Порлумони Тоҷикистон Қонуни ҷадиди афвро тасвиб кард

  • 29 Октябр, 2014
ПорлумонImage copyrightBBC World Service
Image caption Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон Қонуни афвро тасвиб кард

Порлумони Тоҷикистон Қонуни афвро, ки аз ҷониби раиси ҷумҳурӣ дар иртибот бо бистумин солгарди тасвиби Қонуни асосии ин кишвар пешниҳод шуда буд, бо аксарияти кулли оро тасвиб кард.

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, ки рӯзи чаҳоршанбеи 29 октябр тарҳи Қонуни афвро дар иҷлоси порлумон шарҳ медод, гуфт, ки дар назар аст, дар чорчӯби ин санад беш аз 10 ҳазор зиндонӣ ва афроди мазнун дар иртикоби ҷароим мавриди афв қарор бигиранд.

Оқои Салимзода таъкид кард, ки дар қадами аввал зиндониён ва афроди мазнун дар ҷароими синни болои 55 сол, занону ноболиғон, куҳнасарбозони Ҷанги Ҷаҳониии Дувум, осебдидагони сонеҳа дар нерӯгоҳи атумии Чернобил ва ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон ва зиндониёни мубтало ба амрози саратон, бемориҳои қалбӣ ва сил (теъдодашон 112 нафар) афв хоҳанд шуд.

Ҳамчунин, афроде, ки муртакиби ҷароми сангин нашуда ва аз “беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд”, атбоъи хориҷӣ ва ҷавононе, ки аз хидмати сарбозӣ саркашӣ кардааанд ё худсарона ягони низомиро тарк карда, аммо баъдан ба хидмат баргаштаанд, мавриди афв қарор хоҳанд гирифт.

Ҳамаи маҳкумшудагоне, ки аз муддати ҷазояшон як солу шаш моҳ боқӣ монда ва муртакиби ҷароими сангин нашудаанд, аз зиндон озод хоҳанд шуд. Зиндониён ва афроде, ки барои тасарруфи амвол ё маболиғ маҳкум ё боздошт шудаанд, дар сурати пардохт ё пардохти ғаромат мавриди афв қарор хоҳанд гирифт.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи додситони кулли Тоҷикистон, афроде, ки барои иртикоби ҷароими сангине чун одамкушӣ, таҷовуз ба номус, хиёнат ба ватан, талош барои ғасби ҳокимият, даъват ба тағйири низоми давлатӣ аз роҳи зӯр, ҷосусӣ, тахрибкорӣ ва терурисм зиндонӣ шудаанд, афв нахоҳанд шуд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Салимзода гуфт, ки Қонуни афв шомили ҳоли атбоъи хориҷӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон низ хоҳад шуд

Зиндониёне низ, ки қаблан бар асоси Қонуни афв беш аз ду маротиба озод шуда ва сипас, муртакиби ҷароим шудаанд, тибқи ин санади ҳуқуқӣ аз ҳаққи афв маҳрум шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Шодӣ Шабдолов ва Муҳиддин Кабирӣ, аъзои порлумон ва раҳбарони аҳзоби кумунист ва наҳзати исломӣ, аз имкони мавориди фасод ва ришваситонӣ дар раванди иҷрои Қонуни афв аз ҷониби мақомоти ниҳодҳои зирабт ҳушдор доданд.

Ба гуфтаи оқои Кабирӣ, ба ҳангоми иҷрои қонунҳои афви қаблӣ мавориди дарёфти ришва барои изофа кардани зиндониён ба феҳристи афв ба мушоҳида расида буд.

Пешниҳод шуд, то барои иҷрои шаффофи Қонуни афв дар Идораи зиндонҳо, додгоҳҳо ва ниҳодҳои бозрасӣ, ки иҷрои Қонуни афвро ба уҳда доранд, гурӯҳҳои кории мураккаб аз ҳуқуқдонҳои мустақил ва аъзои порлумон фаъъолият карда ва то замони иҷрои комили ин санади ҳуқуқӣ бар раванди иҷрои он назорат кунанд.

Ҷумъаи Давлат, ёвари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ба навбаи худ гуфт, ки ба манзури ҷилавгирӣ аз мавориди фасод дар иҷрои Қонуни афв ва назорат бар иҷрои он тарҳи амри раиси ҷумҳурӣ омода шуда ва дар ин санад таъсиси кумисиюни вижае дар сатҳи баланд пешбинӣ шудааст, ки он “иҷрои санади афвро дар ҳар моҳ назорату ҷамъбаст карда ва ба раиси ҷумҳурӣ пешниҳод мекунад."

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Кабирӣ гуфт, ки ба ҳангоми иҷрои Қонунҳои афви қаблӣ мавориди дарёфти ришва барои афви зиндониён ба мушоҳида расида буд

Ҳанӯз рӯшан нест, ки зиндониёни саршиносе чун Ёқуб Салимов, вазири пешини дохила, Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи пешини Горди миллӣ, Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раиси пешини ширкати “Тоҷикгоз” ва раҳбари Ҳизби демукрот, ва Зайд Саидов, тоҷири маъруф, афв хоҳанд шуд ё хайр.

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, дар посух ба ин суол гуфт, ки қазияи ҳар зиндонӣ ва боздоштшуда барои афв ба таври инфиродӣ баррасӣ шуда ва дар сурати даст надоштани ин афрод дар ҷароими сангин онҳо озод ё муддати ҷазояшон кам хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз ҳуқуқдонҳои мустақил мегӯянд, ки бештари муфодди Қонуни афви феълӣ норӯшан ё духӯра буда ва онҳоро ба ҳар навъ ташреҳ кардан мумкин аст.

Масалан, ба гуфтаи онҳо, дар ин санад афви мардони синни болои 55 сол ва маълул пешбинӣ шуда, аммо Зайд Саидов, тоҷири маъруфи зиндонӣ, ки мусину маълул аст, мумкин аст афв нашавад. Оқои Саидов дар таҷовуз ба номуси духтаре ноболиғ низ муттаҳам шудааст, ки тибқи ин қонун мавриди афв қарор нахоҳад гирифт.

Қонуни афви феълӣ 16-умин қонуни авф дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки аз замони касби истиқоли ин кишвар дар соли 1991 то ба ҳол тасвиб шуда ва бар асоси онҳо 100 ҳазору 214 нафар афв шудаанд.

Қонуни афви ахир дар соли 2011, дар иртибот ба 20-умин солгарди истиқоли Тоҷикистон эълом шуда, дар чорчӯби ин санад 4300 зиндонӣ озод шуда ва муддати ҳабси беш аз панҷ ҳазор зиндонӣ коҳиш ёфта буд.

Матолиби муртабит