Додситонии Суғд: 'Маҳмадулло Холов аз сактаи қалбӣ ҷон дод'
Image copyrightBBC World ServiceМасъулони додситонӣ дар вилояти Суғди Тоҷикистон мегӯянд, ки омили марги Маҳмадулло Холов, як маҳбуси боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд, маркази ин вилоят, сактаи қалбӣ будааст.
Як манбаъ аз додситонӣ гуфт, ки ин маҳбус 9 майи соли ҷорӣ дар боздошгоҳ ҷон дода ва ташхиси пизишки қонунии вилоят ҳокӣ аз он, ки сабаби марги Холов сактаи қалбӣ будааст. Ҳамчунин ӯ гуфт, ки ин маҳбус аз қабл гирифтори бемории қалб будааст.
Ин манбаъ, ки нахост номаш ифшо шавад, мегӯяд, ки ин зиндонӣ ҳудуди як моҳ қабл фавт карда ва дар ин муддат дар робита бо марги ӯ дар боздоштгоҳ ҳеҷ касе ба ниҳоди онҳо шикоят наовардааст.
Ба гуфтаи як манбаъи огоҳ, Маҳмадулло Холов баъд аз ду ҳафтаи маҳкумият ба зиндон дар боздоштгоҳ ҷон додааст.
Додгоҳи вилояти Суғди Тоҷикистон Маҳмадулло Холовро дар моҳи апрели соли ҷорӣ тибқи моддаи 137 (қисми се)-и Қонуни кайфарии Тоҷикистон, дар таҷовуз ба номуси афроди ноболиғ муҷрим шинохта ва ӯро барои 21 сол равонаи зиндон кардааст.
Гуфта мешавад, ки вай дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳӣ иттиҳоми ворида алайҳи худро рад карда ва аммо гуфтааст, ки духтарандаронаш ӯро таҳрик ба ҳамхобагӣ кардаанд.
Дар моҳи феврали соли ҷорӣ кормандони интизомии Тоҷикистон дар барномае тавассути телевизиюни давлатии ин кишвар бо намоиши тасвири марде аз боздошти вай ба иттиҳоми таҷовуз ба номуси ду духтарандари ноболиғаш хабар дода буданд.
Кумитеи давлатии амнияти миллӣ ин мардро аз аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ), умдатарин ҳизби мухолиф дар Тоҷикистон, муъаррифӣ кард, вале раҳбарони ин ҳизб бо пахши баёнияе ин иддаъоро рад карданд ва гуфтанд, ки Маҳмадулло Холов ҳеҷ вақт узви ин ҳизб набудааст.
Дар гузорише, ки шаби гузашта (7 ба 8 феврал) шабакаҳои телевизиюни давлатии Тоҷикистон пахш карданд ва видеуи он дар шабакаҳои иҷтимоъӣ низ мунташир шуд, ин мард Маҳмадулло Холов, мутаваллиди соли 1950 ва зодаи деҳаи Обигарми ноҳияи Ҳисор муъаррифӣ шуд.
Тибқи ин гузориш, оқои Холов ҳамсар ва панҷ фарзандашро дар деҳаи худ гузошта ва ҳудуди даҳ сол пеш ба устони Суғд, воқеъ дар шимоли Тоҷикистон, муҳоҷират кардааст. Вай соли 2004 бо Мунира Тухтаева, як сокини шаҳри Исфара, издивоҷ карда ва ба маҳалли зисти ӯ кӯчидааст.
Оқои Холов муттаҳам шудааст, ки зимни баргузории "ҷаласоти дармонӣ" бо истифода аз доруҳои беҳушӣ ва зӯру хушунат нахуст ба номуси духтарандари 17-солааш Мадина ва баъд аз ҳомила шудани ӯ ба номуси духтарандари 13-солааш Рухшона борҳо таҷовуз кардааст.
Духтарон дар барномаи телевизиюнӣ аъмоли падарандарашонро таъйид карданд ва худи Маҳмадулло Холов низ дар ҷараёни барномаи телевизиюнӣ гуфт, ки худро дар назди халқ ва қонун гунаҳкор медонад.
