Ҳазорҳо зиндонӣ дар Тоҷикистон афв хоҳанд шуд

  • 20 Октябр, 2014
АфвImage copyrightBBC World Service
Image caption Бар асоси қонуни ҷадиди афв беш аз 10 ҳазор нафар мавриди афв қарор хоҳанд гирифт

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 20 октябр, тарҳи Қонуни афвро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони ин кишвар фиристодааст.

Тибқи иттилоъи муқаддамотӣ, дар чорчӯби ин санад беш аз 10 ҳазор зиндонӣ ва афроди мазнун дар иртикоби ҷароими мухталиф мавриди афв қарор хоҳанд гирифт.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ин иқдом дар иртибот ба 20-умин солгарди тасвиби Қонуни асосии кишвар ва ба манзури “инсондӯстӣ, раҳму шафқат ва бахшидани гуноҳҳо” сурат гирифтааст.

Тибқи тафсири дафтари матбуъотии раёсати ҷумҳурӣ, ин қонун зиндонёни зан, мардони синни болои 55 сол, собиқадорони Ҷанги Ҷаҳонии Дуюму ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон, осебдидагон бар асари муҳор сохтани фалокати нерӯгоҳи атумии Чернобил, афроди мубталои амрози саратон, сил, қалб ва ҷавонони аз хидмати сарбозӣ саркашикардаро таҳти пӯшиш хоҳад гирифт.

Ҳамчунин, афроде, ки муртакиби ҷароми сангин нашуда ва аз “беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд”, мавриди афв қарор хоҳанд гирифт.

Дар ҳамин ҳол, афроде, ки барои иртикоби ҷароими сангине чун одамкушӣ, таҷовуз ба номус, хиёнат ба ватан, талош барои ғасби ҳокимият, даъват барои тағйири низоми давлатӣ аз тариқи зӯр, ҷосусӣ, тахрибкорӣ ва террурисм зиндонӣ шудаанд, ба феҳристи афв шомил нахоҳанд шуд.

Қонуни афви феълӣ 14-умин қонуни авф дар Тоҷикистон аст, ки аз замони касби истиқоли ин кишвар дар соли 1991 то ба ҳол тасвиб шудааст.

Қонуни афви ахир дар соли 2011, дар иртибот ба 20-умин солгарди истиқоли Тоҷикистон эълом шуда, дар чорчӯби ин санад 4300 зиндонӣ озод шуда ва муддати ҳабси беш аз 5 ҳазор зиндонӣ коҳиш ёфта буд.

Ҳанӯз рӯшан нест, ки зиндониёни саршиносе чун Ёқуб Салимов, вазири пешини дохила, Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи пешини Горди миллӣ, Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раиси пешини ширкати “Тоҷикгоз” ва раҳбари Ҳизби демукроти ин кишвар ва Зайд Саидов, соҳибкори маъруф ба Қонуни афви феълӣ шомил хоҳанд шуд ё хайр.

Матолиби муртабит