АБ: Бо фаъъоли мухолифини давлати Тоҷикистон дар боздоштгоҳ бадрафторӣ мешавад

Созмони Афви Байналмилал (АБ) аз созмонҳои байналмилалии муътабари дифоъ аз ҳуқуқи башар бо интишори баёнияе гуфтааст, яке аз фаъъолони мухолифони давлати Тоҷикистон дар боздоштгоҳ мавриди бадрафторӣ қарор гирифтааст.
Ин созмон гуфтааст ин узви ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба сурати дастурӣ аз таърихи 30 октябр дар боздоштгоҳ нигаҳдорӣ мешавад.
Аъзои хонаводаи ӯ гуфтаанд, ҳанӯз имкони мулоқот ва дидорро бо Умед Тоҷиев надоранд ва ӯ тайи замони боздошт мавриди шиканҷа ва бадрафторӣ қарор гирифтааст.
Онҳо мегӯянд ӯ тамоси маҳдуде бо вакили мудофеъе доранд, ки хонавода барояш интихоб кардааст.
Наздикони оқои Тоҷиев гуфтаанд ӯ дастрасӣ ба имконоти муносиби табобат надорад.
Созмони Афви Байналмилал менависад Умед Тоҷиев, узви ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба таърихи 30 октябр дар бозоре дар устони Суғд боздошт шуд.
Гузоришҳои расонаҳои маҳаллӣ ҳокӣ аст, ки нисбати пулис нофармонӣ кардааст ва ба ҳамин далел додгоҳи ноҳияи Исфара ӯро ба даҳ рӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кардааст.
Аммо гузоришҳо ҳокӣ аст, ки ӯ таҳти фишор водор шудааст "террурист" буданро эътироф кунад.
Афви Байналмилал менависад тайи замони 30 октябр то 2 ноябр чанд маъмури пулис, аз ҷумла раиси бахши умури дохилаи ноҳияи Исфара ба сари ӯ халтаи палостикӣ гузоштаанд, аз хоб, ғазо ва ошомиданӣ рафтан маҳрумаш кардаанд ва аз шуки барқӣ нисбати ӯ истифода кардаанд. Онҳо ба ҳадафи он ки нишонаҳои шуки барқӣ боқӣ намонад аз порчаи тар рӯи баданаш истифода кардаанд.
Ба асари чунин бархурд оқои Тоҷиев аз табақаи савуми сохтмони бахши умури дохила худро ба берун парт кардааст.
Оқои Тоҷиев гуфтааст: "Ман фарде мазҳабӣ ҳастам ва медонам, ки худкушӣ гуноҳ аст, аммо ман чораи дигаре надоштам. Ман ниёз доштам ки таваҷҷуҳи умумро ҷалб кунам, чун дарк кардам, ки касе ба додам нахоҳад расид. Ман мехостам эътирози худро алайҳи рафтори ғайриқонунии пулис нишон диҳам."
Гузоришҳо ҳокӣ аст, ки оқои Тоҷиев бо пойҳои шикаста тайи чаҳор рӯз дар бемористон бистарӣ шуда ва ба таърихи 5 ноябр дар боздоштгоҳи муваққат қарор дода шуд.
Агарчи Умед Тоҷиев таҳти мушоҳидаи пизишки боздоштгоҳ буда, вале хонаводааш гуфтаанд ӯ аз имконоти муносиби дармонӣ бархурдор набудааст.
Созмони Афви Байналмилал мегӯяд агарчи хонаводааш барои ӯ ду вакил интихоб кардааст, вале талошҳои онҳо бо муваккилашон бо ҷавоби радди мақомот рӯбарӯ шудааст.
Ин дар ҳоле аст ки гузориш шуда пулис барои оқои Тоҷиев вакил истихдом кардааст ва хостааст ин вакили мудофеъ аз ӯ дар ҷараёни бозрасӣ намояндагӣ кунад.
Ин созмон менависад оқои Тоҷиев танҳо рӯзи 13 ноябр тавонистааст вакили баргузидаи худро мулоқот кунад.
Яке аз вукало гуфтааст оқои Тоҷиевро дар ҳоле дидааст, ки ӯро дигарон ҳамл карда вориди утоқ кардаанд ва ӯ гиряву нола мекардааст.
Ин вакил гуфтааст ӯ таҳти фишор маҷбур ба эътирофи ҷурм шудааст.
Созмони Авфи Байналмилал гуфтааст аз нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ғолибан ба ҳангоми таъқиби гурӯҳҳое, ки хатар барои амнияти миллӣ талаққӣ мешаванд ва афроди бегуноҳ дар амалиёти саркӯбгарона боздошт мешаванд, нигарон аст.
Ин ниҳоди байналмилалӣ гуфта таҳқиқоташ нишон медиҳад, ки аҳдофи хоси мақомот ҷунбишҳои мазҳабӣ ва гурӯҳ ва аҳзоби исломӣ ҳастанд ва афроди муттаҳам ба ифротгароии исломӣ дар маърази шиканҷа ва бадрафториҳои дигар дар Тоҷикистон ҳастанд.
АБ мегӯяд ин созмон аз гузоришҳои пайи ҳам дар бораи шиканҷаи рӯзмарра ва бадрафториҳои дигари боздоштшудагон ба иттиҳомоти марбут ба амнияти миллӣ ва ифротгароии мазҳабӣ дар боздоштгоҳҳои Вазорати умури дохила ва Кумитаи давлатии Амнияти Миллӣ нигарон аст.
Вукалои мудофеъ ба ин ниҳоди ҳуқуқибашарӣ гуфтаанд, ки дастрасӣ ба муваккилонашон ба хусус дар боздоштгоҳҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бисёр мушкил аст.
Афви Байналмилал навиштааст қонун қавоъиди бархурди маъмурон бо боздоштиёнро дар боздоштгоҳҳо, аз ҷумла боздоштгоҳҳои Кумитаи давлатии амнияти миллиро мушаххас кардааст. Аммо ин созмон мегӯяд гузоришҳое дар даст аст, ки дар мавриди парвандаҳои ҳассос барои давр задани муқаррароти боздоштгоҳҳо мақомот дастурҳои шифоҳӣ медиҳанд, ки аз назари ом пинҳон нигаҳ дошта мешаванд.
АБ мегӯяд ба назар мерасад дар чунин маворид дастрасии фарди бодоштшуда ба вакили мудофеъ ва дар кулл бо ҷаҳони хориҷ мушкил мешавад, ки саранҷом боъиси маҳрумияти зиндонӣ аз имкони муқобала бо шиканҷа ва бадрафторӣ мешавад.
Созмони Афви Байналмилал бо интишори ин баёния аз афрод даъват кардааст то аз мақомоти Тоҷикистон бихоҳанд:
Ин бори нахуст нест, ки аъзои ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон, аз аҳзоби умдаи мухолифи давлат таҳти таъқиби қазоӣ қарор мегиранд ва шиканҷа нисбати онҳо гузориш мешавад. Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон боздошти аъзои худро дорои ангезаи сиёсӣ хондааст.
Ин баёнияи Афви Байналмилал ҳудуди 10 рӯз баъд аз ирсоли ёддошти ин созмон ба Эмомалӣ Раҳмон мунташир мешавад, ки дар он ба оқои Раҳмон тавсия карда буд ҳуқуқи башарро дар меҳвари барномаи раёсати ҳафт соли ояндаи худ гузорад ва ба мавориди густардаи нақзи ҳуқуқи башар поён бидиҳад.
