Боздошти марде ба занни таҷовуз ба ду духтарандараш дар Суғд
Image copyrightBBC World ServiceТелевизиюни Тоҷикистон тасвири мардеро нишон дод, ки ба иттиҳоми таҷовуз ба номуси ду духтарандари ноболиғаш дар шимоли ин кишвар боздошт шудааст.
Кумитеи давлатии амнияти миллӣ ин мардро аз аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ), умдатарин ҳизби мухолиф дар Тоҷикистон, муъаррифӣ карда, вале раҳбарони ин ҳизб ин иддаъоро рад кардаанд.
Дар гузорише, ки шаби гузашта (7 ба 8 феврал) шабакаҳои телевизиюни давлатии Тоҷикистон пахш карданд ва видеуи он дар шабакаҳои иҷтимоъӣ низ мунташир шуда, ин мард Маҳмадулло Холов, мутаваллиди соли 1950 ва зодаи деҳаи Обигармии ноҳияи Ҳисор муъаррифӣ шуд.
Тибқи ин гузориш, оқои Холов ҳамсар ва панҷ фарзандашро дар деҳаи худ гузошта ва ҳудуди даҳ сол пеш ба устони Суғд, воқеъ дар шимоли Тоҷикистон, муҳоҷират кардааст. Вай соли 2004 бо Мунира Тухтаева, як сокини шаҳри Исфара, издивоҷ карда ва ба маҳалли зисти ӯ кӯчидааст.
'Табиби мардумӣ'
Замони боздошти Маҳмадулло Холов маълум нест, вале шуғли асосии ӯ мосожист буда ва ӯ ба унвони як табиби мардумӣ дар хонаи падарзанаш дар шаҳри Исфара ба табобати мардуми маҳаллӣ оғоз кардааст.
Хабарнигори телевизиюни давлатӣ дар ин бора гуфт: "Ҳангоми табобат вай аз гиёҳҳои ҳархела ва оёти Қуръони карим истифода мекард. Дар як муддати кӯтоҳ... ба бовари мардуми содаи ноҳияҳои Исфараю Конибодом даромад..."
Оқои Холов муттаҳам шудааст, ки зимни баргузории "сеансҳои табобатӣ" бо истифода аз доруҳои беҳушӣ ва зӯру хушунат нахуст ба номуси духтарандари 17-солааш Мадина ва баъд аз ҳомила шудани ӯ ба номуси духтарандари 13-солааш Рухшона борҳо таҷовуз кардааст.
Яке аз ин духтарон дар телевизиюн гуфт: "Ӯ маро ҳамроҳи хоҳарам ҳар ҳафта банавбат меовард ва дар он ҷо бо зӯрӣ таҷовуз мекард. Вақте ки ба модарам мегуфтам, ӯ маро метарсонд, ки мекушаматон. Моҳи майи соли 2007 ман ҳомила шудам ва 20 январи соли 2008 дар синни 15-солагӣ таваллуд кардам."
Би-би-сӣ наметавонад ин иттиҳомро ба таври мустақил таъйид кунад, вале худи оқои Холов низ, ки дар телевизиюн бо риши буланд, кулоҳи зимистонӣ ва ҷомаи суннатӣ зоҳир шуд, гуфт, ки худро дар назди халқ ва қонун гунаҳкор медонад ва "бибахшед ин гунаҳкорро."
Дар поёни гузориш, хабарнигори телевизиюн иброз дошт, ки бар асоси шариъати исломӣ чунин афроде "маҳкум ба сангсоранд ва шояд акнун вақти он расида бошад, ки" қонуни кайфарии Тоҷикистон ҳам ислоҳ ва бандҳои сахтгиронае алайҳи чунин ҷароими сангин ба он изофа шавад.
'Баҳрагирии сиёсӣ'
Мудофеъони ҳуқуқи башар мегӯянд, ки хушунату озори ҷинсӣ ва таҷовуз ба номуси духтарони ҷавону ноболиғ аз сӯйи ақвоми мардашон дар Тоҷикистон ба таври густарда роиҷ аст. Бавижа, духтарони ноболиғ ва ятиму бесарпараст дастхуши озору таҷовузи ҷинсии паяндаронашон қарор мегиранд.
Вале аз тарси интиқомҷӯии мардон ва ё ангуштнамо нашудан дар ҷомеъаи суннатии Тоҷикистон бисёре аз қурбониёни таҷовуз ва озори ҷинсӣ дар ин бора ба касе лаб намегушоянд. Дар натиҷа, бисёре аз ин гуна ҷароим нуҳуфта боқӣ мемонад.
Гузориши дишаби телевизиюнҳои давлатӣ аз мавориди нодири матраҳ шудани ин гуна ҷароим дар Тоҷикистон аст. Аммо ба гуфтаи соҳибназарон, ончи дар бораи ин гузориш бештар баҳсбарангез шуда, на мавзӯъи хушунат ва озори ҷинсии духтарони ноболиғ, балки як навъ "баҳрагирии сиёсӣ" аз он аст.
Зимни пахши ин гузориш, хабарнигори телевизиюни давлатӣ эълом кард, ки ин мард аз аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ аст ва дар тадобири таблиғотии ин ҳизб дар шимоли Тоҷикистон ширкат меварзид. Телевизиюн ҳамчунин корти узвиятеро нишон дод, ки ба ҳизби наҳзати исломӣ муртабит дониста шуд.
Марди муттаҳам ба таҷовуз низ ин иддаъоро таъйид кард, ҳарчанд маълум набуд, ки то чи ҳадде таҳти фишор ё иҷбор қарор дорад: "Соли 1991 узви Ҳизби наҳзати исломӣ шудам. Якчанд одамонро ба ин ҳизб даъват кардам."
Дар вокуниш ба ин хабар, раҳбарони Ҳизби наҳзати исломӣ, ки бонуфузтарин ҳизби мухолиф дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ин иддаъоро рад карда ва гуфтаанд, ки "ин амали бофтаву сохтаи мақомоти қудратӣ ва давоми силсиланамоишҳои зиддинаҳзатӣ мебошад."
'Барномаи зиддинаҳзатӣ'
Дар баёнияе, ки рӯзи шанбе дар торнамои расмии ин ҳизб мунташир шуд, омадааст, ки Маҳмадулло Холов "ҳеч гоҳ узви ҲНИТ набуд ва дар рӯйхати ҳизб шахсияте бо ин ному насаб сабти ном нашудааст."
Ин баёния меафзояд, ки бо муъаррифии ин гуна афрод ба унвони аъзои ҲНИТ ниҳодҳои зирабти давлатӣ мехоҳанд, ки ин ҳизбро "бадном сохта, ба ҳайсияту обрӯи он латма ворид намоянд."
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, ҳам суҳби рӯзи шанбе ҷаласае бо фаъъолони ҳизбӣ доир карда ва гузориши дишаби телевизиюнро ҷузъи барномаҳои "зиддинаҳзатии" давлат хондааст. Вай гуфта, ки ин гузориш "аз вуҷуди захираи хуби барномаҳои зидди Ҳизби наҳзат дар дасташон дарак медиҳад."
Зимнан, барои бори нахуст нест, ки телевизиюнҳои давлатии Тоҷикиситон аз "даст доштани аъзои ҲНИТ" дар ҷароими мухталиф, бавижа таҷовуз ба номуси духтарону писарони ҷавон, гузориш медиҳанд.
Авохири моҳи сентябри гузашта телевизиюнҳои давлатӣ ҷавони 20-солаеро нишон доданд, ки ба иттиҳоми таҷовуз ва қатли кӯдаке ҳаштсола боздошт шуда ва худро узви ҲНИТ муъаррифӣ карда буд.
Он замон ҳам раҳбарони ҲНИТ ин иддаъоро бепоя хонданд ва гуфтанд, ки ин барнома ҷузъе аз таблиғоти давлат алайҳи ин ҳизб дар остонаи интихоботи риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон (7 ноябр) аст.
Дар баёнияи рӯзи шанбеи худ ҲНИТ муъаррифии марди муттаҳам ба таҷовуз ба унвони як узви ин ҳизбро маҳкум карда ва аз мақомоти давлатӣ "хотима додан ба ин амалҳоро ҷиддан тақозо" кардааст.
