Боздошти як сокини Ҳисор барои тавзеъи видиюҳои пурнугрофӣ
Пулис аз боздошти як сокини ноҳияи Ҳисор, воқеъ дар 30-килуметрии ғарби пойтахти Тоҷикистон ба занни пахш ва тавзеъи видиюҳои пурнугрофӣ хабар додааст.
Тибқи иттилоъи сойти расмии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, Ҷамшед Мирзоеви, 40-сола аз як сол бад ин сӯ машғули пахш ва тавзеъи видиюҳои пурнугрофӣ дар миёни сокинони ноҳия будааст.
Дар ин хабар омадааст, ки таҳқиқоти кормандони пулис мушаххас кардааст, ки оқои Мирзоев ин видиюро бо шаҳрванди дигари 41-солаи ин ноҳия сабт карда ва сипас СД-ҳоро дар миёни сокинон тавзеъ мекардаст.
Пулис мегӯяд, ки далели шайъӣ (СД-ҳо) аз ин муттаҳам дарёфт шудааст ва таҳқиқоти парвандаи ҷиноӣ дар робита ба ин воқеъа идома доштааст.
