Афзоиши ифшои мавориди руспигарӣ дар Тоҷикистон
Image copyrightPAДар чанд рӯзи ахир торнамои пулиси Тоҷикистон аз ошкор шудани чанд мавриди "руспигарӣ" ё фаҳшо дар миёни занон ва "даллагӣ" хабар додааст.
Ин амр ба дунболи баргузории ҷаласаи изтирории ин вазоратхона, ки ба афзоиши ин зуҳурот дар Тоҷикистон иртибот дошт, сурат гирифтааст. Дар ин ҷаласа Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохила, ба кормандонаш дастур додааст, ки муқобала бо ин ҷароимро тақвият диҳанд.
Рӯзи душанбеи 9-уми июн дар торнамои "mvd.tj" чанд хабар дар ин робита мунташир шудааст. Аз ҷумла гуфта шуда, рӯзи 7 июни соли ҷорӣ Шамсия Хоҷаева , соли таваллудаш 1975, сокини ш.Душанбе, ба гумони ташкил ва нигаҳдории "фоҳишахона" боздошт ва дар қиболи хонуми Хоҷаева парвандаи ҷинойӣ боз шудааст.
Гуфта мешавад, ӯ ба ивази 131 сомонӣ манзилашро барои равобити ҷинсӣ дар ихтиёри ду шаҳрванди 31 ва 22 солаи Тоҷикистон гузоштааст.
Дар хабари дигар омадааст, ки Ҳабибуллоев П., сокини бистсолаи ноҳияи Вахш "ҳамчун гумонбар ба амали алоқаи ҷинсӣ" бо шахсе, ки ҳанӯз ба синни 16-солагӣ нарасидааст боздошт шудааст. Ошкор шудааст, ки "номбурда моҳи апрели соли 2014 дар дохили боғи фарҳангии ба номи М.Турсунзода бо ноболиғ Д.С., соли таваллудаш 1998, сокини ҳамин ноҳия, ки ба синни 16-солагӣ нарасидааст, алоқаи ҷинсӣ намудааст".
Дар як хабари дигар гуфта шудааст, ки шаҳрванд Содиқова Б., соли таваллудаш 1976, сокини Душанбе "ҳамчун гумонбар дар ташкил ё нигоҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд. Дастгиршуда манзили истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон: Ҳ.З., соли таваллудаш 1977, сокини н.Ҳисор, С.Б., соли таваллудаш 1982, сокини н.Файзобод ва И.Х., соли таваллудаш 1987, М.Р., соли таваллудаш 1984 сокинони н.Тавилдара барои алоқаи ҷинсӣ шароит фароҳам оварда, аз онҳо маблағи 100 сомонӣ гирифтааст”.
Дар ҳамин ҳол соҳибназарон мегӯянд, ки мушкили руспигарӣ дар Тоҷикистон дар гузашта низ чашмрас буд. Ҳарчанд дар бораи афроди зиёде, ки ба руспигарӣ машғул буданд ва ё суроғаи руспихонаҳоро медонистанд, гузориш шуда буд, аммо ниҳодҳои интизомӣ дар ҷилавгирӣ аз ин амр иқдом намекарданд.
Тибқи гузоришҳо худи занҳои руспӣ дар сӯҳбатҳо бо хабарнигорон далели даст задани худ ба ин шуғлро мушкили фаровони иқтисодӣ дар зиндагии худ унвон мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки наметавонанд тӯли солҳо барои бароварда сохтани ниёзҳои хонаводаи худ шуғли муносиб бо ҳуқуқи сазовор дарёфт кунанд.
Ҳамакнун вазири умури дохилаи Тоҷикистон дар садад аст бо ин зуҳурот муқобала кунад.
