Вазири адлия: 'Мавориди худкушӣ дар зиндонҳо имсол сабт нашудааст'

  • 23 Июл, 2014
Рустами ШоҳмуродImage copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Шоҳмурод мегӯяд, ки мавориди худкушӣ ва дигар мавориди марги иҷборӣ дар маҳбасхонаҳои Тоҷикистон сабт нашудааст

Вазорати додгустарии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар зиндонҳои ин кишвар 45 нафар аз маҳбусон дар шароити мухталиф ҷонҳои худро аз даст додаанд.

Рустами Шоҳмурод, вазири додгустарӣ, рӯзи чаҳоршанбеи 23 июл дар як нишасти матбӯъотӣ гуфт, ки бештари ин афрод аз бемориҳои гуногун фавт кардаанд.

Вай афзуд: "Мо санади вижа бо Вазорати тандурустӣ дорем ва назорат бар ин масъаларо худи масъулони вазорати тандурустӣ бар уҳда доранд. То ҷое ки хабар дорам, маҳбусон бештар аз бемориҳои мухталиф, назири сил ва дигар бемориҳо ҷон додаанд."

Ин дар ҳолест, ки пештар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоъии Тоҷикистон аз ҳузури 700 фарди ҳомили вируси Эйч-ой-вӣ ва мубтало ба бемории СПИД дар зиндонҳои ин кишвар хабар дода буд.

Оқои Шоҳмурод мегӯяд, ки мавориди худкушӣ ва дигар мавориди марги иҷборӣ дар маҳбасхонаҳои Тоҷикистон дар соли ҷорӣ сабт нашудааст.

Вай дар ин бора дар ҳоле сухан мегуфт, ки бисёре аз созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар аз мавориди зиёди шиканҷа ва хушунат алайҳи зиндониён дар маҳбасхонаҳои ин кишвар интиқод мекунанд.

Аз сӯйи дигар, бисёре аз расонаҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ аз вазъи бади беҳдоштӣ ва суитағзия дар зиндонҳо, бахусус ибтилои зиндониён ба бемории сил, ҳамвора гузориш медиҳанд.

Ҳамчунин, созмони Салиби Сурх аз давлати Тоҷикистон аз чанд сол пеш ба ин сӯ дархост карда, ки боздиди кормандони ин созмон аз зиндонҳои ин кишвар ва мулоқоти як ба яки онҳо бо зиндониёнро иҷоза диҳанд.

Аммо давлати Тоҷикистон ҳанӯз ба ин дархост посухи мусбат надодааст.

Вазири додгустарӣ ё адлияи Тҷоикистон мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир дар беш аз 10 муассисаи баста бо шумули боздоштгоҳҳои ин кишвар беш аз 10 ҳазор нафар аз зиндониён ба сар мебаранд.

Аз ин шумор ҳудуди 300 нафарро занону духтарон ва 69 нафари дигарро афроди зери синни қонунӣ ташкил медиҳанд.

Матолиби муртабит