-солаи шаҳри Душанберо ба занни бадахлоқии шаҳвонӣ алайҳи як кӯдаки ин шаҳр боздошт карданд, ки ин фард, ин амалро дар қиболи як кӯдаки 8-солаи ин шаҳр анҷом додааст.

Дар иттилоъияи пулис омадааст, ки “А.Қурбонов, рӯзи 7 июни соли ҷорӣ бо мақсади қонеъ кардани нафси шаҳвониаш ба ҳуҷраи истиқоматии ноболиғ Ф.Ш. 8-сола, хонандаи мактаби таҳсилоти умумӣ даромада, нисбаташ ҳаракатҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ намудааст.”

Ҳамчунин пулис парвандаи ҷиноии дигареро дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд барои ҳамхобагии як сокини ҷавони ин ноҳия бо духтари ноболиғ боз кардааст.

Кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯянд, ки ахиран онҳо иқдомоти густардаеро барои ошкор кардани мавориди бадахлоқии ҷинсӣ дар сартосари Тоҷикистон рӯйи даст гирифтаанд.

Вазорати дохила дар ин рӯзҳо аз сокинони Тоҷикистон даъват карда буд, ки барои ифшо кардани "бадахлоқии шаҳвонӣ" бо пулис ҳамкорӣ кунанд ва дар сурати шоҳид шудани чунин ҷурм дар маконҳои ба онҳо наздик таввассути телефонӣ боварӣ ба кормандони пулис иттилоъ диҳанд.

Пулиси Тоҷикистон ҳамчунин гуфтааст, ки феҳристи электруники руспиёнро омода мекунад ва дар ин замина аксҳо ва изи (пайи) ангуштонашони ҳамаи афроди боздоштшуда гирифта шуда ва онҳо аз ташхиси пизишкон барои муъайян кардани нишонаҳои бемории таносулӣ хоҳанд гузашт.

Матолиби муртабит