Сирқати маблағи ҳангуфт бо пошидани мурч бар рӯйи ронанда

  • 3 Июн, 2014

Пулис мегӯяд, ки ду сокини ноҳияи Истаравшани вилояти Суғдро барои сирқати маблағи хангуфт аз як сокини дигари ин ноҳия боздошт кардааст.

Дар хабари сойти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон , ки рӯзи сешанбеи 3 июн пахш шудааст, омадааст, ки ин ду фарди муттаҳам барои ҳамла ба Абдуғаффор Мирзобоқизода, соҳиби пул аз филфил ё мурҷ истифода кардаанд.

Дар ин хабар бо нақли қавл аз шикояти оқои Мирзобоқизода, омадааст, ки рӯзи 31 май ду фарди номаълум ба зӯр вориди худрави ӯ шуда ва ба чеҳраи ӯ филфил пош дода мошинро ба самти дигаре бурдаанд.

Сипас ин ду фард вайро лату кӯб карда аз дохили худрав маблағи 100 ҳазор дулорро ба сирқат бурдаанд.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд кормандони пулиси шаҳри Истаравшан дар робита ба ин воқеъа амалиёти вижаи боздоштро роҳандозӣ карда ва дар натиҷа Қаҳҳор Ҷалолови 29-сола ва Шӯҳрат Абдуазимови 34-соларо, ки сокинони ноҳияи Истравшани вилояти Суғд ҳастанд, боздошт кардаанд.

Пулиси ин ноҳия гуфтааст, ки далели шайъӣ (маблағ) қисман аз онҳо дарёфт шудааст ва таҳқиқоти парвандаи ҷиноӣ дар робита ба ин воқеъа идома доштааст.

Ҳамчунин ба гуфтаи бозрасон Қаҳҳор Ҷалолов яке аз муттаҳмонт ин ҷурмро додгоҳ дар гузашта низ барои содир кардани ҷароим равонаи зиндон карда будааст.